ДУШМАНОНИ МИЛЛАТУ ВАТАН ВА ДИНУ МАЗҲАБ

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар маҷмӯи масоили марбут ба ҳаёти мардум ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат дар ин мулоқот аз вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муасир сухан гуфта, ҳамагонро ба ҳушёриву зиракии беш аз пеш даъват намуданд ва ҳудош доданд, ки: “Баъди дар ҳудуди давлатҳои Ироқу Сурия саркӯб шудани созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба он шомил буданд, барои идома додани аъмоли ҷинояткоронаи худ, мисли солҳои 90-уми гузашта бо саркардагии собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат, дар қаламрави Афғонистон ҷамъ омадаанд”.

Воқеан, ифротгароён ва террористони наҳзатӣ бо дастгириву пуштибонии моликони пасипардагиашон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар фирки ноором кардани вазъи сиёсии кишвар мо буданд. Ҷои таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанони мо ба хотири маблағи ҳароми кишвари ба ном дӯст ба Ватан-модар ва дину мазҳаби худ хиёнат мекунанд. Яке аз чунин  нафарон Қиёмиддини Ғозӣ мебошад, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷумлаи сабабгори асосии митингҳо дар пойтахти кишварамон гардид.
Ин террористи наҳзатӣ дар солҳои 1991- 1992 бо ном  “генерали мардумӣ” бо дастури хоҷагони хориҷиаш милати тоҷикро ба хоку хун оғушта намуд.
Ӯ бо шиори  авомфиребонаи "Итиҳод рамзи пирузист" баромад намуда, мардумро ба майдоннишинӣ ва сангаргирӣ дар муқобили ҳамдигар даъват намуда, ба монанди дигар саркардагони террористаш ба оташ ҷанги шаҳрвандӣ, ки худашон поягузораш буданд, равған рехт.
Ӯ ҳамчун як душмани Ватан, дин ва мазҳаб дар баробари ноором сохтани вазъияти ҷумҳурӣ мардуми мусалмони Тоҷикистонро, ки пайрави мазҳаби муътадили Имом Абӯҳанифа буданд, ба шиагароӣ ва пайравӣ аз мазҳаби шиа даъват намуд, ки ин амали онҳо хиёнат ба халқ ва мазҳаби аҷдодӣ мебошад.

Ҳамчунин, ба касе пӯшида нест, ки ин ҳизби бегонапараст бо саркардаҳояш, ки Қиёмидин низ аз зумраи онҳо мебошад, мардумро фиреб дода, халқи бечораро ба самти хунрезӣ, бетартибӣ ва бенизомӣ тела медоданд, ки оқибат ба сари миллат балоҳое оварданд.
Бо вуҷуди он ки Сарвари давлат, Пешвои Миллат  онҳоро бахшид ва дар канори худ ҷой дод, вале онҳо чун каждуми зери бурё аз афкори террористии худашон дур нашуда, дар фикри хароб сохтани кишвари ороми мо шуданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Қиёмиддин Ғозӣ даст то оринҷ ва пой то зону олуда дар хуни мардуми мусалмон мебошад.

Умедворем ки ҳар як хоини ин миллат ва ин Ватан ба ҷазои аъмоли худ мерасад ва минҷумла Қиёмиддин низ бояд сазои аъмоли худро чашад ва назди қонун ҷавоб гӯяд.

Зайниддин Қарчиев,
сархатиби масҷиди ҷомеи маркази н. Қубодиён