“КОРИ ХУД КУН, КОРИ БЕГОНА МАКУН!”. ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ СОҲА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Изҳороти аҳли намояндагии бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва ходимони дини шаҳр доир ба сиёсати хоинона ва амалҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ

Мо ҳамагон шоҳиди онем, ки Тоҷикистони азизи мо  имрӯз инкишоф ёфта истода, дар фазои он суботу оромӣ ва тинҷӣ ҳукмфармост. Маҳз  бо сиёсати хирадмандона ва халқпарвари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рушди куллӣ ёфта истодаанд.

Вале дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз муаммои шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ боқӣ мемонад ва мо хуб медонем, ки тоифае буданду ҳастанд, ки фарҳанги диниро манбаи суди хеш қарор дода, бо ҳар роҳ мехоҳанд тундгароиро, ки сабабгори асосии дурӣ аз рушду пешравӣ аст, дар ҷомеа тарғиб намоянд.

Хуб дар ёд дорем, ки душманони миилати мо солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳандозии собиқ ҳизби террористии наҳзат бо кумаки якчанд афроди хоин бар зидди давлату миллатамон мубориза бурда, ҷанги таҳмилиро давом медоданд. Ин бадбахтҳо гумон надоштанд, ки хоҷагони хориҷиашон бо истифода аз нерӯи онон фаъолони ҷомеаи моро нобуд месозанд. Ахиран маълум гардид, ки ин афрод нақшаҳои хиёнаткорона ва чоплусонаи кадом аз давлатҳои ба мо “дӯсту бародар”-ро иҷро мекарданд. Мутаассифона, ин амалҳои номатлуб зери шиори динӣ анҷом дода мешуданд.

Дар ҳаққи ин тоифаи гумном устод Фирдавсӣ чунин баён намудааст:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

 Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Мо гузаштагони бузургу шинохтаи ҷаҳонӣ дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем. Бузургони мо шарти асосии зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро  дар омӯхтани илму ҳунар, инсондӯстӣ, некӣ ва дигар амалҳои хуб дидаанд. На монанди собиқ ҳизби террористии наҳзат ва бародарону оғоҳояш, ки бар сари мардуми мо фақат тафриқаву бало оварданд.

Имрӯз чуноне ки мо медонем, барои таълимоти динӣ ҷавонони кишвари мо ба давлати Эрон рафта таҳсил намуда истодаанд. Боварии комил дорем, ки ин кишвар наҳзатиёнро дастгирӣ мекарду карда истодааст ва таълимоти ин ҷавонон зери суол боқӣ мемонад. Он афроде, ки ба куштори олимону зиёиёни кишвари мо даст доштанд, таълимоти диниро низ дар ин кишвар гирифта буданд. Ба ҳамин хотир, бояд падару модарон, ки фарзандашон дар ин кишвар таҳсил мекунанд, ҷиҳати баргардонидани онҳо кӯшиш намоянд. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Дар маконе, ки некбинӣ вуҷуд надорад ва эҳтиром ба муқаддасоти миллати дигар нест, таълимоти неку ояндадорро интизор будан номумкин аст.

Саъдии бузургвор фармудааст:

Гар нишинад фариштае бо дев,

Ваҳшат омӯзаду хиёнату рев.

Аз бадон некӯӣ наёмӯзӣ,

Накунад гург пӯстиндӯзӣ.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ хуб баён намуданд, ки онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.

Имрӯз фаъолони собиқ ҳизби террористии наҳзат дар кишварҳои дигар низ суханбозиву ҳашаматсозӣ ва тафриқаандозӣ доранд ва гумон дорем, ки қадами номубораки наҳзат, ҳар куҷо гар расад онҷо кинаву адоват реша медавонад.

Аз ин рӯ, мо кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол минбаъд низ барои ба камол расидани насли ояндасоз ва бомаърифату ватандӯст аз тамоми имконот истифода менамоем. Ба тарафдорон ва хоҷагони собиқ ҳизби террористии наҳзат аз забони Мавлонои бузург гуфтанием:

Дар замини дигарон хона макун,

Кори худ кун кори бегона макун!

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ  ва имомхатибони шаҳри Истиқлол