МАВЗӮИ БАҲСИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ: АЗ ВНМО ТО ҲИФЗИ МАЗҲАБ

  • Posted on: 25 May 2018
  • By: admin

24-уми май дар толори Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо иштироки сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев, 14 нафар мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сармутахассисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва беш аз 150 нафар имохатибон ва имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар аввал Сардухтури Маркази бемориҳои ВНМО шаҳри Ваҳдат Абдурашид Раҷабов доир ба бемориҳои сироятӣ аз ҷумла, Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) баромад намуд. Зимни баромадаш роҷеъ ба гузаштани  шаҳрвандон аз аз қайди ҳатмии тиббӣ, назорати мутахассисон ҳангоми аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадан ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, ҳифзу гиромидошти муқаддасоти миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ, тоза нигоҳ доштани қабристонҳо, афзоиш додани амалҳои хайру савоб баромад намуд.

М.Маҳрамбеков – котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмуд Сангалиев,  мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳадафҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, пешгирии коррупсия, Консепсияи сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, зарурати ҳифзи мазҳаби аҷдодӣ, таблиғи ақидаи мазҳаби имом Абӯҳанифа ва ғайра баромад намуданд.