ХУШУНАТ БА ЗАН ҶИНОЯТ АСТ

  • Posted on: 4 May 2018
  • By: admin

Дар фарҳанги оиладории  миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо  меҳвари асосоии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷои аввал меистад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви  оила бо фикру андешахои солими худ ба воя расида дар ҳар қадам барои пешрафти  оила  ва ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтӣ дар оила ин зулм аст, хушунат аст, ки яке аз ҳамсарон бар дигаре раво мебинад. Хушунат дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти Кодекси ҶТ дар бораи  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии ҶТ барои он ҷазо пешбинӣ кардааст. Масъалаи «Зуроварӣ дар оила» яке аз масъаллаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии  Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-марти соли 2013 №954 ба тавсиб расид, ки  мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субеъктҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Хушунат ин зулми мудовим аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке аз болои дигаре онро амалӣ месозад.Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад. Бадбахтиаш дар он аст, ки агар зулм ба як нафар дода шавад, ранҷи ӯро  аъзои тамоми оила мекашанд. Мисол: агар шавҳар зани худро зери мушту лагад қарор диҳад, ин ҳолат сабабгори бадбахтии  фарзандон мегардад. Аз ин озор ҳатто тамоми хешу табори мазлум низ азоби рӯҳӣ мекашанд. Яъне озори яке аз аъзои оила боиси зулму азоби як оилаи калон мегардад. Тибқи маълумоти илми равоншиносӣ  дар зиндагонӣ ҳар як рафтору кирдоре, ки дар оила рух медиҳад, дар асаби кӯдак ҳамчун навори кино сабт мешавад, агар мо дар ин самт бо якдигар ғамхору мушфиқ набошем, ахлоқи хубу рафтори шоистаро анҷом надиҳем,ба ҳолатҳои ногувор дучор мегардем ва аллакай дар мафкураи кӯдаки мо лаҳзаҳои нохуш сабт мегарданд, ки дар оянда ба зиндагонии кӯдак заминаи хуб гузошта наметавонад. Хушунат метавонад сарчашмаи  бефарҳангӣ, дағалӣ, беэҳтиромӣ бошад. Мутаассифона, дар ҳаёти имрӯза ба баъзе мардоне вомехӯрем, ки занро на ҳамчун як узви оила, ё тарбиятгар шинохта метавонанд, яъне аз рӯи бесаводӣ бошад ё бефаҳмӣ, ки  худро соҳиби  нафари дигар пиндошта, гумон мекунад, ки дар ҳама ҳолат ӯ ҳақ дорад, мехоҳад мезанад, беэҳтиромӣ менамояд ва ғайраву ҳоказо... Мутассифона, чунин одамон ҳатто дониши ҳуқуқӣ надоранд, ки  бифаҳманд,  инсонҳо ҳама ҳуқуқи баробар доранд. Ва ин тоифаҳо фаромӯш  сохтаанд, ки онҳо ҳуқуқи зиндагии каси дигарро  пурра дар ихтиёри худ гирифтаанд. Мутобиқи маълумотҳо на никоҳи мусулмонӣ ва ва на никоҳи расмӣ як нафарро мутеъи каси дигар  намегардонад. Балки никоҳ пайванди ду нафар аст, ки ба ҳукми қонун медарояд, ба хотири ҳамзиситии якдигар. Мутаассифона, аксари вақт арӯсро ба хонаи домод меоранд, хурду бузурги ин хонадон ӯро  ба ҳайси як хизматгор мешиносанд, дар баъзе оилаҳо келин овардан маънои як коргареро ба хона овардан аст. Духтари ҷавон баробари зан шудан тамоми ҳуқуқхои инсонии худро аз даст медиҳад. Тамоми рафторҳои вай зери назорати қатъӣ гирифта мешавад. Ҳатто ҳолатҳоеро дучор мегардем, ки либоспӯшиашро шавҳар танзим менамояд. Худое накарда, агар арӯс ба шавҳараш каме маъқул набошад, дигар ӯ пурра зери зулми  як хонавода мемонад. Чунин омилҳо ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сабаб мегарданд. Оилаҳои зиёде дар аввали зиндагӣ маҳз бо он сабаб пош мехӯранд, ки муносибати онҳо ба келин ҳамчун фарзанд ба амал намеояд. Яке аз нақшҳои муҳими волидон дар тарбияи фарзандон  ин доштани хислатхои зерин, аз ҷумла эҳтирому ҳурмат нисбат ба якдигар, самимияту муҳаббат, ғамхору меҳрубон будан метавонад фарзандонро ба роҳи дурусту илмомӯзӣ равона созад. Барои ба воя расонидани  фарзандон нақши модар  аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, агар дар зиндагонӣ хушунат нисбат ба зан  ҷой дошта бошад, ба фарзандони ӯ таъсири манфӣ мерасонад ва фарзандони онҳо метавонанд таҳти хатари ҷиддӣ ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон ва ҳатто зери хавфи марг қарор гиранд. Ҳар як фард ба дахлнопазирии шахсияти худ, озодӣ, бехатарӣ ва ҳамчунин ба ҳаёт ҳуқуқ дорад, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест. Коршиносони соҳа таҳлил  намудаанд, ки  яке аз сабабҳои зӯроварии хонаводагӣ надоштани дониши ҳуқуқӣ ё аз ҷиҳати молӣ дастнигарӣ доштани занон ба мардон мебошад. Дар оила лату кӯб кардан, дод гуфтан, таҳқир кардан, рафтори дурушт намудан дар назди фарзандон, махсусан ноболиғон дар ахлоқи мо раво нест. Бинобар ин  бунёди оиларо бо муҳаббати тарафайн сохтан лозим, то ки пойдору мустаҳкам  бимонад. Чуноне, ки халқ гуфтааст. «Биҳишти мард дар ин дунё оилаи хуб аст»  яъне ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки дар зиндагии ҳамсарӣ шоду осуда зистан аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии одамон аст.

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита