МАҒЗШӮИИ ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Эътирозе, ки санаи 21 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе, дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид, ҳодисаи тасодуфӣ ва ғайричашмдошт набуда, балки табиӣ ва ногузир буд. Ин ҳодиса аслан реша ба муносибати муғризона ва ҳадафманди ҳукумати ҶИЭ нисбат ба миллату давлати тоҷикон дорад. Гап дар сари он аст, ки тоҷикон ҳамеша ба Эрон, аз ҷумла ба ҳукумати имрӯзаи он, ба чашми нек менигаристанд ва аз доштани фарҳангу забон ва решаҳои қавмии муштарак бо эрониён ифтихор мекарданд, Эрону Тоҷикистонро ватани муштараки ҳамдигар меҳисобиданд, ки таърихи тӯлонии ҳастии ин ду миллат инро исбот менамояд. Воқеан, дар тӯли таърихи ҳастии худ ин ду миллат бо ҳамдигар ҳамчун ду бародари ба ҳам пайванд муомилаю муносибат менамуданд. Вале ҳамаи ин муносибатҳо дар вақтҳои охир тағйир ёфтанд, ки реша ба ғалабаи «инқилоби исломӣ»-и Эрон дар солҳои 1978-79 дорад. 

Ғалабаи  «инқилоби исломӣ» дар Эрон ҳукумати исломиеро ба сари қудрат овард, ки он ҳадафҳои қудратхоҳиро дар ҷаҳони ислом вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор дод. Ҳукумати исломии ҶИЭ бо истифода аз таҷрибаи инқилоби мазкур ва эътиқоди динии мусулмонон ҳадафҳои қудратхоҳӣ ва геосиёсии худро дар минтақа хост тавассути интиқоли «инқилоби исломӣ» ба кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, роҳандозӣ намояд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҳамчун давлати навистиқлоли заиф буд ва дар интихоби роҳи тараққиёти ояндаи худ қарор дошт, ба ҶИЭ лаҳзаи қулайро барои интиқоли «инқилоби исломӣ» дар Тоҷикистон фароҳам овард. Бояд гуфт, ки барои пиёда сох¬та¬ни ин ҳадафҳои геосиёсии худ ҶИЭ дар кишвари мо аз ҳамфарҳангию ҳамзабонии таърихии ин ду миллат низ суиистифода намуд.

Ҳукумати ҶИЭ соли 1991 аввалин шуда, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва тоҷикистониён ин иқдоми ҶИЭ-ро бо қалби поку пиндори нек пазируфтанд ва ба таъсис додани сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварданд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки ин муносибати ба ном «дӯстона»-и ҶИЭ ба «бародарон»-и тоҷикаш нияту ҳадафҳои муғризона доштааст. ҶИЭ сафорати худро дар шароити бӯҳронии ибтидои солҳои 90-уми Тоҷикистон на ба хотири барқарор кардани муносибатҳои неки бародарӣ ва ҳамкориҳои тарафайн, балки ба мақсади роҳбарӣ кардани фаъоли¬яти таҳрибкорӣ, экстремистӣ ва террористииТЭТ ҲНИТ ташкил дода будааст.

Ҳамзамон ошкор гашт, ки ТЭТ ҲНИТ ҳанӯз қабл аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ташкилоти хадамоти махсуси ҶИЭ табдил ёфта, барои дар Тоҷикистон пиёда сохтани «Инқилоби исломӣ» ва таъсис додани «Давлати исломӣ»-и навъи ҶИЭ, ки идеологияи расмияшро фирқаи шиаи дувоздаҳимома (исноашариа) ташкил медиҳад, тайёрӣ медидааст. Беҳуда нест, ки баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварону пешвоёни ТЭТ ҲНИТ курсҳои махсуси тайёриро дар ҶИЭ гузашта, мактаби мағзшӯии ҶИЭ-ро омӯхта омада буданд. Моҳияти ин мағзшӯиро шиасозии мардуми Тоҷикистон ташкил медод. Пеш аз ҳама, худи сарварону пайравони ТЭТ ҲНИТ шиаи дувоздаҳимомаро қабул карда, ақида ва маросиму сарулибоси ин фирқаро тарғиб мекарданд. Бо пуштибонию ёрии молиявии ҶИЭ ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон «инқилоби исломӣ»-ро дар шакли таъсис додани тазоҳуротҳои васеи сиёсии оммавӣ, ки ҳанӯз дар соли 1990 онро ба ҳайси таҷрибаи сиёсӣ таъсис дода буд, оғоз намуд. Ин тазоҳуротҳо оқибат дар соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта, на танҳо боиси марги зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони кишвар гардид, балки ҳамчунин ҳисороти бузурги иқтисодию маънавиро ба бор овард, ки мардуми Тоҷикистон то имрӯз ҳамаи оқибатҳои онро бартараф накардааст. Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон баён доштанд, танҳо зарари иқтисодии «инқилоби исломӣ»-и роҳандозӣ кардаи ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИТ зиёда аз 10 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки то имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи андешамандӣ ва ҳусни эҳтиром ба мардуми Эрон ҷуброни ин зарарро аз ҶИЭ талаб накардааст. Аммо Ҳукумати ҶИЭ то кунун ин ҷавонмардии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноди¬да мегирад. Ҳол он ки агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар назди Созмони Милали Муттаҳид ҷуброни зарари ҷанги шаҳрвандиро аз ҶИЭ талаб намояд, боварӣ дорем, ки СММ онро дастгирӣ мекунад. Вале тоҷикон мардуми таҳаммулпазир ва босабранд, ки ҳатто бадхоҳони худро дар ҳолати сахтию душворӣ озоре додан намехоҳанд.

Мусаллам аст, ки кӯшишҳои ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИТ дар мавриди таъсис додани «давлати исломӣ» дар солҳои 90-уми садаи ХХ дар Тоҷикистон шикаст хӯрд. Яке аз сабабҳои шикасти «инқилоби исломӣ» ва барномаи сиёсии ҶИЭ дар Тоҷикистон, ба андешаи камина, ин набудани заминаи иҷтимоӣ барои ғалабаи «инқилоби исломӣ» буд ва мебошад. ТЭТ ҲНИТ ҳарчанд як миқдор мардуми ноогоҳи баъзе минтақаҳои Тоҷикистонро ба майдони тазоҳуротҳо кашид ва он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил гардид, аммо аксари кулли мардуми кишвар чунин инқилобро напазируфтанд ва ба он муқовимати сахт нишон доданд. Мо боварӣ дорем, ки агар мардуми дар тазоҳуротҳо ширкат варзида аз ниятҳои нопоки ТЭТ ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон «давлати исломӣ»-и навъи ҶИЭ-ро таъсис дода, шиагароиро дар ин сарзамин паҳн намуда, бо ин усул манфиатҳои геосиёсии ҶИЭ-ро дар ин кишвар пиёда месозад, огоҳ мебуданд, ҳеҷ гоҳ аз ин иқдоми ТЭТ ҲНИТ пайгирӣ намекарданд. 

Ҳукумати ҶИЭ низ дертар дарк намуд, ки бе заминаи иҷтимоӣ «инқилоби исломӣ»-ро дар Тоҷикистон, чуноне ки дар Эрон шуда буд, ба амал баровардан ғайриимкон аст. Зеро дар Тоҷикистон 97-98%-и аҳолиро пайравони мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ ташкил медиҳанд. 

Бинобар ин ҶИЭ ҳанӯз баъди шикасти «инқилоби исломӣ»-и тавассути ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардааш тактика (на стретегия)-и сиёсии худро барои дар оянда амалӣ сохтани инқилоби мазкур тағйир дод. Моҳияти ин тағйироти тактикиро муҳайё сохтани заминаи иҷтимоӣ барои ташкил додани «инқилоби исломӣ»-и навъи эронӣ дар оянда ташкил медод. Албатта,  ҳанӯз аз охири солҳои 1991 ва 1992 сар карда, ҶИЭ маъракаи мағзшӯии ҷавонони тоҷикро бо роҳи ҷалб кардани онҳо ба донишгоҳҳои Эрон, ба хусус донишгоҳҳои исломии ин кишвар оғоз карда буд, ки ТЭТ ҲНИТ дар ҳалли ин масъала саҳми бориз дошт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки толибилмони тоҷике, ки ба донишгоҳҳои ҶИЭ барои таҳсил рафтаанд, аксаран аз ҳамон ноҳияҳоеанд, ки дар он ҷо таъсири собиқ ТЭТ ҲНИТ дар гузашта бештар ба назар мерасад.

Тааҷубовар он аст, ки ҶИЭ толибимони тоҷикро аз ҳисоби худ бе пул таълим медод, яъне гӯё ҶИЭ барои Ҷумҳурии Тоҷикистони «бародар» кадрҳоро аз ҳисоби маблағи худ тайёр карда мефиристад. Саволе ба миён меояд, ки давлате, ки тавассути ТЭТ ҲНИТ кишвари Тоҷикистонро ба хоку хун олуда сохта, онро харобу вайрон кардааст ва имрӯз роҳбарону аъзоёни дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доштаи ин ҳизбро зери ҳимояи худ гирифтааст, оё метавонад барои Тоҷикистон кадрҳоро аз ҳисоби маблағи худ тайёр намояд? Не, ин тавр нест. ҶИЭ бо ҷалб кардани толибилмони тоҷик ба донишгоҳҳои худ ва бе пул таълим додани онҳо мехоҳад, ки барои дар оянда пиёда сохтани мақсадҳои ғаразноки худ дар Тоҷикистон мубаллиғони тарғибгари шиаро омода созад, то ки дар оянда дар Тоҷикистон шиагароӣ ва ғояҳои «инқилоби исломӣ»-ро паҳн намуда, заминаи иҷтимоиро барои инқилоби оянда муҳайё созад. Ҳанӯз баъди имзои протоколи ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон аз 27-уми июни соли 1997 сарвари рӯҳонии ТЭТ ҲНИТ Саид Абдуллои Нурӣ озими Теҳрон шуда, баъди анҷом додани мулоқотҳо бо хоҷагони эронии худ ба шаҳри Қум, ки маркази омодасозии мубаллиғо¬ни шиа мебошад, омада, бо зиёда аз ҳазор нафар толибилмони тоҷики дар донишгоҳҳои ин шаҳр таълимгиранда вохӯрӣ гузаронида, ба онҳо гуфта буд, ки «мо дар Маскав сулҳи ҳасанаро барқарор кардем, вале фаромӯш накунед, ки ҷангҳои ҳусайнӣ дар пешанд ва ҳамаи шумо дар оянда кадрҳои Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон ҳастед». «Ҷангҳои ҳусайнӣ» ҳамон ҷангест, ки имоми шиаҳо Ҳусейн – писари Алӣ ибни Абӯтолиб дар дашти Карбало барои ҳокимият дар Хилофат ҷангида, аз дасти мухолифони худ кушта шуда буд. Бинобар он баъди соли 1997 ҷалб кардани толибилмони тоҷик, чӣ ҷавонписарон ва чӣ духтарон ба донишгоҳҳои олии ҶИЭ хеле бо суръат афзуд, ки саҳми ТЭТ ҲНИТ дар ин кор хеле калон аст.

Мавриди ёдоварист, ки мағзшӯии толибилмони тоҷик танҳо дар доираи ҶИЭ маҳдуд намешавад. Мувофиқи гуфти шоҳидон ва маълу-мот¬¬ҳои дақиқ бо маблағгузории ҶИЭ мағзшӯии толибилмони тоҷик бо мақсади шиасозии онҳо тавассути ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон, Покис¬тон, Афғонистон, Руссия ва ғайра низ сурат мегирад. Мувофиқи шаҳо¬дати шоҳидони воқеӣ ТЭТ ҲНИТ дар Покистон ба толибилмоне, ки шиаро қабул кардаанд, ёрии хуби моддию молиявӣ мерасонад. Вале ба он толибилмоне, ки дар мазҳаби ҳанафианд, ягон гуна ёрии моддӣ ё молиявиро ҷоиз намедонад, ки ҳамаи онҳо аз ҶИЭ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Як нуктаи муҳимро низ бояд ёдовар шуд, ки фирқаи шиаи дувоздаҳимома, ки имрӯз хусусияти хумайнигароӣ низ касб кардааст, ҳамчун мазҳаби ҳанафӣ фирқаи таҳаммулпазир нест. Зеро ин фирқа дар пояи равияи шиаи ибтидоӣ-бунёдӣ, ки дар натиҷаи муборизаҳои сиёсӣ барои ҳокимият дар хилофат пайдо шудааст, ташаккул ёфтааст ва аз ин нигоҳ хусусияти сахти сиёсӣ ва ифротӣ дошта, ҷиҳод бо аҳли суннату ҷамоатро ҷоиз меҳисобад. Аз ин рӯ, ин фирқа ба осонӣ бо экстремизму терроризм пайванд мегирад, чуноне ки мо онро дар таҷрибаи «инқилобҳои   исломӣ»-и ҶИЭ, ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон, таҷрибаи муносибати Ҳукумати ҶИЭ ба мухолифонаш ва дар таҷрибаи «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон дар кишварҳои мусулмонӣ мушоҳида мекунем. Ногуфта намонад, ки ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон аслан ҳамон нақши «Ҳизбуллоҳ»-ро мебозид. 

Дар айни замон, набояд фаромӯш кард, ки Ҳукумати ҶИЭ хусусияти эронситезӣ дорад. Ин дар он ифода меёбад, ки ин Ҳукумат ба фарҳангу арзишҳои асили эронӣ, ки пояи ҳастии мардумони эронӣ, аз  ҷумла тоҷиконро, ташкил дода, омили асосии ташаккули худшиносии онҳо мебошад, ҳамчун фарҳанги ғайриисломӣ (аниқтараш ғайриарабӣ) инкор мекунад, ки он тавассути низоми маорифи ҶИЭ амалӣ мегардад. Чунин сиёсати эронситезии Ҳукумати ҶИЭ ихтилофи шадид бо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус сиёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дорад. Аз ин нигоҳ мағзшӯии толибилмони тоҷик танҳо дар доираи шиасозии онҳо маҳдуд нашуда, он ихтилофи шадид доштани низоми таълими ҶИЭ-ро нисбат ба хотираи таърихию арзишҳои миллии тоҷикон низ фаро мегирад.  

Аз ин рӯ, таълими толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои ҶИЭ барои амну суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад хатарбор бошад ва ҳарчӣ зудтар баргардонидани онҳо ба ватан амри зарурист. Дар асоси далелҳои баёнгардида бояд гуфт, ки талаби эътирозчиёни тоҷик дар назди сафорати ҶИЭ дар Душанбе оид ба баргардонидани толибилмони тоҷикистонӣ аз донишгоҳҳои ҶИЭ ба ватан натиҷаи сиёсати муғризона ва нодурусти ҶИЭ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, табиӣ ва дуруст мебошад. 

 Қамар НУРУЛҲАҚОВ