МАРДУМИ ТОҶИК АРЗИШИ ОЛИИ АМНИЯТУ ОСУДАГИРО ДАРК МЕКУНАД

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Тавре аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, иддае аз сокинони касбу кори гуногун, ҷавонони саодатманд, пирони рӯзгордида, падарону модарони соҳибмаърифат бо дарки масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва рисолати ватандӯстӣ санаи 21 май соли равон дар назди сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъ омада ва ба зидди Эрон ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шиор доданд. 

Ҷамъомадагон бо шиорҳои "Нест бод Кабирӣ", "Нест бод Ҳизби наҳзат", “Фарзандони моро ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ накунед”, “Дӯстии Тоҷикистону Эронро ҳурмат кунед” ва амсоли инҳо шиор медоданд. 

Дар ҳақиқат мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ба хубӣ дарк мекунад, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ягонагиву иттиҳоди мардуми тоҷик бо талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми тоҷик ба даст омад. Мардум маҳз дар замони ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ чи қадар ҷигарбандону наздикони хешро аз даст дод. Бешак аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар оғоз ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ даст доштанд. Пуштибониву маблағгузорӣ ва ҳимояти Эрон аз ҳизби наҳзати ислом дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гарчанде бо шеваҳои пинҳонӣ роҳандозӣ мешуд, баъдан ошкор гардид, ки "дӯстони мо" дар қатли шахсиятҳои маъруфи кишвар, олимону донишмандон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ вакили парлумон, доктори фанҳои таърих, профессор, муовини сарвазир Моёншо Назаршоев, академик Муҳаммад Осимӣ, табибони ҳозиқ, профессорон Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ, сармуҳаррири рўзномаи “Садои мардум” Муродулло Шерализода, мушовири давлатии Президенти мамлакат Карим Юлдошев, рўзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ раиси Шўрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, барандаи Чоизаи ленинӣ, собиқ вазири обёрӣ ва роҳбари вилояти Қўрғонтеппа Абдукарим Қосимов, адибони хушзавқ Сайф Раҳимзод, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Пиримқул Сатторӣ, Махсум Олим, рўзноманигорон Муҳиддин Олимпур, Почохон Сайфиддин, Олимҷон Ёрасенов ва дигарон даст доштаанд. Бераҳмонаву ваҳшиёна ба қатл расондани қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимови солхўрда, ки дар муҳорибаҳо бо фашистон ҷон ба саломат бурда буд, аз ноҷавонмардиҳои наҳзатиён маҳсуб меёфт, ки бо дасти хоҷагонашон сурат гирифта буд. Аксари шахсиятҳои маъруфи кушташуда ифтихори миллат буданд ва дар раванди ба ақсои олам баровардани шўҳрати Тоҷикистон саҳмгузор буданд. 

Бояд зикр намуд, ки маҳз замони тозаистиқлолиро мавриди иҷрои амалҳои ноҷавонмардона ва теша задан бар решаи мазҳаби аҷдодии мо қарор додани наҳзатиҳо бо роҳбарии хоҷагонашон ва гумроҳкунии мардум, истифодаи андешаи ақидавии онҳо дар он хусус буд, ки он замон на ҳамаи мардум ва бахусус ҷавонон ба арзишҳои олии дини мубини ислом ва бахусус ҷавҳари инсонгароёна ва таҳаммулпазирии мазҳаби аҷдодиамон-мазҳаби ҳанафӣ огаҳӣ доштанд. Ҳамзамон дар он рӯзҳои нахустини сохтмони давлати муосир роҳбаре ва ё раҳнамое набуд, ки халқ ба ӯ пайравӣ кунад. 

Бинобар ин, хоҷагони хориҷии наҳзатиҳо аз холигии фазои эътиқодиву ноҷуриҳои давлати тозаистиқлол истифода намуда, даст ба барангехтани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ заданд. 

Хушбахтона, бо инояти Худованд, азму иродаи Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои мардуми сулҳпарвару сулҳхоҳи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд ва дар фазои Тоҷикистони маҳбуб ҷилои сулҳу ваҳдат ҳувайдо гардид. 

Дар ин марҳила наҳзатиҳо аз гузашта ибрат нагирифта, соли 2015 боз хостори табаддулоти давлатӣ шуда, кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани сохти конститутсиониро карданд. 

Пас аз бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстемистӣ-террористӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати ислом роҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз Тоҷикистон фирор кард. Пас аз гузашти марҳилае роҳбарияти олии кишвари ҳамдину ҳамзабони мо Эрон Кабириро дар қатори намояндагони расмии кишвари мо ба конфронси ваҳдати исломӣ даъват намудаву бо ӯ мулоқоти хоса оростанд. 

Аз ин бармеояд, ки Эрон пуштибони доимии ташкилоти экстемистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом аст. Бо мақсади канда нашудани решаи дӯстии ду кишвари ҳамзабону ҳамдин-Тоҷикистону Эрон роҳбарияти кишвари Эронро зарур аст, ки домони наҳзатро сар бидиҳанд, то ба равобити ду кишвар осебе нарасад. 

Маҳмадюсуф Қозиев, 

имомхатиби масҷиди ҷомеи 

ба номи Имоми Аъзами ш. Бӯстон