ДАР РОҲИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон  бахшида шуда буд, ин моҳи шарифро моҳи хайру савоб ва сабру таҳамул хонданд. Воқеан, Аз сарчашмаҳои дини мубини ислом барои мо маълум аст, ки Расули акрам (с) дар ин моҳ беш аз пеш саховатмандтар мешуданд ва намунаи возеҳи инсондӯстиро нишон медоданд.

Дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат дар ин мулоқоти худ ироа доштанд, ҳама баргирифта аз сарчашмаҳои шаръи шариф, хоссатан мазҳаби ҳанафӣ мебошад, ки пайравӣ ва амал кардан ба он қарзи имониву инсонии ҳар як мусулмони комил аст. Зеро мо бояд, ки дар ин моҳ дари хайру саховатро ба рӯи ятимон, бечорагону муҳтоҷон бикшоем. Зеро:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Яке аз рукнҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазон барои шахсони доро ин додани садақаи фитр ва закоти мол мебошад. Аз ин лиҳоз, шахсоне, ки садақаи фитр ё закот медиҳанд, бояд онро ба мустаҳиққонашон, ки Худованд дар Қуръони карим муайян кардааст, пешниҳод намоянд. Зеро бо дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа мо ҳам аҷру савоб мегирем, ҳам дар ободии як хонадон, як маҳал, як деҳа ва дар маҷмӯъ, сарзамини биҳиштосоямон саҳми фарзандии худро мегузорем.

М.Қаландаров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи н. Кӯшониён