НОФАРМОНӢ НИСБАТ ВОЛИДАЙН ОМИЛИ НОКОМИИ ФАРЗАНД АСТ

  • Posted on: 9 April 2018
  • By: admin

        Ҳаққи падару модар нисбат ба фарзанд бисёр бузург аст ва дар дин ҳам мақому манзилати онҳо бисёр болост. Чунки некӣ кардан ба волидайн қарини тавҳид ва ҳамчунин шукргузории онҳо ба шукри Худованд мақрун аст. Эҳсон ба волидайн аз беҳтарин аъмол дар назди Худованд ба шумор меравад. Чунонки Худованди мутаъол дар китоби худ дар мавриди некӣ ба волидайн ба такрор дастур мефармояд: «Худои якторо бипарастед  ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед» (Сураи «Нисо», ояти 36).

        Инчунин Худованд мефармояд: «Бигӯ: Биёед он чиро Худованд бар шумо ҳаром карда, ҳамаро ба ростӣ баён кунам; ин ки ба Худо ба ҳеҷ ваҷҳ шарик наоваред ва дигар ин ки ба падару модар эҳсон ва некӣ кунед» (Сураи «Анъом», ояти 151).

        Инчунин фармудааст: «Ва Худои ту фармуда, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ касро напарстед ва дар бораи падару модар накӯӣ куне два чунончи ҳарду ё яке аз онҳо пиру солхӯрда шаванд, мабодо калимаи «уф» бигӯед, ки ранҷидахотир шаванд ва камтарин озоре ба онҳо нарасонед, бо эшон бо икрому эҳтиром сухан гӯед ва ҳамеша пару боли тавозуъ ва икромро бо камоли меҳрубонӣ наздашон бигустарон ва бигӯ: Парвардигоро! Чунонки падару модар маро ба меҳрубонӣ парвариш доданд, Ту ба онҳо раҳмат ва меҳрубонӣ фармо»» (сураи «Исро», ояти 23-24).

        Боз ҳам Худованд дар сураи «Луқмон» мефармояд: «Ва Мо ба одамӣ ҳукм кардем, ки дар ҳаққи падару модари худ некӣ кунад, ба хусус модар, ки бори фарзандро ҳамл карда ва ду сол ба ӯ шир дода сипас ӯро аз шир бозгирифтааст. Шукри Ман ва падару модарро ба ҷой овар, ки бозгашти халқ ба сӯи Ман хоҳад буд». (сураи «Луқмон», ояти 14).

        Аҳодиси зиёде низ дар ин бора ворид шуда, ки ба эҳтироми волидайн таъкид мекунанд. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мефармояд: «Ман аз Расули Худо (с) суол кардам, ки чӣ амале назди Худованд аз ҳама беҳтар аст?» Фармуданд: «Гузоридани намоз дар вақташ. Боз пурсидам, ки баъд аз он чӣ? Фармуданд: Некӣ ба падару модар…».

        Некӣ кардан ба падару модар аз аъмоле аст, ки ақли инсон ба он ҳукм мекунад ва тамоми динҳои гузашта ва равишу одати анбиё бар он таъкид менамояд, ки бояд ҳаққи падару модарро адо намуд ва ба онҳо некӣ кард. Равиши солеҳин низ ҳамин будааст. Яке аз бузургиҳои дини ислом он аст, ки барои падару модар арзиш ва фазилат қоил аст, ки бар комил будани ин дин далолат мекунад. Дар ислом ҳама ҳуқуқи падару модар ба таври комил риоя ва бозгӯ шудааст. Касоне ҳастанд, ки аз ҳуқуқи волидайн ѓофиланд ва фазилати онҳоро дарк намекунанд. Аммо дини ислом инсониятро аз нофармонии волидайн наҳй карда, ҳатто ин нофармониро ҷузъи гуноҳони кабира ва баробар ба ширки Худованд қарор додааст. Чунонки дар оёти гузашта мулоҳиза намудем, Худованди азимушшаън ба одамӣ тавсия менамояд: «Ба падару модар калимаи «уф» нагӯед, ки ранҷидахотир шаванд ва камтарин озоре ба онҳо нарасонед». Бо диққат дар ин оят назар меандозем, ки Худованд гуфтани калимаи «уф» ё ҳар калимаеро, ки сабаби ранҷиши хотири волидайн шавад, нописанд донистааст, то худи одам бияндешад, ки гуфтани суханони сахттар аз он чӣ гуна аст.

        Дини ислом беэҳтиромии волидайнро шадидан наҳй кардааст ва ба азоби шадид ишора кардааст, ки нофармононро дар бар хоҳад гирифт. Боз ҳам қисме аз мардум ҳуқуқи волидайнро аз ёд бурдаанд ва аз нофармонӣ нисбат ба волидон парвое надоранд ва ҳуқуқашонро поймол мекунанд.

        Нофармонӣ нисбат ба волидайн сабабҳои зиёде дорад, ки чанде аз онҳо мавриди зикр аст. Сабаби аввал ҷаҳл ва нодонист. Нодонӣ ва ҷаҳолат бемории хатарнокест, ки шарафи инсонро аз байн мебарад ва ҷоҳил душмани хеш аст. Агар шахсе аз оқибатҳои нохуши нофармонии волидайн огоҳ набошад ё худ аз самароти некӣ ва эҳсон ба волидайн иттилоъ надошта бошад, ин ноогоҳӣ ӯро аз риояи ҳуқуқи волидайн маҳрум месозад.

        Сабаби дуюм тарбияти бад аст. Агар падару модар фарзандони худро хуб тарбият накунанд ва онҳоро ба некиву накукорӣ  ташвиқ насозанд, натиҷаи он саркашӣ ва нофармонӣ аз волидайн мегардад.

        Сабаби сеюм ихтилоф ва норасоӣ дар таълими фарзандон аст. Гоҳе падару модар фарзандони худро таълим медиҳанд, аммо дақиқан ба шакл ва муҳтавои таълими худ воқиф нестанд. Бисёр вақт таълими нодуруст ва хилофи ахлоқ, ки аз падару модар ба фарзандон дода мешавад, онҳоро саркашу нофармони волидайн мегардонад. Сабаби чаҳорум ҳамнишини бад барои фарзанд аст. Доштани ҳамнишини бад сабаби фасод ва ҳалокати фарзанд мегардад ва ӯро ба нофармонии волидайн вомедорад.

        Сабаби панҷум нофармонии худи волидайн аз волидайнашон мебошад. Ин яке аз муҳимтарин сабабҳои нофармонии фарзандон аст. Ҳангоме ки волидайн ба падару модари худ нофармонӣ карда бошанд, ба хотири ин рафтор сазои амали худро мечашанд ва фарзандони эшон ҳам волидайни худро нофармонӣ мекунанд, ки ин ҳам ба ду далел аст: Аввал, фарзандон дар ин кор ба падару модари худ тақлид мекунанд. Дуюм, ҷазои кори волидайн низ аз ҷинси амали худашон аст.

        Сабаби шашум надоштани тақво ва тарс аз Худо дар ҳангоми талоқ аст. Чун дар байни ҳамсарон талоқ воқеъ шавад, ҳар яке аз фарзандон зидди дигараш бадгӯӣ мекунанд. Ин гуна фарзанд чун назди модар меравад, ӯ тамоми мусибату мушкилоти худро барои фарзандаш бозгӯ мекунад ва ӯро зидди падар мешӯронад, то ӯро тарк кунад. Чун ҳамин фарзанд назди падар меравад, ӯ низ ҳама мушкилоташро ба фарзанд бозгӯ мекунад ва ӯро зидди модар мешӯронад. Дар натиҷаи ҳамаи ин фарзанд саркаш ва нофармони волидайн мегардад. Ин ҳосили киштаи худи падару модар аст.

        Сабаби ҳафтум тафриқа байн фарзандон аст. Баъзан волидайн баъзе аз фарзандонро нисбат ба дигаре зиёдтар гиромӣ медоранд ва барояш имтиёзҳое медиҳанд. Ин кор сабаби буѓзу ҳасад ва ихтилоф байни фарзандон мешавад ва ба якдигар нафрат пайдо мекунанд. Ин гуна фарзандон чун ба камол мерасанд, волидайнро тарк карда, дар ҳеҷ коре бо онҳо машварат намекунанд.

        Сабаби ҳаштум роҳатталабии фарзандон аст. Касоне ҳастанд, ки падару модари бемор ё солхӯрда доранд, аммо хоҳиши нигоҳубин ва муроқибати онҳоро надоранд ё онҳоро ба хонаи пиронсолон месупоранд. Баъзе дигар дар ҷое дур аз падару модари пиру бемори худ зиндагӣ ихтиёр мекунанд, дар ҳоле ки осудагӣ ва оромиш дар канори волидайн лаззатбахш аст ва некӣ кардан ба онон дар инсон оромиш эҷод мекунад.

        Сабаби нуҳум бадахлоқ будани ҳамсар аст. Баъзе одамон ҳамсарони бисёр бадахлоқе доранд, ки аз Худо наметарсанд ва ҳуқуқи шавҳаронро риоя намекунанд. Гоҳе дар дили шавҳар нисбат ба падару модараш кина эҷод карда ва шавҳари худро ба сарпечӣ ва нофармонии волидайн таҳрик мекунанд ва онҳоро маҷбур месозанд, ки падару модари худро тарк кунанд ва ба онон эҳсону некӣ накунанд. Ин гуна занон ҳамеша кӯшиш мекунанд, шавҳарро ба худ моил кунанд ва риштаи хешовандияшонро аз наздикони худ баркананд.

        Сабаби даҳум эҳсоси падару модарӣ накардан аст. Баъзе аз падару модарон эҳсоси падару модар буданро надоранд. Аз ин сабаб, ҳар гоҳ аз фарзандон амали хилофе сар занад, аксуламале нишон намедиҳанд.

        Он чи гуфта шуд, баъзе аз сабабҳои нофармонии фарзандон аст. Чӣ қадар шоиста аст, ки ҳар шахси оқил ба хотири интизори савоб ва подоше, ки аз Худованд дорад ва инчунин ба хотири тарс аз азоби Ӯ ба эҳсон ва некӣ ба волидайни худ ҳарис бошад ва то метавонад, аз нофармонии волидайн иҷтиноб варзад. Дар ривояте аз Расули акрам (с) омадааст, ки Худованд сазои ду гуноҳро ба рӯзи охират мавқуф намегузорад: Яке зулм кардан ба бандагони Худо, дигаре нофармонӣ кардан ба волидайн. Воқеан, бисёр мушоҳида кардаем, ки фарзандони нофармон ба волидайни худ дар зиндагияшон ба нокомиҳо дучор шудаанд ва аз тарафи ҷигаргӯшаҳояшон озору азият кашидаанд. Аз ин рӯ, агар нафаре ба волидайни худ озоре дода бошад, бояд аз ин амалаш тавба карда, дар пайи ислоҳи худ бикӯшад ва аз волидайнаш афву бахшиш бихоҳад. Ҳар инсоне бояд маънои некӣ ба волидайнро бидонад ва аз одоби он огоҳ бошад, зеро ризои Худованд дар ризояти падару модар мебошад.

Хомӯшов Ҷамолиддин

сармутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ