ФАЛСАФАИ ОБ ДАР ИСЛОМ

  • Posted on: 16 April 2018
  • By: admin

Ҷӯшиши об ва бориши борон нишон ва нағмаи раҳмати илоҳист. Маззаи оби соф нишонаи зиндагӣ аст. Дар ҳақиқат об манбаъ ва сарчашмаи ҳаёти нафақат инсон, балки тамоми мавҷудот мебошад.

        Худованд дар Қуръони карим фармудааст:

«Ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардам, оё имон намеоранд?!» (сураи Анбиё, ояти 30).

     Об яке аз неъматҳои Офаридгор бар тамоми махлуқот мебошад. Агар ба маълумоти мутахассисон назар кунем, дармеёбем, ки имрӯзҳо қариб 1 миллиард мардуми сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд, 2,6 миллиард сокинони сайёра дар шароити ғайри стандартӣ зиндагӣ мекунанд. Дар бештар аз 80 мамлакати ҷаҳон барои таъмини аҳолӣ об намерасад. Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то солҳои 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Ҳама ин маълумотҳо қадрдонӣ кардани об ва неъмат будани онро ба шуури мусалмон водор мекунад, то онро сарфакорона истифода барад.    Илми имрӯза низ исботи онро мекунад, ки ҳаёт дар рӯи замин бе об вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ҳаёти башарият бо об вобастагӣ дорад. Бояд фаромӯш накунем, ки дар вуҷуд ва ҳастии тамоми ҷонварони зинда об таркиб гирифтааст. Навад дарсади ҷонварони зиндаи оламро об ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки об сарчашмаи ҳаёт буда, мо ба он ҳамон миқдоре эҳтиёҷ дорем, ки ба рӯшноӣ, ҳавои тоза ва хӯрок дорем.

Худованд дар Қуръони карим фармудааст: «Оё оберо, ки менӯшед, дидаед? Оё шумо онро аз абр нозил кардед ё ман? Агар хостам ин обро талх қарор медиҳам, пас чаро шукр намекунед?!» (сураи Воқеа, оятҳои 68-70).

Агар муаммо ва мушкилии об фақат дар ифлосшавии он, исроф кардани он ва дуруст истифода бурда натавонистани он бошад, дини мубини ислом 1400 сол пештар барои ҳифзу ҳимояти об ва қадрдонии он ва дуруст истифода бурдани он одоб, қоида ва аҳкомҳоро гузоштааст.

  Фарҳанг ва одоби ҳимояти об дар таълимоти дини мубини ислом баён шудааст, ки дар ин нуқтаҳо намоён мешавад:

  1. Ислом дар рӯи замин фасодкориро манъ кардааст. Маълум аст, ки ифлос кардани оби тоза ин фасодкорӣ дар рӯи замин мебошад. Худованд мефармояд: «Бихӯред ва бинӯшед, аммо ҳаргиз дар рӯи замин фасодкорӣ накунед» (сураи Бақара, ояти 60).
  2. Ислом мабдаъ ва асоси худро баён кардааст, ки «Ла зарара ва ла зирора», яъне ба худ зиён ва зарар наоред, инчунин ба дигарон низ зарар нарасонед. Маълум аст, ки оби ошомиданиро ифлос кардан бузургтарин зараррасонӣ маҳсуб меёбад.
  3. Ислом ба пешгирӣ аз бемориҳо даъват дорад, то ҷони зинда ва ҷамъият нигоҳ дошта шавад. Паёмбари ислом дар ҳадиси худ таълим додаанд, ки болои зарфҳои кушодаро пӯшида нигоҳ дорем. Яке аз ҳикматҳои ин таълимоти Паёмбари Худо (с) тоза нигоҳ доштани об мебошад.

       Агар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки санаи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид, назар кунем дар он омадааст: «Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад.

  Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич дорад.

   Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об натанҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».

      Мусалмонон аз қадимулайём ба ин таълимоти дини мубини ислом худро лозим гирифтанд. Ҷидду ҷаҳд ва ҳирси мардуми мусалмон барои оби тоза ва нигоҳдории он хеле намоён аст. Зеро об дар дуруст шудани ибодатҳои мусалмон вобастагӣ дорад.

     Аз марҳалаҳои аввалини оғозшавии дини мубини Ислом об ҳамчун сарвати бебаҳо ва  қиммат ба ҳисоб мерафт. Ҳатто об ҳамчун сарват барои садақа ва савобҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд. Паёмбари ислом (с) дар ин мавзӯъ гуфтаанд: «Касе агар чоҳи Румаро харид ва барои мусалмонон ҳадя кард, мукофот ва подоши ин амал ҷаннат аст» (Ривояти Бухорӣ).

Чоҳи «Рума» дар шаҳри Мадинаи Мунаввара қарор дошт, ки зери даст ва мулкияти як нафар яҳудие буд. Баъди шунидани сухани ҳазрати Расулуллоҳ (с) ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ин чоҳро аз он яҳудӣ хариду барои мардум ва сокинони Мадинаи Мунаввара муфт ва бепул барои савоб раҳо кард, то мардум ба серӣ об нӯшанд ва аз он истифода баранд. Яъне, Пайғамбари Худо барои мардум дастрас кардан ва осон кардани оби ошомиданиро савоб ва мукофоти ин амали хайрро баён карда истодаанд. Агар касе ба мардум ва сокинон оби ошомиданиро дастрас кард ё мушкилоти обро осон кард, пас савоб ва аҷри хеле бузург доштааст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки санаи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид, қайд карда гуфтанд: «Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа Ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид».

 

      Бояд қайд намуд, ки ояндаи тамоми мавҷудоти зинда ва башарият ба об ва захираҳои он вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз дини мубини ислом  бо исрофкорӣ ва беҳуда сарф кардани об, хоҳ дар нӯшидан ё зироаткорӣ ё истеҳсолот, ҳатто дар ибодат кардан бошад ҳам, зид мебошад.

     Ислом мардумро ба истифодаи сарфакоронаи об даъват мекунад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Бихӯред, бинӯшед, бипӯшед ва садақа кунед, вале ба исрофкорӣ роҳ надиҳед» (“Сунан”-и Насоӣ).

     Рӯзе Расули Худо (с) аз назди Саъд ибни Абуваққос (р) гузашта истода буданд, ки Саъд таҳорат карда истода буд. Расули Худо (с) ба Саъд фармуд: «Барои чи ин қадар обро исроф карда истодаӣ?». Саъд дар ҷавоб гуфт: «Эй Расули Худо (с) оё дар ибодат ва таҳорат ҳам исроф мешавад?». Расули Худо (с) дар ҷавоб фармуд: «Бале, дар таҳорат кардан ҳам об исроф мешавад. Агарчи инсон бар болои дарёи ҷорӣ бошад ҳам» (ривояти Ибни Моҷа дар “Сунан”).

   Агар ба таълимоти фиқҳӣ-динӣ назар кунем аҳли илм муттафиқ бар он ҳастанд, ки аз се маротиба бештар шустани аъзоҳои бадан дар таҳорат макруҳ аст. Ҳама ин таълимот ва гуфтаҳо танҳо барои эҳтиёт ва сарфакорона истифода бурдани об мебошанд.

Тозагӣ, озодагӣ, бошад зи об,

Гуситону бӯстон нозад зи об.

Об як мӯъҷизаи Парвардигор,

Ҳаст дунёро зи ӯ нақшу нигор.

Ҳамидулло Ғанизода ,

имоми масҷиди ҷомеи «Нури Ислом»-и ш.Хуҷанд