СИЁСАТИ ДУРБИНОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ БО ТЕРРОРИЗМ

  • Posted on: 5 May 2018
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии Худ ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта буданд: "Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад". Ин мавқеи худро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми май дар ҳамоиши байналмилалии "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", ки дар Душанбе баргузор гардид, бори дигар ба таври қатъӣ баён доштанд.

Дар ҳақиқат террорист террорист аст ва ӯ ҳеҷ вақт фикри миллат ва ё динро надорад, террорист танҳо барои манфиати худ кор карда, мусулмон ва ё ғайри мусулмон ба ӯ фарқе надорад.

Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом аз ҷониби теророристон анҷом дода мешавад.

Аъмоли террористон тамоми сайёраро ба ташвиш овардаанд, зеро кори террорист ба ҷуз қатлу куштор, ваҳшоният талаву тороҷ дигар чизе нест. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ташкил карда шуд.

Пешвои миллат зимни суханронии худ дар расми ифтитоҳи н конфронси байналмилалӣ аз он нигаронӣ карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм назари ягона надоранд. Президенти кишвар  бо интиқод аз сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм гуфтанд: "чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад".

Пешвои миллати мо дар идомаи сӯҳбати худ ба вазъи Афғонистони ҳамсоя низ дахл карда, таъкид доштанд, ки таъмини амният дар Осиёи Миёна ба вазъ дар ин кишвар робитаи ногусастанӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипас ишора карданд, ки дар солҳои навадум бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилалӣ зарурати ҳалли қазияи Афғонистонро таъкид карда буданд, аммо ба қавли Пешвои миллат "мутаассифона, дар сӯҳбатҳои хосса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст."

Ин аст, ки ба гуфтаи Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳушдорҳо беэътиноӣ нишон дод, то он, ки соли 2001 дар Амрико ҳодисаҳои террористӣ рух дод, "аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд."

Аз ин рӯ мо бояд дар атрофи андешаҳои созандаи Пешвои миллат сарҷамъ гашта, бар зидди чунин вабои аср муборизаи муштаракро ба роҳ монем.

Диловар Сафаров,

Мутахассиси пешбари Кумита