ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД!

  • Posted on: 30 May 2018
  • By: admin

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи ҷомеаи кишвар.

Мулоқоте, ки бахшида ба фарорасии моҳи мубораки Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар доштанд, бисёр ҷолиби диққат буд. Зеро ҳамаи масоиле, ки Пешвои миллат дар ин мулоқот муҳокима намуданд, ба ҳаёти рӯзмарраи халқ рабт дошт. 

Дарвоқеъ, дар арафаи ин моҳи шариф дасти хайру сахо ба табақаи ниёзманди ҷомеа бояд кушод. Худованди мутаъол ва Пайғамбари Ӯ ҳам ин гуна амалро меписандад. Худованд мефармояд: «Ҳамоно ҳама садақот аз барои фақирон (камбағалон) ва мискинон аст...». Дар ин ояи муборак Худованд ҳашт гурӯҳро номбар мекунад, ки ба садақа гирифтан ниёз доранд. Ҳадиси Пайғамбари Худо аст: «Ассадақоту тарудул балоа ва тазидул умра, яъне садақа балоро дур мекунад ва умрро дароз мегардонад». Бинобар ин, Сарвари давлат ишора карданд, ки дар баробари дигар шахсон соҳибкорону ходимони дин низ дар ин амали хайр пешоҳанг бошанд. Таъмири роҳ, сохтани пул, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, мактаб ва беморхона... ҳамаи инҳо ба садақаи ҷория дохил мешаванд.

Дар ҳадисе ишора шудааст «Ҳар гоҳе ки фарзанди одам аз дунё гузарад, номаи аъмолаш пӯшида мешавад, ба ҷуз се амал: донишманде, ки шогирд тарбия намояд, садақаи ҷория, фарзанди солеҳ».

Масъалаи дигар бемории вируси норасоии маснуияти одам (ВНМО) вабои аср аст. Яке аз шохаҳои он зинокорӣ мебошад. Худованд дар боби худдорӣ аз ин амали номатлуб мефармояд: «Ба зино наздикӣ накунед, ба дурустӣ, ки бад роҳест». Паёғамбари Худо (с) мефармояд: «Эй мардум аз зино бипарҳезед, пас ба дурусти, ки дар вай шаш хислат аст, сетои  он дар дунё ва сетои дигар дар охират. Пас ба дурустӣ он се, ки дар дунё аст, дур гаштани нури рӯй, мубтало гаштан ба фақирӣ, кӯтоҳ гаштани умр ва аммо он се, ки дар охират аст, яъне сахттарин гуноҳ, бадтарин ҳисоб ва дохил шудан дар оташи дӯзах».

Бузургон ҳам хуб мефармоянд:

                                    Абр бар н-ояд пайи манъи закот,

                                    Аз зино афтад вабо андар ҷиҳот.

Покии мазҳаб низ муҳимтарин масъалаҳое буд, ки Пешвои миллат дар мулоқоти худ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Пайғамбари Худо мефармояд: «Беҳтарин аср ҳамон асре аст, ки ман ба дунё омадам ва баъд аз ман ба дунё меоянд». Ин ҳадис ишора ба асри Имоми Аъзам низ дорад. Шайх Аттори Нишопурӣ мегӯяд:

                                   Он имомоне, ки карданд иҷтиҳод,

                                   Раҳмати Ҳақ бар равони ҷумла бод,

                                   Буҳанифа буд имоми босафо,

                                   Он сироҷи умматони Мустафо,

Пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ яке аз мавзӯое буд, ки дар рафти ин мулоқот мавриди муҳокима қарор гирифт. Гузаштагони мо хуб гуфтаанд:

                                  Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз,

                                  Зи мардони Худо мардӣ биёмӯз.

Пайғамбари Худо ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, донистани забонҳои давр даъват мекарданд. Пешвои миллат Соли 2017-ро ба он хотир “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ҷавонони мо масъулияти бештареро дар назди давлату миллат эҳсос намоянд. Яке аз омилҳое, ки ҷаҳонро ба ташвиш гузоштааст, терроризм ва экстремизм, алалхусус истифода аз номи дини мубини ислом маҳсуб мешавад. Пешвои миллати мо ба таври ҳамешагӣ аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз исломи мубин дифоъ намудаву мегӯяндд: «Террорист ватан, миллат, дин  ва мазҳаб надорад». Аз ин хотир, мебояд зери ин ояи муборака: “Ба ресмони худовандӣ ба якҷоягӣ чанг бизанед ва аз ҳамдигар ҷудо нашавед”- амал намоем. Чунонче бузургворе мегӯяд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,

Иброҳим Маҳмудов,

сархатиби масҷиди марказии ноҳияи

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ