АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ “ҲАҶ-2018” МУАЙЯН ГАРДИД

  • Posted on: 7 May 2018
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2018”-ро муайян намуд, ки он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.

Ба маблағи зикршуда хароҷоти зер дохил мешавад:

  1. Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт)
  2. Иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама
  3. Таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина.
  4. Таъмини ҳоҷиён бо хурок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа.
  5. Таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.
  6. Иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот.
  7. Пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён.
  8. Таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина.
  9. Пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ
  10.  Таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ
  11. Ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина
  12. Таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ.
  13.  Таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби Зам-зам аснои бозгашт ба Ватан.
  14.  Таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон.