МУЛОҚОТИ МУФИДУ БОБАРАКОТ

  • Posted on: 16 May 2018
  • By: admin

Бисёр хотирмону  бобаракот буд, ки дар арафаи ҳулули моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид. Банда ҳам ифтихорманд ҳастам, ки дар ин ҳамоиши таърихӣ иштирок доштам. Суханронии Пешвои муаззами миллат, ки бо як дилсӯзии хоси Ҷаноби Олӣ садо дод, аз ҳама ҷиҳат таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд. Таҳлили амиқ ва ҳаматарафаи вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ва баҳодиҳии мӯшикофонаи ҳолати ҷаҳонишавӣ аз ҷониби раҳбари давлатамон далолат ба он мекунад, ки ин сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳонӣ барои хушбахтӣ ва ояндаи босаодати на фақат тоҷикон, балки аҳли башар тамоми вуҷудашро фидо намудааст. Зеро Пешвои миллат масоили мубрами замони имрӯзаро якояк баён намуда роҳҳои ҳалли онҳоро низ на танҳо дар  Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ишора намуданд.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд: «Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.  Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.  Дар баробари ин, инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ - Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд.   Инсон дар 70 - 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст».

Пешвои миллат ба роҳҳои ҳалли масоил чунин ишора намуданд: «Бинобар ин, инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастаҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад.

Ин ҳақиқатро барои он бояд гуфт, ки мо набояд ба ин равандҳо бетарафона ва хунсардона назар кунем. Чунки агар қурбониёни ҷангҳо ва фирориёни нооромиҳои чанд даҳсолаи охирро аз мизони қиёси таърихӣ гузаронем, ҳеҷ вабо ва муноқишаи хунини таърихиеро тайи мавҷудияти тамаддуни инсонӣ пайдо намекунем, ки чунин шумораи бузурги насли башарро туъмаи худ карда бошад.

Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.  

Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст».

Бале, мо пиру ҷавон бояд неъмати бебаҳо- озодӣ ва истиқлолияти давлатиро ҳамаҷониба ҳифз намоем ва дар ин ҷода шабу рӯз ҳушёр бошем ва зиракии сиёсии худро гум накунем.

Бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон ҷидду ҷаҳди мо дар ин раванд бояд зиёда ва фарогиртар шавад. Алалхусус  мо-ходимони дин дар намозҳои таровеҳ, ки бо хатми Қуръони карим  мегузарад, ба мардум бифаҳмонем, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандустӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд ва ин ифтихори миллӣ  зоҳирӣнабошад, балки содиқона ва қалбӣ бошад. Нагузорем, ки ҷараёнҳои ғайриқонунӣ ва террористиву экстримистӣ ҷавононро ба доми худ фирефта гардонанд.

Дар моҳи мубораки Рамазон, ки дарҳои биҳишт кушодаву бо баракоти нузули Қуръони карим дилҳо нарм мегарданд, амалҳои савобро мисли дастгирии бечораву ғарибон, ятимону маъюбон зиёда гардонем.

Пешвои миллат  дар суханронии худ на фақат тарафди иқтисодии ҳаётро ба назар гирифтанд, балки масъалаи маънавиёт ва ахлоқиро низ таъкид намуданд: «Вобаста ба моҳи шарифи Рамазон дар таълимоти пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам таъкидҳои зиёд ҷой дошта, аз ҷумла ӯ худдорӣ намудан аз суханҳои ношоиста ва рафтори нописандида, яъне нигоҳ доштани покии забон ва амалҳои шоистаро амри ҳатмӣ дониста, одоби баланди муошират ва бо муҳаббату самимият муомила кардан ба наздикону атрофиёнро шарти муҳимми тақводорӣ медонист ва риояи онро аз тарафи пайравонаш воҷиб мешуморид.

Умуман, пок нигоҳ доштани забон ва риояи маданияти муошират беҳтарин нишонаи миллати соҳибтамаддун мебошад».

Хулоса, ҳамаи нуқтаҳои дар суханронии Пешвои миллат омадаро мо бояд дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ ҳамчун дастур ва роҳнамо қабул намуда дар амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба фаъол бошем.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Нури ислом»-и ш.Хуҷанд