ЭҲТИЁТ АЗ “БАРОДАР”

  • Posted on: 28 May 2018
  • By: admin

Вақеан, асри 21 бо вуҷуди пешравиҳои технологияш ба ҷомеаи башар мушкилотҳои гушношунидро овард, ки тамоми мардуми сайёра аз он ранҷ мебаранд. Ин мушкилиҳо дар шаклҳои гуногун “нарму” “шиддатнок” зуҳур карда, дар рагу хуни миллатҳо ҷорӣ шудааст. Мутаассифона, ин ҷараёнҳо аз ҷониби кишварҳое роҳандозӣ мегардад, ки мардум онҳоро “кишварҳои исломӣ” медонанд. Яке аз пешоҳангони паҳнкунандаи ин вабои аср Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад, ки аз ҳамзабонии миллати мардуми шарифи мо-тоҷикистониён сӯистифода намуда, аз рӯзҳои нахустини Истиқлолият худро ҳамчун “дӯсти меҳрубон” нишон дода, “кумакҳои беғаразона” пешкаш намуд. Аммо мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо – нияту ғаразҳои нопоки онҳоро фаҳмида, аз рӯи шиори “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” кор карда, чеҳраи воқеии онҳоро ба ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон шиносонд.

Кишвари Эрон аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии баамаломада сӯистифода намуда, равия ва ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хатарнокро вориди кишварамон намуд, ки имрӯз обрӯи ин миллати пурифтихорро мерезонанд. Эрон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёри кишваҳои мусулмонӣ гурӯҳҳои мазҳабӣ-террористиро таъсис дода маблағгузорӣ менамояд, ки ҳузури мардуми осоиштаро аз байн бурда, онҳоро сараону саргардон менамояд.

Аз ин рӯ, аз мардуми тоҷик ба таври хос ва умуман мусулмонони ҷаҳон бояд ҳарчи бештар ҳушёру зирак бошанд, то фирефтаи дурӯғҳои ин гуна “бародарон” нашаванд ва оромии кишвару миллати худро халалдор насозанд.

Иброҳим Хайруллоев,

сардори шуъбаи илми Донишкадаи исломии Тоҷикистон