ПЕШВОИ МИЛЛАТ: “ТОҶИКИСТОН БА ҲАМАИ ОН ҲОДИСАҲОИ ФОҶИАБОРЕ, КИ ИМРӮЗҲО ДАР ИРОҚУ СУРИЯ, ЯМАНУ АФҒОНИСТОН МУШОҲИДА МЕШАВАНД, РӮ БА РӮ ШУДА БУД”

  • Posted on: 8 May 2018
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар конфронси  сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез  масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самтро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид доштанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд”.

Пешвои миллат бо ишора ба қатлу кушторҳо ва аъмоли террористие, ки аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои эекстремистӣ ба амал омада, ба рӯзгори осоиштаи мардуми кишвар таъсири манфӣ боқӣ гузошт,  иброз намуданд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар вартае қарор дошт, ки ҳоло кишварҳое чун Ироқу Сурия, Яману Афғонистон қарор доранд.

 “Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд”.

Зимнан, ҳадаф аз баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” муҳиммияти муборизаи муштарак бо зуҳуроти номатлуби қарни ХХІ, тарғиб ва ташвиқи мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм, ки яке аз омилҳои даҳшатафкан ва хатарафзо дар ҷомеа буда, ҷони ҳазорон ҷавонро ғорат карда, таъсири манфии беандоза ба ояндаи миллату давлат ва тақдири насли ояндасоз гузошта истодааст, маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо зуҳуроти терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи ҳам олимону сиёсатмадорон ва ҳам қишрҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ қарор гирифтаст. Ин вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, ба яке аз мушкилоти аввалиндараҷа ва глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Аксари ташкилотҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои зишту касиф ва разилонаи худ арзишҳои дини мубини исломро истифода намуда, номи поку ноб ва беолоиши онро доғдор намуда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин маврид таъкид намуда буданд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.

Мо ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Ҳамеша кӯшиш кунем, то ки насли ҷавон фирефтаи ин гуна равияҳову ҷараёнҳои номатлуби ҷомеа нагарданд. 

Мавзуна Бекназарова,

сармутахассиси Кумита