ХИЁНАТ, РАЗОЛАТ, ҚАТЛ...- “ДАСТОВАРДҲО”-И ҲИНТ

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Табиатан инсонҳо дар зиндагӣ бурду бохти рӯзгор ҳар гуна хулосабардорӣ мекунанд. Иддае  аз одамон аз рӯи касбу кор ва дигаре аз рӯи донишу ҷаҳонбинии худ ҳодисаву воқеаҳоро таҳлил  намуда, хулосаи зарурии худро мебароранд. Мутаассифона зумрае аз одамон ба зиндагии воқеӣ камтар аҳамият дода, ба навиштаҷоту  хабархои  шахсони алоҳида такя мекунанд. Бадии кор дар он аст, ки онҳо  хулосабардории безаминаро  бовар намуда, ба дигарон талқин менамоянд. Чунин шахси  иѓвоангез Муҳиддин Кабирӣ-собиқ раиси ҲНИТ мебошад, ки шарм накарда  дар мусоҳибаҳои худ фикрҳои пучу холиро  иброз медорад, ки    ягон суханаш ба ҳақиқат наздик нест. Ӯ бо таҳрифи воқеият дастовардҳои назарраси замони истиқлолиятро, ки бо ҷаҳду талоши фарзанди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, “шоҳкориҳои ҲНИТ” мехонад. Кабирӣ дар ҳоле аз ҳизби ифротию кисагии худ ситоиш мекунад, ки даст доштани ин ҳизб дар ташкили ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои мардум бармало гаридааст. Вақт собит сохт, ки агар ташкилоти террористии ҲНИТ имон ба Худо, садоқат ба мардум ва хизмат ба Ватан медошт, ҳаргиз ба ин ваҳшоният даст намезад. Агар мардум дар ёд дошта бошанд, Хукумати имрӯза дар солҳои аввали фаъолияташ аз ин ҳизб пуштибонӣ дошт, ҳамаи имкониятҳоро ба онҳо муҳайё кард, ҳатто ба онҳо мансаб дод. Вале аз ин шароити мусоид  истифода бурда, онҳо  ба чӣ корҳое даст назаданд. Дар урфият мегуянд «Он чӣ айён аст, ҳоҷат ба байён нест». Бинобар ин, Кабириро  зарур аст, ки пеш аз оне, ки дар ҷое ҳамсӯҳбат мегардад, аввал  андеша карда баъд сухан гӯяд. Ростӣ, кас ҳайрон мешавад, ки агар аз Кибирӣ доир ба дастовардҳои ҳизбаш пурсанд, чӣ посух мегуфта бошад? Хиёнат? Разолат? Қатлу куштор?...

Ноогоҳтарин ва камсаводтарин шахс медонад, ки натиҷаи кори ташкилоти террористии наҳзат чист. Имрӯз  қариб тамоми қишри ҷомеа саводу маданияти баландро доро ҳастанд ва ман боварии комил дорам, ки  суханҳои пур аз фитнаи Кабириву ҳаммаслаконаш ба онҳо ҳеҷ таъсир намекунад. Чунки халқи  имруза халқи соли 1990-ум нест, ки ба фитнаи палидон бовар кунад, Имрӯз бо шарофати сиёсати  Хукумат  тамоми мардум аз нозукиҳои дини мубини ислом огоҳ ҳастанд, иттиллоъ доранд, шариати исломиро мефаҳманд, чунки китоби муқаддаси Қуръон бо иқдоми Пешвои арҷманди мо бо забони тоҷикӣ дастраси ҳамагон гашт. Худсафедкунии Кабириву пайравонаш дигар суде надорад. Зеро имрӯз бо сиёсати  дурусташ  Ҳукумати  Тоҷикистонро ҷаҳон  мешиносад, эътироф менамояд ва ҳамкориҳо дорад. Кабириву дигар наҳзатиҳоро бошад, ҳатто хешу таборонашон чашми дидан надоранд. Чунки аз рӯи рафторҳои ғайриинсониашон онҳо дар назди мардум сархаманд. Кабирӣ  ба мисли заргӯше пинҳон шуда Ҳукумат мегӯяд. Тӯҳмат мегӯяд! Аммо як мантиқи соддаро бояд ба назар гирифт, ки инсони ободкору ватандӯст хеҷ вақт дар хориҷа истода нисбати Ватани худ носипосӣ намекунад.

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита