ТАНЗИМ- ИФОДАГАРИ ХАЙРУ БАРАКАТ

  • Posted on: 5 April 2018
  • By: admin

Вақте ки ба маънии луғавии танзим  шинос шудам, дарёфтам, ки  маънояш ба низом даровардан, ба як тартиби муайян даровардани амали анҷомдодашуда будааст. Дар таърих омадааст, ки танзим аз қадимулайём ба зиндагиву фаъолияти инсонҳо рабти хело наздик доштааст. Зиндагонии одамон тавре  мегузарад, ки доимо тағйирпазир аст ва ҳамаи инсонҳоро лозим аст, ки фаъолиятҳои худро ба давру замони махсус созгор намоянд. Ба ҳамин хотир, агар мо нисбат ба харҷу хароҷоти худ бепарво бошем, ин ба худи мо ва ҳаёти рӯзгорддориамон зиён меоварад. Агар ба паҳлуҳои дигари оиладорӣ назар афканем, ҳамаи фаъолияте, ки дорем, ба танзим  эҳтиёҷ дорад. Ба ҳамин хотир, мо бояд ҷилави корро ба дастамон гирифта тавонем. Имрўз таваҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риояи танзим ба сарфаю сариштакорӣ дар мадди аввал қарор дорад. Таърих исбот сохтааст, ки сиёсатмадорони давру замон ба танзими рӯзгорони мардуми хеш диққати ҷидддӣ дода, тамоми чораҳои заруриро  барои аз байн бурдани исрофкорӣ андешидаанд. Ин аст, ки ба бахти халқи тоҷик Худованд сарваре ато кард, ки тамоми паҳлуҳои оиладорӣ  ва камбудиҳое, ки дар рузгори мардум ҷо дошт, дар доираи сиёсати инсонпарваронаи худ фаро гирифт. Албатта барои ҳар як сокини ин кишвар боиси ифтихору саодатмандӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ғамхори миллат ва ҳимоятгари  ҳуқуқҳои сокинони кишвар дар баробари дигар ғамхориҳо дар масъалаи танзими расму оинҳо ва роҳ надодан ба исрофкориҳои беҳуда ва ноил гардидан ба зиндагии шоиста таваҷуҳи хоса дорад. Маҳз тавасути сиёсати хираддмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 10-сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Натиҷаҳо нишон доданд, ки баъди қабули қонуни мазкур як таконе дар ҳар як оила ба вуҷуд омад, меъёрҳои Қонун боиси беҳтар гардидани зиндагӣ гардид, аз ҳама муҳимаш хайру баракат дар ҳама ҷо фаровонтар шуд. 

Дар рафти беш аз 10 соли татбиқи Қонун ду маротиба ба он тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки ин ҳам шаҳодат онро медиҳад, ки   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то мардум тавонанд пешниҳоддҳои қобили қабули худро барои боз ҳам бо маданияти баланд баргузор намудани маъракаҳо рӯи кор оваранд. Ва ин аст, қонуни мардумӣ ҳоло ба сифати дастурамал ва роҳнамо ба сокинони кишвар хизмат менамояд. Имрӯз Тоҷикистони моро дар арсаи ҷаҳони бо шарофати Президенти маҳбуби кишвар мешиносанд ва моро зарур аст, ки анъана ва ҷашну маросмҳоро, ки арзишҳои маънавии ҳар халқу миллат маҳсуб меёбанд, ҳифз намуда, дар сатҳи олӣ нигоҳҳ дорем, чунки тоҷикон яке аз қадимтарин халқи ҷаҳон дар доштани фарҳангу  маданият ба ҳисоб меравад. Барои пос доштани анъанаву расму оинҳо моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Ба ҳамагон маълум аст, ки як даврае фаро расида буд, ки расму оинҳои миллии мо фарогири расму анъанаҳои бегона шуда, ба хурофотпарастӣ, худнамоишдиҳӣ, сабқатҳои ноҷо дар оростани дастархонҳо оварда расонид. Ҳамаи ин камбудиҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бартараф сохт. Исботи ин гуфтаҳо дар  дар суханронии  Пешвои миллат ба ифтихори 10-солагии қабули ин санади муҳим омадааст, «бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои  миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи ҳурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».

Ногуфта намонад, ки моҳияти ин қонун танҳо ба танзим даровардани расму оинҳо нест, балки он дар инкишофи доираи ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маданияти маъракаороӣ,  эҳтироми якдигар, ҳифзи фарҳанги миллӣ мусоидат намуд. Ба шарофати қонуни мазкур бегонапарастӣ, худнамоишдиҳӣ ва исрофкориҳои беҳуда қариб аз байн рафт. Мардум аллакай ба сарфаю сариштакорӣ, ба риояи  одоби маъракаороӣ  таваҷуҳи зиёд дода истодаанд. Баъзе занону модарони мо, ки сабқати беандоза доштанд, аз ин сабқатҳо даст кашидаанд ва ҳис намуданд, ки исрофкориҳои беҳуда, худнамоишдиҳиҳо  зиён асту халос.  Ман на ҳамчун масъули ҳамин соҳа, балки ҳамчун як зан, моддар  даъват ба амал меовардам, ки дар риояи Қонуни мазкур ҳама сарҷамъона дастбакор бошем, нигорон аз он набошем, ки касе ё масъуле омада аз мо хоҳиш намояд, ки мо маъракаи худро бо маданияти баланд баргузор намоем. Ман боварии комил дорам, ки мардуми бозаковати тоҷик бо одобу маданияти доштааш дар паҳлуи Сарвари раъиятпарвар истода, дар бартараф намудани  камбудиҳое, ки дар ҳақиқат ба расму оинҳои мо рабте надоранд, талош намуда, ин масъулияти бисёр муҳиму фоидаоварро, ки таҷрибаашро ягон кишвар надорад, саҳми худро хоҳанд гузошт.

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита