ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗ САРҶАМЪӢ ВА ИТТИҲОД НАҶОТИ МИЛЛАТҲОСТ!

  • Posted on: 31 May 2018
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки   12-уми май доир гардида буд,  бо изҳори нигаронӣ аз вазъи печидаи ҷаҳони имрӯз, бори дигар  таъкид карданд, ки «дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад. Зеро тавре ки таърихи башарият нишон медиҳад, танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия кардаанд».

Воқеан ҳам, дар ҷаҳони имрӯз давлатҳои абарқудрат ба хотири қонеъ кардани ниёзҳои нафсонии худ давлатҳои хурдро мисли наҳанг фурӯ бурда, ба ин роҳ теша бар решаи насли миллатҳо мезананд. Ҷавононро машғшӯи мекунанд. Дар зеҳну шуури онҳо андешаҳои бегонапарастиро ҷой медиҳанд. Истифодаи васеъи технологияҳои муосири иттилоотӣ яке аз манбаҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва ифротӣ гардида, ҳар яки моро водор месозад, то дар тарбияи насли ҷавон, дар тинати онҳо бедор кардани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, созандагиву бунёдкорӣ бештар талош намоем. Ҳодисаҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандии дар кишвар ба вуқӯъ омадаро ба онҳо фаҳмонем, огоҳ созем, то хубу бад, дӯсту душманро шиносанд. Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дошта бошанд, дар ҳама ҳолат барои ҳифзи Ватану сарҳад ва  сарзамини хеш омада бошанд.  Аз ин ҷиҳат, Сарвари давлат дар суҳбату мулоқотҳояшон бо мардуми кишвар пайваста ёдовар мешаванд, ки мо набояд ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллиро аз даст диҳем. Имрӯз аз ҳарвақта бештар зарур аст, ки  бо насли ҷавон кор кунем, шурӯъ аз оила, боғча, мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо дар ин роҳ муаззаф ҳастем. Сабақи  начандони дури таърихи миллат моро бори дигар ҳушдор месозад. Дар суханронии пурмуҳтавои худ Пешвои миллат дуруст зикр карданд, ки «моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд.

Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем».  Имрӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатхоҳи зархарид мехоҳанд оромии кишвари моро халалдор созанд, иғвоҷӯӣ мекунанд, ҷавононро гумроҳ карда, ақидаҳои ифротии худро дар андешаи онҳо таҳмил кардани ҳастанд. Дар ин раванд, танҳо сарҷамъиву иттиҳод ва шинохти миллат метавонад мардуми шарифи Тоҷикистонро  дар ин гирдоби пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва набардҳои абарқудратон наҷот бахшад ва миллатро зинда нигоҳ дорад.

Таърих борҳо шоҳиди чунин набардҳо ба хотири тақсим кардани  дунё ва ҳукмрони мутлақ будани манфиатхоҳон будааст ва ин раванд дар ҷаҳони имрӯз бо шаклу услуби нав зуҳур карда, аз миллатҳо ва давлатҳо ҳушёрии баланди сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъии комил, ҳифзи арзишҳои миллиро ба хотири наҷоти ҳастии миллатҳояшон тақозо мекунад. Миллати тоҷик низ дар ин печутоби замони нав дар канор нест.   Ҳузури насли ҷавон дар шоҳроҳи ахборотӣ, дастрасии онҳо ба имкониятҳои фазои интернетӣ, бавижа технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ  ҷиҳати ташаккули  шахсияти онҳо на танҳо кӯмакҳои фаровон мекунад, балки мушкилоти зиёде низ ба вуҷуд меорад.   Дар ҷомеаи имрӯза ҷавонон сарчашмаҳои гуногуну мухталифи иттилоотро  дар ихтиёри худ доранд, ки аз онҳо  хусусиятҳои арзишнок ва хоси тарзи зиндагии  худро дармеёбанд. Аз ҷониби дигар таъсири ин сарчашмаҳо нақши хонавода, маҳал, хусусиятҳои миллӣ ва миллиятро кам мекунад ва масъулиятро бештар. Ишора ба ин Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар ба муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон  изҳор доштанд, ки  «яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».

Яке аз самтҳои ниҳоят пурсамари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва такя ба неруи насли ҷавон аст. Ва ин таваҷҷуҳи махсус  ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди бо нангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эҳёи дубораи давлату давлатдорӣ, фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқад­да­соти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот  тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро сафарбар намояд. Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар тамоми суханрониҳо ва вохўри­ҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷой­дош­та, ғамхории холисона зоҳир наму­дан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни масъу­лияти падару модар дар таълиму тар­би­яи фарзандон ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ ба ниҳодҳои дахл­дор пайваста дастуру супоришҳои судманд пешниҳод мегарданд

Дар ин мулоқоти хотирмон Сарвари давлат бори дигар ёдовар шуданд, ки «ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад».

Сайрам БАҚОЗОДА, 

номзади илмҳои филология