ХОДИМОНИ ДИНИ ҲИСОР, ТУРСУНЗОДА ВА ШАҲРИНАВ ДАР ТАМОШОИ ТЕАТР

  • Posted on: 14 May 2018
  • By: admin

Имрӯз, 14-уми май масъулони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони дини шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дастаҷамъона дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши театрии “Обу оташ”-ро тамошо намуданд.

Зимнан, намоиши “Обу оташ”-и Мансур Суруш драмаи иҷтимоӣ буда, дар он ихтилоф ва бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои динию мазҳабӣ ва илмию дунявӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Ба қавли дастандаркорони театр ҷавҳари асосии намоиш муҳаббат мебошад, ки инсонҳоро бо вуҷуди ихтилофи назар ва ақоид ба ҳам меоварад ва таҳаммулпазириву меҳру ихлосро талқин менамояд.

Коргардони асар ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов бо истифода аз осору фалсафаи ниёгон, хусусан ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрав ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба намоиш як навъ ҷанбаи фасафӣ бахшидааст. Анҷоми асар бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, муҳаббату эҳтиром ба арзишҳои мазҳабию иҷтимоӣ бадеияти хосса касб кардааст.

Ҷанбаи ахлоқиву тарбиявии намоиш дар нақшофаринӣ ва ҳунару истеъдодӣ ҳунармандони халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Саодат Азизова, Зулхумор Иброҳимова, Асалбек Назриев, Ортиқ Қодиров, Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзовлиев, ҳунарманди маъруф Сония Наврӯзова ва дигарон хеле равшан таҷассум ёфтааст. Рассоми намоиш Нина Панова дар ороиши саҳна ғоя ва муҳтавои асарро комилу рангин инъикос намудааст. Мусиқии асар бо оҳанги ҷаззоби ромишгар ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров таҷассумгари рӯҳия ва фалсафаи намоиш мебошад.  

Чанде қабл кормандони дастгоҳи Марказии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри академию драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ аз намоиши театрии “Обу оташ” дидан намуда буданд.