ФАЗИЛАТИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН

  • Posted on: 30 May 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ ниҳода, нуфузу манзилати он дар арсаи байналмилал боло рафта истодааст. Ин ҳама созандагиву ободкориҳо дар натиҷаи сиёсати оқилона, ташаббус ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмамалӣ Раҳмон аст. Ватанро фарзандони фарзона, ватанпараст ва ҷонфидои миллат обод мекунанд ва ҳифз менамоянд.Имрӯзҳо ҳисси миллии ҷавонону наврасон боз ҳам боло рафта, ҷавонон қувваи худро барои донишомӯзӣ, ба корҳои нек ва ҳимояи марзу буми кишвар сарф намуда истодаанд. Солҳои охир ба назар мерасад, ки ҷавонони сарбаланди шаҳри Исфара бо дарки баланди ватандорӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ҷавонмардоне, ки хатмкунандагони Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баъд аз хатми донишгоҳ ба муҳлати як сол хизмати ҳарбиро адо мекунанд. Аҳсан ба чунин ҷавонмардон, ки барои адои қарзи худ дар назди Ватан-Модар адо мекунанд. Ҳимояи Ватан-Модар  аз имондорист.

Посбонӣ намудани марзу буми Ватан дар оятҳои китоби мубораки «Қуръон»-и карим низ зикр гардидаанд. Дар ин бора Худованд дар ояти 200-и сураи «Оли Имрон» мефармояд: “Эй мӯъминон сабр пеша кунед ва пойдорӣ варзед ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор гиред ва аз Худованд битарсед, бошад, ки растагор  шавед”. Инчунин, дар ояи 102-и сураи «Нисо» Худованд мефармояд: «Ва муъминон бояд эҳтиёти худ ва аслиҳаҳои худро бигиранд! (Яъне ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигиранд)».

Дар ҳадисҳои паёмбари Акрам (с.а) дар ин бора чунин омадааст:

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) омадааст, ки гуфтанд, Расули Худо (с)-ро шунидам, ки гуфтанд: Ду чашме ҳаст, ки онҳоро оташи дӯзах фаро намегирад. Якум, чашме, ки аз тарси Худо гиря карда ашк мерезад ва дуюм чашме, ки бо бедорӣ шабро дар посбонӣ гузаронидааст. Ин  ҳадисро Имом Термизӣ ривоят кардаанд.

Аз Салмони Форс (р) ривоят аст, ки ба нақл аз Расули Худо (с) гуфтанд: Риботи (посбонӣ) якшабонарӯзӣ дар назди Худо беҳтар аст аз рӯзаи якмоҳа бо шабзиндадориаш ва агар дар ҳамон ҷой вафот кунад, номаи амъолаш то ба рӯзи қиёмат пӯшида намешавад, инчунин Худованд ӯро аз азоби қабру қиёмат амон нигоҳ медорад. Ривояти  Имом Муслим.

Ҳамин тавр тамоми аскарону афсарон ва инчунин ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки барои амният, тинҷию оромӣ ва ҳимояи шаҳрвандону марзу буми кишварашон хизмати содиқона ва холисона мекунанд дар таҳти  ин ваъдаҳои Худованд ва Расули Ӯ (с) қарор хоҳанд гирифт.

М.Самадов,

имомхатиби масчиди ҷомеи

«Имоми Аъзам»-и шаҳри Исфара