ОҒОЗИ МОҲИ РАМАЗОН, НИСОБИ ЗАКОТ ВА САДАҚАИ ФИТР МУАЙЯН ГАРДИД

  • Posted on: 14 May 2018
  • By: admin

Қарори

маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

аз  14.05. 2018                            № 05                           ш. Душанбе

Дар бораи муайян намудани оғози моҳи шарифи Рамазони соли 2018 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили марбут ба он Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард:

1.    Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2018 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбе 17-уми май муайян карда шавад.

2.       Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20400 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад.

3.       Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.

4.       Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2018 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

5.       Хатми Қуръони карим дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

6.       Матни табрикотии Раиси Шӯрои уламо ба аъзоёни Шӯро мувофиқа карда шуда, ба тамоми мардум расонида шавад.

7.       Тақвими моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷониби Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ тартиб дода шудааст, тасдиқ карда шавад.

8.       Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад, на ба имомхатибону саидзодаҳо.

9.       Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва волоияти арзишҳои миллӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби садақаи фитр, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.

 

  Раиси маҷлис:                        Саидмукаррам  Абдуқодирзода

Котиби маҷлис:                                     Олимов Неъматулло