НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ. ШАРИАТ ЧӢ МЕГӮЯД?

  • Posted on: 12 April 2018
  • By: admin

Масъалаи никоҳ байни хешутаборони наздик дар шариат назарҳои мухталиф дошта, аксари уламо бар онанд, ки аз ин амал бояд худдорӣ карда шавад.

Масалан, дар изҳороти уламои Донишгоҳи ал-Азҳар доир ба масъалаи интихоби ҳамсар омадааст:

Ҳамсарон бояд то ҳадди қудраташон ҳадаф гузоранд, ки ба шарике издивоҷ кунанд, ки дорои бемориҳои меросӣ набошад ва аз издивоҷ бо хешу ақрабои худ худдорӣ намоянд. Ривоят мешавад, ки Умар ибни Хаттоб, саҳобаи бузурги Паёмбар (с) фармуданд: «Ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд». Ривоят мешавад, ки ӯ ҳамчунин мефармояд “Ба хешу ақрабои дур издивоҷ кунед, вагарна насли шумо лоғар ба дунё меояд”.

Дар ин маврид Имом Шофеӣ мегӯяд: “Агар шумо бештар аз қавми худ никоҳ кунед, фарзандонатон ноқис ба дунё меоянд”. (Китоби “Ал-интиқоъ фи фазоили-л-аиммати-с-салосати-л-фуқаҳо” саҳ.98).

Инчунин Имом Нававӣ дар китоби “Минҳоҷ” доир ба масъалаи никоҳ фармудааст, ки дар интихоби ҳамсар мустаҳаб аст, ки арӯс аз зумраи хешу табори наздик набошад. Дар ин маврид Ҷалоли Муҳлӣ дар китоби “Шарҳи Муҳлӣ дар ҳошияи Қалюбӣ ва Умайра” мегӯяд, ки бояд арӯс аз хешони наздик набуда, балки аз қавмҳои дур ва бегона бошад.

Маҳз ҳаминро тибби муосир тасдиқ мекунад; бархе аз бемориҳои меросӣ ҳангоми издивоҷи хешу ақрабои наздик доман паҳн мекунанд. Ба ҳар сурат зарур аст, ки ҳамсарон қабл аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва бо коршиносон машварат намоянд. Табибон метавонанд тавассути таҳқиқи гузаштаи ҳарду оила ташхиси қаблӣ анҷом диҳанд ва роҷеъ ба вуҷуд доштан ё надоштани бемориҳои меросӣ ва эҳтимолияти гузаштани онҳо ба кӯдакон маслиҳатҳо диҳанд. Муоинаи тиббии қабл аз издивоҷ метавонад кашф намояд, ки як ё ҳарду ҷониб ба бемории сирояткунанда мубтало мебошанд. Барои ҳарду ҷониб пеш аз эҷоди хавф барои фарзандони худ дар оянда мушаххас намудани мушкилот ва муолиҷа намудани беморӣ беҳтар аст.

Чунонки шумо огаҳӣ пайдо кардед, пешвоёни дини мубини ислом дар асоси таҷриба ва мушоҳидаҳо тавсия намудаанд, ки мусулмонон бояд аз никоҳ бо хешу таборони наздик иҷтиноб намоянд. Зеро ин амал боиси зиёд шудани кӯдакони лоғар ва маъюб мегардад. Уламо баръакс тавсия медиҳанд, ки мо бояд аз қавмҳои дигар ҳамсар интихоб намоем. Дар ин сурат бегона ба мо хеш мешавад.

Қиёмиддин Насриддинов,

мутахассиси пешбари Кумита