Оғози кори семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 3 June 2016
  • By: admin

Бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ” ба кори худ оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи кори семинар, ки дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд барпо гардид, масъулони вилоят меҳмонон ва иштирокчиёнро самисона истиқбол намуданд. Дар кори семинари мазкур кормандони соҳа, мудирони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд.
Дар кори семинар, ки фардо, 28-уми май низ идома хоҳад кард, дар назар аст, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, мудирони шуъбаҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намоянд.