ФИТНАИ МОРИ ХОБИДА

  • Posted on: 29 May 2018
  • By: admin

Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва ватанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Лекин мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки ободиву тараққиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро дида наметавонанд.

Ҳамеша дар фикри он мебошанд, ки кишвари моро мисли Сурияву Ироқ, Афғонистоу Покистон ба вартаи ҳалокат афкананд. Имрўз душман роҳҳи дигареро интихоб кардааст. Худро ғамхори миллати тоҷик, ҳанафимазҳаб нишон дода, ақидаҳои салафӣ, таҳрирӣ ва бемазҳабиро дар байни мардум паҳн мекунад. Тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои телевизионии хориҷӣ ва амсоли инҳо тарғиботи густурда бурдаву мафҳуми миллатро аслан қабул надоранд.

Чунин мепиндоранд, ки дар ислом нест. Ҳол он ки Худои таъолло дар Қуръони Карим, дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурат» фармудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридаем ва шуморо қавмҳо ва қаибилаҳо сохтем, то ба якдигар шинос шавад».

Агар душманони милатҳо барои аз байн бурдани давлате ва ё миллате қасд дошта бошанд, қувваҳои дохилие, ки барои онҳо кумак мекунад, пайдо мекунанд. Танҳо қувваи дохила барои амалӣ гаштани нақшаҳои ѓаразноки душманони милату давлат шароит омода мекунанд. Тоҷикистони азиз яке аз давлатҳое аст, ки аз рўзе истиқлолияти давлатиро ба даст овардааст, ба чунон воқеаҳо рӯбарӯ шуда истодааст. Ҳукумати мамлакат бо сардории Пешвои миллат ҳамеша кӯшиш карда истодаанд, то оромию амният пойдор устувор боқӣ бимонад ва миллати тоҷик ба мисли дигар давлатҳои ҷангзада, ки мардумашон сарсону саргардон мебошад, сарсон ва саргардон ва муҳтоҷу бозичаи дигарон набошанд. Лекин мутаассифона, имрўзҳо ба назар мерасад, ки душманони милат аз хориҷи кишвар истода, бар зидди ҳукумат мардумро даъват карда истодаанд. Ин душманон аз дигар миллат неву балки мутаасифона аз миллати ТОҶИК ҳастанд.

Дар тӯли таърих чунин ба назар мерасад, ки яке аз миллатҳое, ба дунё як бор неву балки чандин бор фарҳанг ва ахлоқи одамӣ ҳадя кардааст, миллат тоҷик аст. Мисоли одии он замони шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки бо фарҳанг ва ахлоқи тоҷикии худ ҷаҳонро маҷбур кард, ки зонуи таъзим фурӯд оваранд, вале имрўз мебинем, ки баъзе фарзандони нохалафи миллат дар мисоли Кабириву ҳаммаслаконаш бар муқобили миллати худ баромада истодаанд ва ин муқобилият ё хости хоҷагони хориҷии онҳост ва ё  худи онҳо аз асолати худ фарсахҳо дур мондаанд.Зеро модари тоҷик тарбиятгари чунин фарзандон набуда, ин миллат аз замони мавҷудият то кунун танҳо барои сулҳу ваҳдату якпорчагӣ ва ѓамхорӣ нисбат ба якдигар даъват кардааст. Ва барои фарзандони тоҷик чунин хиёнатҳо нанг мебошад, вале мутаасифон имрўзҳо дар шабакаҳои интернети баъзе фарзандони модари тоҷикро мебинем, ки дар баробари фарзанди модари тоҷик будан муқобили модар ва давлати худ  бо баромадҳои фитнаангезона ва ҷудоиангезона номи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ паст задан мехоҳанд. Аз ҳама нанговар он аст, ки онҳо дар ин роҳ аз давлатҳои дигар кумак хоста истодаанд. Оё ин амал зебандаи фарзанди  тоҷик аст, ки дар байни бародарони худ тафриқа ва фитна биандозад, дар ҳоле ки мусалмон буда, даъвои пайравӣ ба динро дорад.

Расули Худо (с) дар ҳадиси муборак мефармоянд: “Фитна ба мисли мори хобида аст. Лаънати Худо бар касе бод, ки ӯро бедор мекунад.  

Аҷиб он аст, ки кадом гурӯҳе, ки мухолифи давлат ва миллат мебарояд, шиори аввалини онҳо аз ҳуқуқи инсон ва озодии дин шуруъ мешавад. Зеро хоҷагони хориҷиашон ба онҳо ҳамин шеваи “рақобат”-ро таълим медиҳанд.

Аммо чунин шахсон бояд ҳамеша дар хотир доранд, ки дар кадом давру замоне набошад пайваста мавриди нафрати халқ қарор хоҳанд дошт. Зеро халқ ҳамчун бузургтарин неруи ҷамъият ҳаргиз хиёнатро намебахшад.

Дини ислом дини пок ва дур аз ифлосиҳост ва дини нуру ҳидоят аст. Тафриқа ва тарфриқаандозиро ҳеҷ гоҳ тарафдорӣ накардааст ва нахоҳад кард. Худованд дар каломи муборки худ мефамояд. “Ба ресмони Худованд чанг бизанед ва байни худ тафриқа наандозед. Ё дар ҷои дигар Худованд мефармояд Ва мисли касоне набошед, ки тафриқа андохтанд ихтилоф кардаанд баъд аз он, ки оятҳои рушан омада буд.

Пас, оё зеби мусулмон тафриқаандозӣ аст? На. Мусалмон бояд хайрхоҳ бошад, ѓами бародари мусалмони худро хӯрда битавонад. Зеро Расули Худо мефармояд: “Муъмини комил нест нафаре аз шумо то ин ки дӯст надорад барои бародараш он чизеро, ки барои худаш дӯст медорад.

Нозим Тошпулотов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

 ба номи Қорӣ Абдулмаҷид

н. Кӯшониён