ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМИВУ ҶАМЪИЯТӢ - ОМИЛИ РИОЯИ ҲАТМИИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН

  • Posted on: 24 April 2018
  • By: admin

11 сол муқаддам, 7 июни соли 2007 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дархости мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз қонунҳои сарнавиштсоз, ки дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисоди ҷомеаи шаҳрвандии мо таҳаввулот ба вуҷуд овард, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.  

Боиси зикр аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳама масруфияту серкориашон нигоҳ накарда, ҳанӯз охирҳои солҳои навадуми қарни гузашта, мушкилоти баргузории маъракаҳои азодорӣ ва хурсандии мардумро мушоҳида намуда, дар андешаи бартараф сохтани ноҷуриҳо гардиданд. Баъди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши андешаи сокинони кишвар, ба қабули қонуни мазкур дастур доданд. Давраи сипаришуда, гувоҳи он аст, ки ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат ҷиҳати қабули қонуни мазкур, роҳи ягонаи халосӣ аз хурофоту зоҳирпарастӣ, тақлидкорию худнамоӣ ва фақру нодорӣ будааст.

Таъкидҳои пайваста, масъалагузориҳои дақиқ ва  таваҷҷуҳи  ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба раванди амалишавии қонуни мазкур омили мусоидаткунандаи ҳамаи муваффақиятҳо арзёбӣ мегардад. 

Аз рӯзҳои аввали қабули Қонуни мазкур барои татбиқи самараноки он дар баробари шуъбаву бахш ва сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкили комиссияҳои доимӣ дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо, инчунин комиссияҳои ҷамъиятӣ дар вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо амалӣ карда шуд, ки бо роҳандозӣ намудани фаъолияти пурсамар дар ин ҷода самараи дилхоҳ ба даст омад.  Айни замон дар ҷумҳурӣ 499 адад комиссияҳои доимӣ ва 7857 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд.

Бо тақозои замон ва  зарурияти зиндагии мардум ба қонуни мазкур дар асоси дархосту муроҷиати шаҳрвандон  солҳои 2008, 2010 ва соли 2018 баъзе тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки татбиқи қонунро нисбатан осон намуд. Тағйиру иловаҳои дахлдори ниҳоӣ вобаста ба маҳдуд ва  дар доираи оила баргузор намудани маросими хатнасур, баргузории маросимҳои азодорӣ бе таом, иваз намудани вақти баргузории маъракаҳо мушкилоти шаҳрвандонро дар гузаронидани маъракаҳо ҳал намуд.

Илова бар ин, бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 таҳти № 95 ва 96 Низомномаи намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ гардид, ки ба мукаммал намудани талаботи қонун равона шудааст. Ваколатдори соҳа Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи марти соли 2018 бо мақсади муаррифии ҳуҷҷатҳои мазкур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо масъулони соҳа, аъзоёни комиссияҳои доимӣ, фаъолон, имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бо истифода аз васоити техникӣ, семинари омузишӣ ташкил намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд ва аз тағйиру иловаҳои ба қонун воридшуда ёдовар шуданд. Инчунин, дар ин мулоқотҳо вазифа, ҳуқуқу уҳдадоиҳои аъзои комиссия, тарзи дурусти  пешниҳоди ҳисоботҳо фаҳмонида шуд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин тибқи талаботи қонун низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимиро мувофиқ намуда, дар маҷлисҳои вакилон тасдиқ намоянд. 

Ба ҳамин минвол , 20 апрели соли 2018 дар толори Донишкадаи идоракунии давлатӣ бо иштироки 140 ташкилоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо семинари омузишӣ дар мавзуи “Ҳуҷҷатнигорӣ оинаи фаъолият, муаррифии низомномаи намунавиии комиссияи ҷамъиятӣ” доир карда шуд. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Усмоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки мақсади асосии ташкили комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳо осон намудани мушкилоти шаҳрвандон ва дар ҷои кор аз муҳтавои қонун баҳравар гардидани кормандон мебошад. Тибқи талаботи қонун ва низомнома комиссияҳои ҷамъиятӣ дорои як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошад, ки иҷрои он ҳатмӣ ва саҳлангорӣ нисбати он масъулият пешбинӣ мекунад. Бо қаноатмандӣ метавон аз фаъолияти хуби як қатор комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ёддовар шуд, ки онҳо фаъолияти худро тибқи талабот ба роҳ монда, ба  натиҷаи хуб дастёб шуданд.

Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои мудофиа, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, молия, корҳои дохилӣ, саноат ва технологияи нав, нақлиёт, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, Хадамоти гумрук, Агентии хизмати давлатӣ,  Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Бонки миллӣ, Амонатбонк, Донишкадаи идоракунии давлатӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ширкати мобилии «Вавилон», Коллеҷи тиббии н.Рудакӣ ва як қатор ташкилотҳо корро тибқи талабот ба роҳ монда, ба натиҷаҳҳои назаррас ноил шудаанд.

Мутаасифона, на дар ҳама такилоту муассисаҳо ташкили кор ва фаъолияти комиссияҳо ҷавобгӯйи талабот аст. Дар Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, зерсохтори вазорати тандурустӣ-Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Суди олии иқтисодӣ фаъолияти комиссияҳо беҳбудиро мехоҳад.         

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ифтихорӣ буда, аз ин санҷиш то санҷиши дигар кору фаъолият ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Нақшаҳои корӣ такрори соли гузашта буда,  бандҳои нақшаи корӣ бе иҷро мемонанд. Аъзои комиссия  ҳарчанд номашон дар рӯйхат мавҷуд аст, вале ҳангоми ба миён омадани ягон масъала бетарафиро ихтиёр мекунанд ва ҳатто баъзан корманд хабардор нест, ки ӯ аъзои комиссия аст.  Илова бар ин, аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, гарчанде тибқи тақсимоти вазифаҳо масъул бошанд ҳам, фаъол нестанд, дар санҷишҳо фаъолона иштирок наменамоянд ва доир ба фаъолияти худ гузоришҳо низ пешниҳод намекунанд. Аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ бояд дар доираи салоҳияту ваколати худ амал намуда, вазифаҳои худро донанд. Аз тарафи Кумита ҳамеша ба комиссияҳо кумаки методӣ, маводҳои электронӣ ҳангоми санҷишҳо дастрас мегардад, аммо вазъият тағир намеёбад. Баъзан дар суҳбатҳо маълум мегардад, ки аъзои комиссия талаботи қонунро худашон намедонад. Пас аз чунин аъзои комиссия дигар аз ӯ чӣ умеду интизорӣ доштан мумкин аст? Пешниҳоди ҳисобот ҳам боиси нигаронии масъулон мебошад. Ҳисоботи пешниҳодӣ қолабӣ ва якранг буда, воқеиятро инъикос намекунад. Аз ҳисобот бардошти дуруст  ба даст намеояд ва онҳо саривақтӣ дастрас намегарданд.

Бо дар назардошти гуфтаҳои боло ва ислоҳи камбудиҳо ба масъулон тавсия дода мешавад, ки низомномаи нави комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимро дар ташкилотҳо қабул ва амалӣ намоянд, фармони таъсиси комиссия ва тақсимоти вазифаҳо  ба талаботи низомномаи нав мутобиқ карда шавад, дар ҳисобот маълумоти пурра дар бораи чорабиниҳо, мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрӣ бо зикри вақт ва теъдоди иштирокчиён зикр карда шавад.

Ба ваколатдорони соҳа тавсия дода мешавад, ки чунин семинарҳои омӯзиширо дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки котибон ва аъзоёни комиссияҳо ташкил намоянд.

Танҳо дар сурати ташкили дурусти кори комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ мо метавонем савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро боло бурда, ҳамзамон риояи ҳатмии қонуни мазкурро таъмин намоем.   

Азизулло Мирзозода,       

Муовини раиси Кумита