НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР НИГАҲДОШТИ СУБОТИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 19 April 2018
  • By: admin

Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки барои рушди минбаъдааш осудагиву субот, ҳамбастагии мардум ва махсусан бо неруи тоза ва ташаббусу иродаи қавӣ барои устувор намудани пешрафти он ҷалб шудани ҷавонон хеле зарурат дорад. Ҷавонони имрӯза идомадиҳандагони корҳои неки насли калонсол мебошанд ва яке аз омилҳои рушди ин ё он мамлакат ҳамин аст, ки як насл бо иқдомоти неке насли дигарро иваз кунад ва дар ҳимояти арзишҳо ва идеяҳои тараққидиҳанда фаъол бошад. Ислом ҳамчун дини рушддиҳандаи амалу ниятҳои инсонӣ, мураттабсозандаи муносиботи иҷтимоӣ дар сафарбар намудани ҷавонон ба бунёдкориву созандагӣ нақши муҳим дорад.

Дини ислом барои тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёде додааст, зеро маҳз ҷавонон мавқеъ ва мақоми падарони худро дар ҷомеа ишғол мекунанд ва дар зиндагӣ масъулияти гаронро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Бидуни шак, ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозанд. Худованди карим барои ҷавонон як нерӯи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон ҷиҳати фаҳму дарки бисёр масъалаҳои диниву дунявӣ аз нигоҳи равонӣ хеле бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ирода қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он метавонанд даст зананд.

Дини мубини ислом низ нисбат ба ҷавонон эҳтироми хос қоил аст ва дар Қуръони карим ба ин эҳтиромот ишораҳо рафтааст. Масалан, пурсиши Ҳазрати Иброҳим (а) аз писараш Исмоил (а) дар бобати забҳ карданаш, ки дар сураи “Соффот”, ояти 102 зикраш рафтааст, чунин аст: “Чун бо падар ба ҷойе расид, ки бояд ба кор бипардозанд, гуфт: «Эй писаракам, ҳаройна, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».

Расули акрам (с) низ дар таълим ва тарбияи ҷавонон саҳми босазое гузоштааст, ки баъдан саҳобагони ҷавоне, чун Абдуллоҳ ибни Аббос (р), Абдуллоҳ ибни Умар (р), Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р), Муоз ибни Ҷабал (р), Зайд ибни Собит (р) ва садҳо ҷавонони дигар, ки аз мактаби Пайғамбари Худо (с) таълим гирифта буданд ва барои ин уммат хидматҳои босазое карда, барои наслҳои баъдӣ мероси гаронбаҳое гузоштаанд. Намунаи ин гуфтаҳо Зайд ибни Собит (р) аст, ки дар 10 ё 12-солагӣ ба хидмати Расули акрам (с) расид ва дар як рӯз 17 сураи Қуръонро аз бар кард ва мавриди эътимоди Пайғамбари Худо (с) қарор гирифт. Ӯ забонҳои форсӣ, румӣ, қибтӣ, ҳабашӣ, сурёниро медонист. Мувофиқи сарчашмаҳо бо пешниҳоди Расули акрам (с) Зайд ибни Собит (р) ба омӯхтани забони ибрӣ шурӯъ кард ва дар 17 рӯз забони ибриро  (яҳудӣ)-ро низ аз бар кард. Зеро мактубҳоеро, ки Пайғамбари Худо (с) ба қабоили яҳуд мефиристод, ибтидо як марди яҳудӣ менавишт. Баъдан он яҳудиро Зайд ибни Собит (р) иваз кард. Солҳои охири ҳаёти Пайғамбари Худо (с) котиби ваҳй буданд ва аз ҷумлаи қориёни саҳоба ба шумор мерафтанд.

Барои ҳамин, нақши саҳобагони ҷавон аз лиҳози гирифтани илми дин ва интишори ин дин бузург буд. Онҳо ҳама чун як уммат буданд, ки бори гарони масъулиятро бар дӯш гирифтанд ва барои адои он нақши арзандаеро бозиданд ва масъулияти худро дар баробари дин, миллат ва ҷомеаи худ адо намуданд, ки осори он то ҳанӯз боқӣ мондааст.

Ҷавонони имрӯза меросбарони ҳамон насл мебошанд ва агар ба худ накӯӣ кунанду қадру манзалати худро дарёбанд ва амонатро бар дӯш гиранд, албатта, метавонанд ба монанди онҳо хидмате барои Ватану миллати худ намоянд.

Сулҳу оромӣ яке аз неъматҳое мебошанд, ки ҳар миллатро ба дурахшонтарин қуллаҳои мурод мерасонанд. Тамоми пешравиҳое, ки дар давлат ба вуҷуд меоянд, заминаи асосиашон сулҳу субот аст. Барои ҳамин таъмини оромӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Аммо баъзан ба назар мерасад, ки рафтору кирдори баъзе ҷавонони имрӯза дигаргун шудааст ва онҳо дар ин самт дар либосу шууру ҳаракатҳои худ гоҳ аз Шарқ пайравӣ мекунанд, гоҳ ба Ғарб ва ин ҳама таъсирро аз тариқи филмҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона, фаҳшу зӯроварӣ гирифтаанд, ки мақсади бадхоҳон низ ба ин васила табоҳ кардани ахлоқу маънавияти насли ҷавон мебошад.

Даҳшатноктар аз ҳама он аст, ки ин тағйирот дар ақидаи ҷавонони мо низ таъсир гузоштааст. Аз ин рӯ, баъзе ҷавонони мусалмон пойбанди афкори ғайр, ки эътиқоди ҷавононро вайрон мекунад, шудаанд. Акнун ки ҷавонони моро метавонанд ба ин содагию осонӣ ба доми худ бияфкананд, ҷавононеро, ки дар бораи дини худ маълумоти кофие надоранд, ҳолашон чӣ гуна мешаванд. Агар давлату ҷомеа сари роҳи онҳоро дар масири гаравидан ба ин ё он равияву мазоҳиби ифротӣ нагирад, дар оянда аз ин ҷавонон душманони дину миллат пайдо мешаванд.

Аз ин ҷост, ки ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳаммияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рӯҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки барои ҳифзи кишвару миллату давлат ва дини худ як қалъаи пурқуввате бошанд.

          Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имрӯз соҳиби  давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва хоҳанд  буд, зеро аҷдодони мо тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасоти азизи худро ҳифз карда, ба мо мерос гузоранд. Ин ҳама хизматҳои шоиста моро водор месозад, ки Ватанро аз ҳама гуна таҳдидҳои дохилию беруна эмин нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда бегазанд мерос гузорем.

         Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Тоҷикистони азизи мо дар ҷомеаи  ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва обрӯву нуфузи худро пайдо намуда, ягонагии моро муаррифӣ намудааст, аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеаро мебояд шукронаи обу хоки ин Ватани биҳиштосо намуда, баҳри ободии ин марзи муқаддас камари ҳиммат бубандад.

       Аз ин лиҳоз, ба ҷавонони ҳушёру далер ва мардуми кишвар гуфтанием, ки ҳамеша бар он кӯшем, то ин ки Ватани азизамон ҳамеша шукуфон ва тинҷию амонӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода,
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон