ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ МОДДИВУ МОЛӢ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ ДАР АРАФАИ МОҲИ РАМАЗОН

  • Posted on: 16 May 2018
  • By: admin

Дар арафаи моҳи шарифи рамазон, дар партави ҳидоятҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба беш аз 35 ятими кулле, ки дар ҳудуди ин шаҳр зиндагӣ мекунанд, кумаки хайриявӣ аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, гӯшт, гилем ва маблағи муайяни пулӣ расонида шуд.

Зимнан, Пешвои миллат дар мулоқоти ахири худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар иброз намуда буданд, ки: “моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад”.