ТАҶАММУЪ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ЭРОН ЯК АМРИ ТАБИӢ БУД

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Ҷаҳонишавии ҳаёти имрӯза моро водор менамояд, ки мавқеи ватандустӣ ва худшиносии худро на фақат муайян намоем, балки дар ҳифзи он ҳамеша омода бошем. Мардуми кишвари мо ҳамеша дар раванди сулҳҷӯӣ ва сулҳофринӣ намунаи ибрати дигарон буданд. Мо чӣ будани озодӣ ва истиқлолро имрӯз боз ҳам васеътар ва амиқтар дарк намудем. Ҳаёт ва зиндагии мардум худ гувоҳ ва нишони он аст, ки мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба қуллаҳои баланди озодӣ, оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ноил гаштем. Анқариб дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, чӣ иқтисодиёт ва чӣ маънавиёт ҷаҳишҳо ва  пешрафтҳои бузург ва таърихӣ дида мешавад. Худи ҳамин тағйирёбиҳои мусбӣ ва  муассири ҳаёт,  моро ба роҳи умеди боз ҳам дурахшони ояндаи кишвару миллат собитқадам менамояд.

Арзишҳои динии мо, ки мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам таҳаммулпазириро талқин менамоянд, моро дар роҳи имону исломи ноб тарбият менамояд. Аз ин рӯ, мардуми кишвари мо ба  рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза баҳои воқеъбинона дода, мавқеъи хешро ба ин ё он масъала муайян мекунанд.                                                  

Дар назди сафоратхонаи Эрон  ҷамъ шудани шаҳрвандон, ки нуқтаи назари хешро нисбати сиёсати имрӯзаи давлати мазкур ва собиқ ҲНИТ баён намуданд, амри табиист. Мардуми мо, алалхусус ҷавонон намехоҳанд, ки замину замонашон боз ноором шавад, ҷанги бародаркуш, ки ҳазорҳо ҷони бегуноҳро аз байн бурда буд, миллионҳоро  саргардону хонавайрон карда буд, боз аз нав ба сарашон ояд.      

Ҳама огаҳ ҳастанд, ки дар ин воқеаҳои мудҳиш  киҳо ва  бо кумаки кадом «дӯстон» даст доштанд ва онҳо чӣ мақсадҳои шум доштанд. Мехостанд мазҳаби моро дигаргун созанд, барои ин ва пулу сарвату дунё шуда, сабабгори харобии кишвару ватанашон гаштанд, ки онҳоро ҳеҷ вақт ва ҳеҷ кас намебахшад. Рӯз ба рӯз сирру асрори онҳо кушода ва ба ҳама маълум  шуда истодааст. Бинобар ин, табиист, ки мардум барои пешгирии ҳама гуна падидаҳои  ба кишвару ватанашон зараровар ҳаракат менамоянд ва талаби онро менамоянд, ки саркардаҳои нооромиҳо ва қатлу кушторҳо назди қонун ва халқ ҷавоб диҳанд.   

Пешвои муаззами миллати мо дар баромади худ, рузи 4 май дар Конференсияи сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» гуфта буданд:  «Барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Террорист — террорист аст ва ў ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд ”.

Пешвои миллат дар суханрониашон аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 дар Тоҷикистон низ ёдовар шуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанўз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрўзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рў ба рў шуда буд.

Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зўрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро таҳмилӣ номида, гуфтанд, дар он ҷанг “садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем”.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди «Нури ислом»-ш.Хуҷанд