КУМАКИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНИИ ЁВОН: 72 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ХАРИДОРИИ МИЗУ КУРСӢ ВА ДИГАР ЛАВОЗИМОТ

  • Posted on: 14 May 2018
  • By: admin

Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон, ятимону барҷомондагон ва бенавоён мавқеи хосс дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ходимони дин низ талош доранд, то ҳиссаи худро дар рушди минбаъдаи ҷомеа гузоранд.

Тибқи маълумот, дар баробари дигар корҳои хайр аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи умумии саводнокӣ ва сифати таълиму тарбияи хонандагон ба маблағи умумии 72 ҳазору 640 сомонӣ мизу курсӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ тақдим карда шуд.

Ходимони дини ноҳия мегӯянд, онҳо дар оянда низ ҷаҳд хоҳанд кард, то дар самти рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, махсусан бахши маориф мусодат намоянд.