САФАРИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ КУМИТА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ КИШВАР

  • Posted on: 6 March 2018
  • By: admin

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баргузори намудани музи мудаввар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба фаҳмонда додани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва омӯзиши Низомномаи намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар байни кормандни соҳа ва раисони комиссияҳои доимию ҷамъиятии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои махсуси кории Кумита ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардиданд.

Тибқи нақша, рӯзи 5-уми март Азизулло Мирзозода - муовини Раиси Кумита, кормандони Кумита Муродалӣ Муҳаммадрасул ва Диловар Шарифзода ба чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафарбар гардиданд.

Дар мулоқот бо кормандни соҳа ва раисони комиссияҳои доимию ҷамъиятии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Куҳистони Мастчоҳ маҷмӯи маосили марбут ба меъёрҳо ва талаботҳои Қонун маврди муҳокима қарор дода шуд. Муовини Раиси Кумита Азизулло Мирзозода ба суолҳои зиёди кормандони соҳа ва фаъолон доир ба тағйироти ахиран ба қонунгузории соҳа воридгардида ва Низомномаи намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ посухҳои қонеъкунанда дод.