МУЛОҚОТ БО ДАСТАНДАРКОРОНИ НОБ-и РОҒУН

  • Posted on: 16 May 2018
  • By: admin

15-16-уми майи соли равон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд Ҳусайн Мӯсозода аз ҷараёни иҷрои корҳои дар иншооти азиму тақдирсози нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дидан намуда, бо мутахассисон ва дастандаркорони ин иншоот мулоқотҳо анҷом доданд.

Меҳмонон дар рафти мулоқотҳо дастандаркорони иншооти азими асрро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон таҳният гуфта, онҳоро ба меҳнати ҳалолу софдилона даъват намуданд ва таъкид доштанд, ки расидан ба ормони миллат – баистифодадиҳии ҳарчи зудтари нерӯгоҳ аз кору заҳмати онҳо вобастагии амиқ дорад.

Коркунони иншооти “Роғун” бо истифода аз ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ оид ба дин ва Раиси Шӯрои уламои кишвар суолҳои худро вобаста ба масоили мухталиф ироа намуда, посухҳои мушаххаси қонеъкунанда гирифтанд.