АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№4)

  • Posted on: 12 April 2018
  • By: admin

ФАЗИЛАТИ САДАҚА

 Калимаи садақа дорои маъноҳои гуногун буда, дар маҷмуъ закот ва ҳама намуд амалҳои неки моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Худованд закотро фарз гардонид ва онро аз рукнҳои асосии дини ислом қарор дод, то шахсони камбизоат азоб накашанд ва аз тарафи шахсони сарватманд ба онҳо ёрӣ расонида шавад. Зеро мутобиқи фармудаҳои шариати исломӣ моле, ки шахсони сарватманд дар ихтиёр доранд, дар асл моли Худованд аст, ки барои онҳо рӯзӣ гардонидааст. Дар айни замон Худованд шахсони сарватмандро бо ин сарват дар имтиҳон қарор медиҳад, ки оё бо ин сарват шукргузорӣ менамоянд ё на!  Бешак, шукргузорӣ ба хотири дар ихтиёр доштани молу сарват танҳо бо забон татбиқ намешавад, балки намунаи олии шукргузорӣ аз молу сарват метавонад харҷи пайвастаи он барои дастгирии ниёзмандон бошад. Аз ин рӯ, Худованд ғайр аз закот садақотро низ бар одамони дорои имконият мустаҳаб донистааст. Ҳатто дар аҳодиси набавӣ садақа аз ибодатҳои нофила беҳтар дониста мешавад. Худованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” ашхосеро, ки додани садақа ба онҳо ҷоиз мебошад ба таври зер муайян намудааст: “Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва шахсоне, ки садақаро ҷамъоварӣ менамоянд; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; ва он ҳукми собитшуда аз назди Худо аст”.  Ин оят маънои онро дорад, ки дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон, дармондагон ва амсоли он аз ҷумлаи заруратҳои динї мебошад.  Қайд кардан зарур аст, ки дар бораи дастгирии шахсони ниёзманд оятҳои қуръонии зиёд нозил шуда, инчунин Пайғамбар рӯи ин нукта ишоратҳои зиёдеро кардаанд мо дар ин мақом баъзе аз онҳоро зикр хоҳем кард.  Худованд дар Қуръони карим мефармояд:  «Ва  ҳар чи харҷ кунед аз ҳар ҷинс, Худо ивазашро (аҷрашро) медиҳад» (Сабо, 39).  Дар ояти 272-юми сураи “Бақара” омадааст. «Ва ҳар чи харҷ мекунед аз некї, ба нафъи худатон аст».   Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳеҷ рӯзе нест, ки бандагон субҳ мекунанд, магар ин ки ду фаришта ба замин омада ва яке аз онҳо мегӯяд: Бор Худоё, моли хайркунандаро пасандоз кун ва дигаре мегӯяд, бор Худоё моли мумсик ва бахилро талаф кун». (ривояти Бухорї ва Муслим).  Инчунин ровии мазкур ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳеҷ садақае молро кам намесозад…». (ривояти Муслим). Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд:  “Чун инсон бимирад, соири аъмоли ӯ қатъ мешавад, ба ҷуз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки аз он суд баранд, ё фарзанди солиҳе, ки барои ӯ дуо кунад (Ривояти муслим).  

Беҳтарин садақа  Абӯҳурайра ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) гуфтанд: «Беҳтарин садақа он аст, ки аз рӯи бениёзї бошад (яъне худат ва аёлат ба он эҳтиёҷ надошта бошед) ва ибтидои садақаатро ба касе кун, ки аёлманд аст» (Ривояти Бухорї).    Салмон  ибни Омир ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Садақа ба муҳтоҷ садақа аст, аммо агар он ба хешу табор дода шавад, ҳам садақа ва ҳам силаи раҳм аст» (Ривояти Аҳмад).  

Ба амалҳои неки дигар низ садақа гуфта мешавад ва ҳар касе, ки амалҳои зеринро анҷом диҳад, соҳиби савоби бузург мегардад.   Дар ҳадиси дигар Абӯҳурайра ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Табассум кардан бар рӯи дигарон садақа аст, мардумро аз хурофотпарастї дур кардан садақа аст, марди раҳгумзадаеро раҳнамоӣ кардан садақа аст, мусоидат дар раҳнамоӣ ба шахси нобино садақа аст, гирифтани сангу хор ва ё устухоне аз роҳ садақа аст, аз сатили худ ба сатили баробари мусулмон об додан садақа аст (Ривояти Тирмизї) . Фоидаҳои садақа. Фоидаҳои садақа ва хайроту саховат ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: дунявї ва ухравї. Фоидаҳои дунявии садақа: 1.Чи тавре ки дар ҳадис омадааст, шахси накӯкор аз офатҳои бад нигоҳ дошта мешавад, садақа ғазаби Худовандро хомӯш менамояд ва силаи раҳм (накӯӣ ба хешовандон) умри инсонро саршор аз баракату хушбахтӣ менамояд. 2.Садақа балоро аз садақакунанда ва аҳли хонадони ӯ дур месозад. 3.Садақа инсонро аз гуноҳ пок карда, ӯро аз ҷумлаи инсонҳои накукор мегардонад ва гуноҳҳои садақакунанда шуста мешаванд. 4.Садақа шайтонҳоро аз инсон дур карда, аз амалӣ гардидани васвасаҳои бади он эмин нигоҳ медорад.  5.Садақа сабаби бориши борон гардида, ризқро фаровон мегардонад. 6.Садақа сабаби шифо ёфтан аз бемориҳои гуногун мегардад. Чунончи дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: «Беморҳои худро бо додани садақа табобат намоед».

Фоидаҳои ухравии садақа: Садақа гармии қабрро аз соҳиби худ дур ҳоҳад кард. Дар ҳадисе омадааст: «Ба дурустӣ садақа аз соҳиби худ гармии қабрро дур карда ва дар рӯзи қиёмат шахси садақакунанда дар зери сояи худ менишинад». Аз фоидаҳои садақа агар дар он риё ва худпарастию худнишондиҳӣ набошад, Худованд ӯро қабул карда, савоби онро ба маротиб афзун хоҳад намуд.    Аз фармудаҳои боло бармеояд, ки дар шариати ислом азодорї се рӯз буда, барои зани аз шавҳар монда чор моҳу даҳ рӯз ҷиҳати иззат пойидан мебошад. Мутаасифона дар миёни мардуми мо расму анъанаҳое роиҷ шуда буд, ки баъди мавти шахс як соли дароз маъракаҳои паёпайи азодорї бо додани таъом идома меёфт. Хурсандона бо ба низом даромадани ин маросимҳо пеши роҳи исрофкорї, зоҳирпарастї ва хурофот  то андозае гирифта шуд. Бе таом бо дуову фотиҳа барпо намудани маросимҳои азодорї ба ҳеҷ ваҷҳ маънии гирифтани пеши садақа, хайр, сахо ва эҳсонро надорад. Чунки агар соҳиби майит нияти хайру саховатро дошта бошад, ӯ метавонад бо обод намудани роҳ, кӯпрук, обрасонї, дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат савоби бештару доимиро дастёб гардад.  

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита