ҒАМХОРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Масъалаи маданияти миллӣ, ҳифзи асолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани  шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва ҳисии баланди миллӣ, инчунин ба ҷои кор таъмин намудани шахсони бекор як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст.

Яке аз чунин иқдомоти нек қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими наъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки натоиҷи зиёди моддиву маънавие ба ҷомеаи мо дод.

Бояд зикр намуд, ки нақши ходимони дин дар риояи қонун ҳангоми баргузории маросимҳои мардумӣ, аз ҷумла дафну азодорӣ ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ, аҳли динро зарур аст, ки бо истифода аз мавқеъ ва нуфӯзи худ дар ҷомеа ва дар асоси муқаррароти шариати исломӣ ба риояи бечуну чарои ин санад мусоидат намоянд, зеро қонуни мазкур низ ба арзишҳои асли мазҳаби ҳанафӣ, сарфаю сарфакорӣ, инсонгароӣ, таҳамулпазирӣ, такия намуда, мақсад ва ҳадафи асосиаш ҳимояи манфиатҳои молӣ ва тарбияи оини дурусти зиндагӣ мебошад. Имрӯз дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба хотири нигоҳ доштани вазъи муътадили иқтисодии мардум ба ақли солим такя карда, аз исрофкорӣ ва худнамоии зиёдати даст кашидаанд. Агар шаҳрвандон даромади худро сарфакорона истифода набаранд, мо ба иқтисоди пурқувват ва пастшавии сатҳи камбизоатӣ расида наметавонем. Бузургон дуруст гуфтаанд, ки дар назди исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда кони тилло ҳам бақо надорад. Аз ин рӯ мо бояд донем, ки ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад. Моро зарур аст, ки баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва насли ҳозир ва ояндаамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Мо ва ҳамватанони мо шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир дар як қатор кишварҳои олам бо сабаби ҳифз нашудани асолати миллӣ  муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор, одамон ба мушкилоти сангин ва ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди фоҷиабор боиси марги ҳазорон нафар аҳолии осоишта мегардад. Ҳамеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун носеҳи ғамхор ба миллати соҳибтамаддуни хеш, ки фоҷиаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст, борҳо аз таърих ёдовар шуда, таъкид мекунанд, ки дигар ба саҳифаҳои гузаштаи таърих барнагардем ва ҳамеша дар пайи ободии давлату миллати хеш бошем, ки ин рӯзро ниёгони мо дар тӯли қарнҳо орзу мекарданд. Вале ин неъмати бебаҳо бо заҳмату талошҳои абармардони хирад насиби мо гашт, инро бояд қадр кунем.

Мирзомуддин Пиров,

устоди кафедраи фалсафа

ва илмҳои  ҷамъиятии Донишкадаи исломии Тоҷикистон