ИНСОФ ДАР ТИҶОРАТ НОГУЗИР АСТ

  • Posted on: 29 March 2018
  • By: admin

Ислом бо зуҳури худ ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми байни инсонҳо ва садҳои ғояи ҷовидониро овард, ки бо татбиқи он уммати исломӣ метавонад ҷомеаи аз ҳар ҷиҳат солимро дошта бошад. Аммо,мутаассифона баъзе ба ном «умматон» низ ҳастанд, ки ҳамаи талабот ва шиорҳои аслии исломи мубин, аз ҷумла “муъмин бародари муъмин”-ро нодида гирифта, ба ҳасаду адоват, буғзу кина, найрангу фиреби байниҳамдигарӣ даст мезананд.

Яке аз зуҳуроте, ки ҳамакнун бештари мардум аз он изҳори нороҳатӣ мекунанд, ин ба таври сунъӣ боло рафтани нархҳо дар бозорҳои кишвар мебошад. Зеро бархе аз савдогарони беинсоф ба хотири манфиати зиёди худ нархҳоро гарон менамоянд ва ба ин васила ба мусулмонон азият мерасонанд. Оё ин мусулмонӣ аст? Албатта не! Баланд бардоштани нархи маводи хӯрокворӣ дар шариат «эҳтикор» ном дошта, чунин афрод мавриди иҳонати Парвардигор қарор доранд.

Дар ин робита ба хонанда як силсила оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавиро пешниҳод менамоем, то роыеъ ба он ки доир ба ин масъала Худову Расулаш (с) чӣ мегӯянд, маълумоти бештари дошта бошад:

Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Савдогари росту амин бо пайғамбарону сиддиқону шаҳидон ҳамроҳ аст.

(Ривояти Тирмизӣ, Ҳоким ва Суютӣ).

Аз Абӯқатода ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Дар хариду фурӯш бисёр савганд махӯред. Зеро савгандхӯрӣ агарчи савдоро осон мекунад, вале дар охир ҳамаи фоидаро барбод медиҳад.

                                (Ривояти Муслим, Насоӣ ва Ибни Моҷа).

Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Эй мардумон! Аз Худованди таъоло битарсед. Ба Худо савганд, агар муъмин муъминеро зулм кунад, Худованд рӯзи Қиёмат аз ӯ интиқом мегирад.

  (Ривояти Абд ибни Ҳумайд, Суютӣ ва Манновӣ).

Аз Анас ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Бадтарини одамон рӯзи Қиёмат дар назди Худо касонеанд, ки дар дунё мардум аз шаррашон тарсону ҳаросонанд.

 (Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ).

Кароҳияти савганд хӯрдан дар муомила ҳарчанд ростгӯ бошад

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: Савганд, василаест барои ривоҷ додани матоъ ва василаест барои маҳв кардани (баракати) касб.

Аз Абӯқатода (р) ривоят аст, ки ӯ аз Расули Худо (с) шунид, ки мефармуд: Аз зиёд савганд хӯрдан дар фурӯш бипарҳезед, зеро ин кори тиҷоратро ривоҷ медиҳад ва сипас нобуд мекунад.

Душвор будани ҷазои савганди дурӯғе,

ки аз рӯи қасд бошад

Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Он ки бар моли шахси мусулмон бидуни ҳақ савганд хӯрад, бо Худо рӯ ба рӯ мешавад, дар ҳоле ки бар вай хашмнок аст. Гуфт: сипас Расули Худо (с) мисдоқи онро аз китоби Аллоҳ бар мо хонд:

“Онон ки аҳди Худо ва савгандҳои хешро ба баҳои андак фурӯшанд…” то охири ояти 77-и сураи Оли Имрон.

Аз Абӯумома Иёс ибни Саълабаи Ҳорисӣ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Касе ки ҳақи шахси мусулмонеро қатъ намояд, ҳамоно Худованд дӯзахро бар ӯ воҷиб сохта ва биҳиштро бар ӯ ҳаром мекунад. Марде барояш гуфт: Ва агар чи чизи каме ҳам бошад ё Расулаллоҳ (с)? Фармуд: Ҳарчанд шохаи ароке ҳам бошад.

Шарҳ: Арок номи дарахтест, ки аз чӯби он мисвок таҳия мешавад.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Гуноҳони кабира шарик овардан ба Худо, нофармонии падару модар, куштани нафс ва савганди ғаммуз аст. Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят намудааст ва дар ривояте аз вай омада, ки аъробие хидмати Паёмбар (с) омада ва гуфт: ё Расули Худо (с) гуноҳони кабира кадоманд? Фармуд: Ширк овардан ба Худо. Гуфт: боз кадом? Он ҳазрат (с) фармуд: Ямину-л-ғамус. Гуфт: Ямину-л-ғамус чист? Фармуд: савганде, ки моли шахси мусулмонеро бигирад (яъне, ба савганде, ки ӯ дар он дурӯғгӯ аст).

Захираи гандум ба хотири гарон  намудани нарх мӯҷиби бемориҳои ҳалокатовар хоҳад гардид

Дар ривояте аз «Муснад»-и Имом Аҳмад омадааст, ки: «Боре ҳазрати Умар аз масҷид берун шуд ва дид, ки гандуми зиёде барои фурӯш гузошта шудааст, пурсид:

- Ин гандумҳо аз куҷо оварда шудаанд?

Гуфта шуд:

- Барои фурӯш оварда шудаанд.

Ҳазрати Умар (раз) дуо фармуд:

- Худовандо, дар ин гандум баракат ато фармо.

Мардум гуфтанд:

- Ин гандум барои қимат фурӯхтан пештар захира карда шудааст.

Ҳазрати Умар (раз) пурсид:

- Инҳоро чӣ касе захира намудааст?

Гуфтанд:

- Яке аз онҳо Фаррух-ғуломи Ҳазрати Усмон (раз) ва дигаре ғуломи озодкардаи худат.

Ҳазрати Умар (раз) он ду нафарро даъват кард ва аз онҳо пурсид:

- Чаро ин корро намудед?

Дар посух гуфтанд:

- Мо инҳоро бо амволи худамон харидаем ва акнун ихтиёри онро дорем, ки ҳар тавре бихоҳем, метавонем онҳоро бифурӯшем.

Ҳазрати Умар (раз)  фармуд:

- Ба хубӣ огоҳ шавед, ки аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки мефармуд: «Шахсе ба ин хотир гандумро захира мекунад, то онро бо баҳои бештаре бифурӯшад, Худованд вайро гирифтори бемории ҷузом (саратон) мекунад ва ҳам ин ки ӯро муфлис мегардонад».

Бо шунидани ин ваъид Ҳазрати Фаррух аз ин амалаш тавба намуд, аммо ғуломи озодкардашудаи Ҳазрати Умар (раз) бар ҳамон мавқеи пешинаи худаш истодагарӣ намуд, ки:

- Мо бо моли худамон мехарем, аз ин сабаб ҳар тавре ки муносиб бошад, онҳоро мефурӯшем. Охир чӣ мушкилие дар ин муомила вуҷуд дорад?»

Ровии ҳадис Ҳазрати Яҳё (раҳ) мегӯяд: «Баъдан вайро дидам, ки мубтало ба бемории ҷуззом гардида буд».

Дар китоби Ибни Моҷа ривояте мазкур аст, ки: «Шахсе ба ин хотир гандумро захира мекунад, то баъдан онро бо баҳои гаронтаре ба мардум бифурӯшад, Худованд ӯро муфлис мегардонад ва ё ин ки ӯро ба бемории ҷузом мубтало менамояд».

Фазилати ҷавонмардӣ ва осонгирӣ дар харид ва фурӯш

Худованд мефармояд:

Ва он чи аз хайр анҷом медиҳед, ҳамоно Худованд ба он доност. (Бақара: 215)

Ва аз Шуъайб (а) хабар дода, мегӯяд:

 Ва эй қавм, тамом диҳед паймона ва тарозуро ба инсоф ва кам марасонед ба мардумон чизҳояшонро. (Ҳуд: 85)

Вой бар касоне, ки ҳаққи мардумро мекоҳанд, онон ки чун барои худ паймона кунанд, ба камол ва тамом бигиранд ва чун хоҳанд, ки эшонро паймона диҳанд, зиён расонанд, оё ин гурӯҳ намедонанд, ки онҳо барангехта хоҳанд шуд, дар рӯзи бузург, рӯзе, ки мардум истода шаванд, дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён. (Мутаффифин: 1-6)

 

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки марде хидмати Паёмбар (с) омада аз вай қарзашро талаб карда, ба он ҳазрат (с) сухани сахт гуфт. Асҳобаш (р) қасди танбеҳи ӯро намуданд. Расули Худо (с) фармуд: Раҳояш кунед, зеро барои соҳиби ҳақ гуфтугӯест. Сипас фармуд: Барояш ҳамсинни шутураш шутуре диҳад. Гуфтанд: Ё Расулуллоҳ! Ҷуз беҳтар аз шутурашро намеёбем? Фармуд: Бидиҳедаш! Зеро беҳтари шумо касест, ки беҳтар адо намояд.

Шарҳ: Маънои (барои соҳиби ҳақ гуфтугӯест) ин аст, ки соҳиби ҳақ (қарзхоҳ) одатан ба тарзи хосе сухан мегӯяд. Сухане, ки бартарии ӯро бар қарздор нишон диҳад.

Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Худо раҳмат кунад марди ҷавонмардро, ки ҳар гоҳ бифурӯшад ё харидорӣ кунад ва ё талаб намояд, ҷавонмардиро муроъот кунад.

Аз Абӯқатода (р) ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: Он ки хушаш ояд ин ки Худованд ӯро аз ранҷҳои рӯзи қиёмат наҷот диҳад, бояд мушкили тангдастеро бикшояд (ба ин ки талаби ҳаққашро таъхир намояд) ва ё аз ӯ дар гузарад ва қарзаш ё миқдоре аз онро бибахшад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд; Марде буд, ки ба мардум қарз медод ва ба ходимаш мегуфт: чун назди нодоре рафтӣ аз ӯ даргузар, то шояд Худованд аз мо даргузарад, пас бо Худованд мулоқот намуд ва аз ӯ даргузашт.

Аз Абӯмасъуди Бадрӣ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Марде аз ононе ки пеш аз шумо буданд, мавриди муҳосиба қарор гирифт ва барои ӯ аз хайр чизе дида нашуд, ғайр аз ин ки ӯ бо мардум муомила менамуд ва марде осонгир буд ва хидматгорони худро амр мекард, ки аз нотавон даргузаранд, Худои азза ва ҷалла фармуд: Мо барои ин кор аз вай сазовортарем, аз ӯ даргузарем.

 Аз Ҳузайфа (р) ривоят шуда, ки гуфт: Бандае назди Худои таъоло оварда шуд, ки Худои таъоло ба ӯ мол дода буд ва ӯро фармуд: дар дунё чӣ амал кардӣ? Гуфт: (аз Худованд чизеро пинҳон намекунанд) Гуфт: Парвардигоро! Ту молатро ба ман додӣ ва ман одати гузаштро доштам ва бо сармоядор ва сарватманд осонгирӣ намуда, нодорро мӯҳлат медодам.

Худои таъоло фармуд. Ман ба ин кор аз ту сазовортарам, аз бандаам даргузаред. Сипас Уқба ибни Омир ва Абӯмасъуди Ансорӣ (р) гуфтанд. Мо онро аз даҳони Расули Худо (с) шунидаем.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Он ки фақир ва дармондаеро мӯҳлат дода ва ё аз қарзи ӯ кам кунад, Худои таъоло ӯро дар рӯзи қиёмат дар сояи Арши хеш, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи ӯ нест, ҷой медиҳад.

Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ ва тавфиқу комёбиҳо орзу намуда, ба даргоҳи Худованди мутаол ва Офаридгори замину осмон дуо мекунем, ки амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда гардонад.

Қиёмиддин Насриддинов,

мутахассиси пешбари Кумита