ЭРОН БО ТЕРРОРИСТОН ЧӢ ГУНА БАРХӮРД НИШОН МЕДИҲАД? МЕБАХШАД?

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Дар тӯли таърих ҳамеша халқҳои тоҷику форс бо ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирии хос зиндагиву ҳамкории худро ба роҳ мондааанд. Ду халқи ҳамзабону бародар ҳамеша аз муштаракоти байниҳамдигарӣ ифтихор доштанд. Аммо дар чанд соли охир мутаассифона, кишвари ба мо ҳамзабони Эрон аз ҳамзабон буданаш бо кишвари мо суиистифода бурда, мехоҳад ҳадафҳои худро татбиқ созад. Барои ин амали нопок ин кишвари “бародар” сарпарастии ҷараёни ифротии ҲНИТ-ро ба дӯш гирифта, онро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамояд. Душманони миллат аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИТ барои моли ночиз бо сарпарастии хоҷагони хориҷияшон дар хориҷи кишвар истода мехоҳанд ин тинҷиву оромӣ ва зиндагии орому осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ҳама кӯшишу талоши худро бар он равона менамоянд, ки устувории сулҳу суботи ҷомеаро нигоҳ дорад. Вале гурӯҳҳои ифтротии ғаразнок чӣ дар дохили кишвар ва чӣ  дар хориҷ аз он мехоҳанд ин кишвари ободу оромро ба харобазор табдил диҳанд. Эрон барои расидан ба ҳадафҳои худ аз унсурҳои дохилӣ кор гирифта, аз ҷумла ҷавонони тоҷикро бо таълим фаро гирита, мағзшӯи менамояд ва таълими мазҳаби шиа медиҳад. Дар натиҷа онҳоро душмани миллат, Ватан ва марудми хеш гардонида, ба монанди Саидюнуси Истаравшанӣ, Қиёмуддин Ғозӣ, Кабирӣ ва дигар нафарон доғи миллату давлат мегардонад.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ҳукумати Эрон нисбат ба онҳое, ки қасди шикастани низоми қонунии давлатро доранд, чӣ гуна муносибат мекунад? Оё онҳоро сафед мекунанд ё ҳамчун террорист ва ифротгаро маҳкум?  Айнан аъзоёни собиқ ҳизби ифротиии ҲНИТ дар кишвари мо бо чунин амалҳои хиёнаткорона дасгир шуданд ва аъмоли онҳо маҳкум карда шуд. 

Хушбахтона мардуми ватандўсти тоҷик алакай аз ҳадафҳои он хоинон бохабар шуданд ва иҷоза намедиҳанд, ки ҳеҷ хоине орзуву хаёлҳои хоми худро дар  кишвари ороми мо бароварда созад.

Юсуф Азизов,

сармутахассиси шуъбаи

равобити байналмиалии Маркази исломӣ