«САДОИ МАРДУМ» НЕ, «САДОИ МУРДОРИ АҲЛИ ТЕРРОР»

  • Posted on: 10 April 2018
  • By: admin

Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт ободу зеботар мегардад ва ин воқеиятро, ки натиҷаи заҳмати сокинони кишвар аст, тамоми мардум ва меҳмонони хориҷӣ эътироф мекунанд. Аммо то ҳанӯз баъзе шахсону гурӯҳҳои хоину ҷинояткоре мавҷуданд, ки ба таври разилона ва ноинсофона пешрафтҳои ватани маҳбуби моро нодида мегиранд ва ба миллати хеш, фарзандони фарзонаи он туҳмату буҳтон мезананд.
Яке аз чунин созмонҳо ташкилоти ифротии «Гуруҳи 24» аст, ки дар вақташ таъсисдиҳандагони он бо сабаби содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ифротгароӣ аз Тоҷикистон фирор карда, дар хориҷа паноҳ бурданд. Дар асл онҳо ягон хел неруи мухолифи сиёсӣ (оппозиция) нестанд, балки як гурӯҳи ҷинояткоре ҳастанд, ки барои идома додани зиндагии ҳарому беномусонаи худ дар Аврупо ба дастгирию пулҳои баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ ниёз доранд.
Албатта дер ё зуд ҳамаи онҳо дастгир шуда, дар назди қонун ҷавоб мегӯянд (вақтҳои охир шумораи муайяни чунин афрод дар Туркия, Россия ва кишварҳои дигар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардиданд). Вале имрӯз онҳо бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи хоҷагонашон аз ҳар фурсати муносиб истифода мекунанд ва ҳиллаву найрангро ба кор бурда, худро ҷабрдидаю фирории сиёсӣ нишон доданӣ мешаванд.
Аз тарафи ташкилоти ифротии «Гуруҳи 24» тавассути расонаҳои хабарӣ пахш гардидани сил-сила барномаҳои иғвоангезонаи телевизионӣ бо номи «Садои мардум» низ маҳз бо мақсади дар боло зикршуда роҳандозӣ шудааст. Аслан, ин барномаи сиёҳкор «Садои мардум» набуда, балки «Садои мурдори аҳли террор» аст. Зеро он на ба манфиати мардум, балки ба фоидаи ҳамон як тӯдаи ҷинояткор (Гуруҳи 24), ки ҳоло дар таги ТТЭ ҲНИТ қарор доранду фардо шояд бо ташкилотҳои дигари террористӣ мепайванданд, кор мекунад.
Барномаи мазкур дар сатҳи ниҳоят паст таҳия ва пахш гардида, нафрати ҳар бинандаи солимро меорад. Барандаи он Нуриддин Ризоӣ, ки афту андомаш низ аз ҷинояткору фурӯхташуда буданаш дарак медиҳад, тангназарона ва бесаводона сухан мегуяд ва ҳатто бо забони тоҷикӣ дуруст ҳарф зада наметавонад. Ҳамаи нафароне, ки дар ин барнома ҳамчун «коршинос» сухан мегӯянд, ашхоси ҷинояткор, мутаассиб ва ҷоҳилу ҷаҳолатпешаанд. 
Масалан, дар нашри охирини ин барнома Ҳусейн Ашуров бисёр бо ҳассосият сухан гуфта, бори дигар ҷинояткору бадхоҳи ватану миллат буданашро исбот намуд. Бе ин ҳам аксарият медонанд, ки Ҳусейн Ашуров ҳамроҳи дигар бародаронаш солҳои пеш аз тарафи ТТЭ ҲНИТ ба Афғонистону Покистон фиристода шудааст ва дар лагерҳои террористӣ таълимоти ҷангӣ гирифтааст. Дар зеҳни ӯ ғайр аз харобкорию қатлу куштор чизи дигаре нест.
Вай лоф мезанад, ки ба СММ, роҳбарияти Туркия ва сафоратҳои дигар барои озод кардани Суҳроб Зафар ва Насим Шарипов нома фиристодаанд ва мулоқотҳое доштаанд. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки масъулини СММ, сохторҳои Туркия ва намояндагиҳои дигари дипломатӣ кори дигаре надоранд, ки бо ҷинояткоре мисли Ҳусейн Ашуров ё ҳамроҳони ӯ мулоқот мекунанд? Суҳроб Зафар ва Насим Шарипов албатта ҷиноят содир кардаанд, дар акси ҳол дастгир намешуданд. Боздошти ҷинояткорон ва истирдоди чунин афрод ба кишварҳояшон як амали маъмулӣ аст ва аз он набояд воҳима сохт. Хуб, маълум аст, ки Нуриддин Ризоӣ ва Ҳусейн Ашуров дарк кардаанд, ки навбати онҳо ҳам мерасад ва рӯзе дастгир мешаванд. Барои ҳамин бисёр ба таҳлука афтодаанд.
Аз ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди душманони миллату ватан ва умуман ҳимояи манфиатҳои миллӣ набояд ҳайрон шуд, балки ин боиси хурсандист. Хеле хуб аст, ки ин сохторҳо вазифаҳои худро дуруст иҷро мекунанд ва амнияти кишварро таъмин месозанд. Дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон сохторҳо чунин амал доранд. 
Воҳимаи дигари Ҳусейн Ашуров аз инқилоб гап задани вай мебошад. Кадом инқилоб? Ҳамоне ки солҳои навадум наҳзатиҳо амалӣ карданду ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшиданд ва кишварро хароб намуданд? Ин нақшаву бадхоҳиҳои палидона дигар ба кор намераванд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар шароити орому осуда зиндагӣ дошта, дигар ҳаргиз рӯзҳои шуми солҳои навадумро дидан намехоҳад. 
Дастандаркорони ташкилоти ифротии «Гурӯҳи 24» то андозае беинсофу бераҳманд, ки ҳатто аз бадбахтию аз мурдаи ҳамватанони худ барои мақсадҳои нопокашон истифода бурданӣ мешаванд. Агар дастгиршудае дар мақомоти корҳои дохилӣ ҷон додааст, тафтишот сабабу ҳолати онро аниқ мекунад ва ҳатман гунаҳкор ҷазояшро мегирад. Аммо чунин ҳолат, ки барои як хонаводаи тоҷик мусибат аст, набояд аз тарафи бешарафон барои иғвоангезӣ истифода шавад. 
Масъалаи дигаре ки ин тӯдаи ифротӣ зиёд аз он суиистифода мекунад, муҳоҷирати меҳнатии тоҷикистониҳо дар кишварҳои дигар мебошад. Аввал ин ки муҳоҷирати одамон ва хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми давраҳо ва дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон ҳамчун як раванди табиӣ ҷараён дошту минбаъд низ мавҷуд хоҳад буд. Дуюм, ин ки сабабгори аслии ба муҳоҷирати маҷбурӣ рӯ овардани мардуми кишварамон дар солҳои навадум маҳз ҳамин неруҳои террористию ифротии ба мисли ТТЭ ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» буданд. Дар солҳои минбаъда низ масъулини «Гурӯҳи 24» дар ҳудуди Россия муҳоҷиронро ба доми фиреби худ дароварда, онҳоро ба мақсадҳои нопокашон истифода бурданӣ мешуданд.
Туҳмат задан ба миллате, ки мардум дар атрофаш сарҷамъ омадааст ва барои ободию созандагӣ кушиш мекунад, ниҳояти ноҷавонмардию бадхоҳӣ ва кӯрдилист. Тамоми мардум фаъолияти роҳбарон ва масъулони ҳукуматро бо чашми худ мебинад ва дуруст арзёбӣ мекунад.
Аз ин рӯ, дигар талошҳои бадхоҳонаи «Гурӯҳи 24» барояшон ягон фоидае надорад. Роҳбарияти кишварҳои аврупоӣ низ фаҳмидаанд, ки инҳо ҷинояткору хиёнаткоранд. Агар чунин намебуд, аъзоёни ташкилоти мазкурро дар Туркия дастгир намекарданд. Дигар вақти ТТЭ ҲНИТ ва гурӯҳҳои сохтааш, амсоли «Гурӯҳи 24», ва дигар ҳаммаслакони онҳо сар омадан дорад.

Парвизи Собир