МУҚОВИМАТИ УСТУВОР БА ТАҲДИДҲО – ОМИЛИ ТАҲКИМИ АМНИЯТ

  • Posted on: 30 May 2018
  • By: admin

Сиёсат ҳамчун соҳаи ҳаёти ҷомеа ва воситаи  ба амал баровардани манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва самти фаъолият дар ҳар як давру замон бо усулҳои хос, бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои давру замон ва макон, ки онро метавон ҳамчун фазои сиёсӣ маънидод намуд, амалӣ гашта, дар он риояи қонуниятҳои умумипазируфташуда ва дастовардҳои инсоният дар самти осон намудани раванди идоракунӣ пурра ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин нуқтаи назар, сиёсатро метавон ҳамчун мошини пуриқтидоре тасаввур намуд, ки дорои механизмҳои мукаммали таъмини фаъолият буда, ҳар яки он бо назардошти иҷрои  вазифаи дар наздаш гузошта қудрат дорад пайваста дар такомул буда, неруи худро баҳри афзун гардонидани самаранокии натиҷаҳои интизорӣ устувор гардонад.

Дар ҳошияи ин суханҳо метавон иброз намуд, ки иқтидор ва самаранокии ҳама гуна сиёсатро маҳз истифодаи усулҳо ва механизмҳое муайян менамоянд, ки субъекти сиёсат вобаста ба манфиатҳо ва мақсадҳои худ мехоҳад амалӣ намояд. Дар ин робита месазад зикр намоем, ки маҷмӯи ин усулу механизмҳо технологияҳои сиёсиро ташаккул медиҳанд, ки тавассути онҳо иродаи ҳокимият амалӣ карда мешавад. Дар  фарҳанги нави давлатдории мо, ки дорои анъанаҳои неки таърихӣ мебошад, ниҳоди сарварӣ тавассути ташаббускории доимӣ, таъмини идоракунии самараноки ҷомеа, шафофияти  корбарӣ, робитаи зич бо дигар ниҳодҳо, аз ҷумла, бо аҳли ҷамоат мақоми махсуси худро соҳиб буда, эътимод ва боварии иҷтимоиро пурра соҳиб гаштааст.  Дар ин раванд яке аз омилҳои таҳкимбахшанда- ин баррасии масъалаҳои муҳиму мубрами ҷомеа бо аҳли ҷамоати кишвар мебошад, ки дар раванди он бисёр масъалаҳои калидии дорои хусусияти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳаллу фасли худро дарёфт мекунанд. Ин таҷрибаи хуби идоракунӣ буда, имконият медиҳад, ки нуқтаи назари мардум ба инобат гирифта шавад. Чунин шеваи корбарӣ, ки бештар хоси демократияҳои бевосита мебошад, чиҳати фаъолгардонии ҷомеа, иштироки бевоситаи мардум дар раванди қабули қарорҳои муҳим, баррасии ошкоро ва шафофи масъалаҳои мубрам ва бо талаботи замон пайдошаванда нақши меҳварӣ дорад. Таҷрибаи қабули қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва раванди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, ки тавассути баррасии умумихалқӣ сурат гирифта буданд, нишон медиҳад, ки чунин усули корбарии сиёсӣ ва фароҳам овардани имконият баҳри ифодаи иродаи мардум эътимодро ба ҳокимияти сиёсӣ устувор гардонида, чиҳати шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аз ҷониби онҳо мусоидати комил менамояд.

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки 12 майи соли 2018 баргузор  гардид, намунаи беҳтарини густариши робитаи ҳокимият бо ҷомеа мебошад. Омӯзиши суханронии Пешвои муаззами миллат имконият медиҳад, то дар он рукнҳои муҳими зеринро ҷудо намоем, ки ҳар кадоми онҳо баҳри таъмини саодати рӯзгор, амнияти сартосарӣ, суботи комил, тарбияи насли худшинос ва муқовимати устувор дар рӯ ба рӯйи таҳдидҳои дарпешистода аҳамияти калони иҷтимоию сиёсиро доро мебошанд:

Якум, шинохти моҳият ва фазилати моҳи шарифи рамазон, аз олудаҳои хурофотӣ эмин доштани онҳо, дарки моҳияти рӯзадорӣ, хайру эҳсонкорӣ, риояи фарҳанги сариштакорӣ;

Дуюм, таҳкими мавқеи ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои баркамолу худшинос ва ба ҳамин васила, мусоидат намудан ба таҳкими худшиносӣ ва камолоти маънавии миллат, дарки муқаддасии истиқлолият ва ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои замони муосир;

Сеюм, муқовимат бар зидди ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва терроризм, сиёсӣ гардонидани ислом, ҳифзи ҷавҳари дини мубини ислом ҳамчун дини инсонгароёна, пешгирии амалҳои зиддиҷамъиятии ба дин робитадошта ва истифодаи дин барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсӣ. Чуноне ки омӯзишҳо нишон медиҳанд,  дар замони бархӯрди тамаддунҳо тамаддунҳои пурқувват тамаддунҳои хурдро фурӯ мебаранд. Вале тамаддуни исломӣ имрӯз тамаддуне нест, ки онро ба осонӣ фурӯ бурда шавад. Бинобар ҳамин ҳам яке аз усулҳои стратегии заифгардонии он таъсиси даҳҳо ва садҳо гурӯҳу равияҳои тундгаро ва ифротӣ мебошад, ки аз диди иқтидори демографию иқтисодӣ ва зеҳнӣ ҷаҳони исломро заиф мегардонанд. Ин стратегия стратегияи хавфнок буда, воқеияти сиёсии ҷаҳони имрӯза онро собит намуда истодааст. Бинобар ҳамин зарур аст, ки дарки ин хатар аз ҷониби ҳар як узви ин тамаддун эҳсос карда шавад.

Ин ҷанбаҳо аҳамияти муҳими сиёсӣ дошта, ҳар кадоми онҳо ҳамчун омили таҳкимбахшандаи суботу ягонагӣ хизмат менамоянд. Вобаста ба масъалаҳои дар мулоқот зикргардида месазад қайд намоем, ки меҳвари ҳамаи онҳоро ба диқкати ҷомеа расонидани таҳдиду хатарҳое ташкил медод, ки қувваҳои манфиатхоҳи геополитикӣ бо истифода аз дини мубини ислом мехоҳанд роҳандозӣ намоянд. Махсусан, хусусияти хатарнок касб намудани паҳншавии ифротгароию терроризм ва ҳудуди ноамниҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Ин ҳолат ба як қатор омилҳое вобастагӣ дорад, ки онҳоро метавон чунин маънидод намуд:

— якум, рушди босуръати раванди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки дар интихоби технологияҳои татбиқи ҳокимият ва қабули қарор на танҳо омилҳои дохилӣ, балки омилҳои беруна низ ба инобат гирифта шаванд. Зеро ягон кишвари дунё худро берун аз таъсирҳои ҷаҳонишавӣ дар марҳилаи кунунӣ эҳсос карда наметавонад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди фарогир марзи  кишварҳоро, новобаста ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таркиби миллию нажодӣ, динию мазҳабӣ фаро гирифта, истифодаи омилҳои гуногун дар ташаккули технологияҳои нав сурат гирифта истодааст;

— дуюм, татбиқи манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз қабили «бархӯрди тамаддунҳо» нишон медиҳад, ки бештар масъалаҳои дорои ҳассосияти баланд ва решаҳои амиқи зиддиятҳои таърихӣ дар ташаккули мақсадҳо ва моҳияти технологияҳои нави сиёсӣ васеъ шуда истодаанд. Дар чунин ҳолат истифодаи зиддиятҳои таърихан ташаккулёфтаи байни динҳо ва мазҳабҳо василаи самаранок ба ҳисоб меравад, ки аз он васеъ истифода мешавад;

— сеюм, васеъ шудани имкониятҳои ҷомеаи иттилоотӣ воқеияти истифодаи технологияҳои иттилоотиро дар раванди татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ васеъ намуда, дар ин самт шакли маълуми муҳориба зери унвони «ҷанги иттилоотӣ» ва «ҷанги шабакавӣ» ҳамчун василаи амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ мавқеи устувор касб менамояд;

— чорум, вазъи кунунии ташаккул ва рушди ҳадафҳои геополитикии абарқудратҳо хусусияти мушкилу пешгӯинашаванда касб намуда, воқеияти сиёсии кишварҳои  рӯ ба  инкишофро бо мушкилиҳои зиёд дар самти муайян намудани мавқеъ ва муносибати худ ба ҳодисоту зуҳуроти замони муосир мувоҷеҳ намуда истодааст. Вазъияти  сиёсӣ бо мураккабии махсуси худ фарқ намуда, тақозо менамояд, ки истифодаи технологияҳои  сиёсии қолабгирифта ва машҳур бо дарназардошти вазъи воқеӣ сурат гирад, вагарна он метавонад боиси шикасти низомҳо гардад;

— панҷум, хусусияти хоси технологияҳои муосири сиёсӣ на дар истифодаи қувва барои ба даст овардани ҳудуд, балки истифодаи иттилоот бо мақсади ба даст овардани зеҳн ва шуури аҳли ҷомеа мебошад, ки тавассути усулҳои конвенсионалӣ ва ғайриконвенсионалӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамаи ин ҳолатҳо бо мисолҳои мушаххас ва далелҳои аниқу фаҳмо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба аҳли ҷомеаи кишвар пешниҳод карда шуд. Аз ин рӯ, ҳар як нафар узви ҷомеа вазифадор аст, ки баҳри таъмини зиндагии пурнишот, пеш аз ҳама, баҳри таҳкими сулҳу  субот, муқовимати  устувор нишон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту соҳибватанӣ мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошад.

 Махфират ХИДИРЗОДА,

доктори илмҳои фалсафа