ЭЪТИРОЗИ БЕДОРДИЛОН

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Дар яке аз суханрониҳои худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки:

«Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон».

Пайғомбари Худо (с) фармудаанд: «дин насиҳат ва хайрандешӣ аст. Гуфтанд: барои чи касе? Фармуданд: барои Худо ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои роҳбарони мусулмонҳо ва барои ҳамаи муслимин».

Ҳоло замест, ки мо пайравони мазҳаби Имоми Аъзам ҳарчи бештар дар ақидаамон устувор бошем, ба ифротгароёну иғвогарон, онҳое, ки аз номи ислом суханҳои бардурӯғ мегӯянд, мазҳаби моро таҳқир мекунанд, бо кору амали худ посухи саривақтӣ бидиҳем.

Зеро замона исбот намуд, ки натиҷаи ташкили ҳизбҳои «исломӣ» ва сиёсӣ  кардани ислом ба муборизаҳои ҳизбӣ печидан ва ба хун оғушта кардани мардум мебошад.

Ҳизб ё аҳзоби сиёсӣ як гурӯҳи одамонро дарбар мегирад, ки ҳадафи онҳо ба тариқи таблиғи ҳадафмандона  ба даст овардани ҳокимият мебошад.

Ба мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 1992-1996 чӣ мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард. Ҳизбиёни хиёнаткор бо роҳбарони худ Ватан, миллат ва мазҳаби худро фурӯхтанд.

Ҷонибдорони Кабирӣ дар мамлакатҳои ғарб ба роҳбари ҳизби манъшуда ва террористӣ эълоншуда гӯш медиҳанд, бо кумаки хоҷагони пасипардагии худ амал мекунанд. Яъне, ҳарчи хоҳанд, дар бораи Тоҷикистону тоҷикон мегӯянд.

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4 сентябри соли 2015 бо сардории Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҷонибдории раиси ташкилоти террористии ҲНИТ М. Кабирӣ бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халалдор намудани амнияти давлат маҳз барои расидан ба ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон буд. Худи раиси собиқи ТЭТ ҲНИТ Ҳиматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд».

Ҳақ ба ҷониби донишмандони мазҳабиамон аст, ки зарурат надоштани ташкили чунин ҳизбро дар Тоҷикистон таъкид намуда гуфта буданд: «барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳизби наҳзатӣ ислом лозим нест».

Албатта донандагони мазҳаби Имоми Аъзам аз амалу суханронии собиқ раис ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш хулоса бароварда, барои покизагии мазҳаби худ ва барои қабул накардани мазҳаби ғайр, ки хоси миллати мо нест, мубориза мебаранд.

Мо тарафдори онем, ки мардуми мо аз осудагиву сулҳу суботи комил, аз амнияти хонаводагии худ, аз дину мазҳаби худ дифоъ кунанд. Он гунае ки чанд бедордиле дар назди сафорати Эрон бо шиору ҳадафҳои муайян намоиши эътирозӣ доир намуданд.

М. Ҷамолиддинов,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии н. Ашт