ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ ТАМОМИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

  • Posted on: 5 June 2018
  • By: admin
Об аз қадимулаём яке аз чаҳор унсури асосии ҳаёти инсон ва дунёи ҳастӣ маҳсуб ёфта, дар баробари ин дар масоили сиёсӣ низ нақши муҳим мебозад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар дунё шумораи зиёди обҳои сарҳадгузар вуҷуд доранд, ки марз ва ҳудудҳои сиёсии ду ва зиёда кишварро убур месозанд. Масалан, Исроилу Ӯзбекистон қисмати зиёди обро аз минтақаҳои ҳамҳудуди хеш, Бангладеш тақрибан тамоми оби минтақаашро аз ҳудудҳои Ҳиндустон ва Миср бошад, аз кишварҳои болооби дарёи Нил мегиранд. Давлатҳои дар соҳили дарёҳои байналмилалӣ қарордошта дар масъалаи истифодаи захираҳои обӣ бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Дар 50 соли ахир ҳудуди 1228 ташаббусҳои муштарак барои истифодаи оби сарҳадгузару кӯлҳои аҳамияти байналмилалидошта ба қайд гирифта шудааст, инчунин, барои истифодаи об 150 тавофуқнома ба имзо расидааст.   
Таърихи чунин ҳамкориҳои минтақавӣ аз даврони қадим сарчашма мегирад, ки мазмуни онҳо бо роҳи бастани созишномаҳо, қарордодҳо, муайян намудани шарту меъёрҳои тақсимоти захираҳои обӣ вобаста аст. Ба таври дигар, масъалаи истифодаи обҳои сарҳадгузар метавонад боиси ҳамкориҳо ва ҳалли муноқишаҳо дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ гардад. Масалан, мувофиқи манбаъҳои таърихӣ, ҳанӯз 4500 сол пеш аз ин дар Месопатамия низои сарчашмаҳои захираҳои обӣ байни намояндагони ду шаҳр, яъне шаҳрҳои Лагаш ва Уммаи қабилаи шумерҳо ба амал омадааст. Дар ниҳояти кор намояндагони шаҳрҳои мазкур тавонистаанд, ки шартномаҳои ҳамкорию дӯстона баста, нуқтаи охиринро дар ин масъала гузоранд ва истифодаи самараноки оби дарёи Тибрро ба роҳ монанд. Бояд тазаккур дод, ки шартномаи мазкур яке аз шартномаҳои байналмилалии эътирофгардида дар таърихи инсоният маҳсуб мешавад (В.И. Данилов-Данильян, К.С. Лосев. Потребление воды).  
Инчунин, бисёре аз тамаддунҳои дунёи қадим дар соҳил ва водиҳои дарёҳои бузург ба вуҷуд омада, рушд намудаанд. Бузургтарин дарёҳо монанди Бабр (Tiger) ва Эфротс (Euphrates), Нил (Nile), Ҳинду (Indus) ва Ганг (Ganges), Дарёи Зард (the Yellow River) ва Янги (Yangzi), Амударё (Amu Darya), Сирдарё (Syr Darya) ва ғайра гаҳвораи тамаддуни башарӣ маҳсуб мешаванд. Дарёҳои мазкур дар ҳаёти инсон нақши бузург бозидаанд, чунки заминро серҳосил гардонида, ба соҳаи кишоварзӣ рушду равнақ мебахшиданд ва минтақаҳои гуногуни кишвару давлатҳоро ба ҳам пайваст намуда, барои анҷоми тиҷорату савдо ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ аз он – бо ҳамсоягон имконияти хубу мусоид фароҳам меоварданд.

Бе об мавҷудияти ҳаёт ва тамаддуни башарӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бо назардошти зиёд гаштани нуфуси аҳолӣ, ба таври густарда ба зиндагии мардум роҳ ёфтани техникаву технология, коркарди канданиҳои фоиданок ва тағйир ёфтани иқлим зарурати ҳарчи бештар ба таври нақшавӣ истифодаи об пеш омадааст.

Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки об барои зиндагии рӯзмарраи инсон кифоят мекунад, аммо дар асл оби нӯшокӣ дар замин қариб, ки намондааст. Агар яке аз омилҳои асосии камшавии оби нӯшокӣ дар истифодаи зиёди он бошад, омили дигари он дар тағйир ёфтани иқлими замин аст.  

  1. Тибқи таҳлилҳо ё гузоришҳо дар тӯли 100 соли ахир истеъмоли об 6 маротиба афзудааст, ки нишондоди мазкур соли 2050 ду маротиба афзоиш меёбад. Масалан, миқдори оберо, ки мо дар гузашта дар як сол масраф менамудем, айни ҳол дар чанд ҳафта онро сарф менамоем. Нишондоди масрафи ғайримустақими об барои баъзе аз молҳо чунин аст: 15500 литр об барои 1 тонна гӯшт, 18 тонна об барои 1 тонна нефт, 13 миллион литр об барои 1 чоҳи газ, 200 тонна об барои 1 тонна коғаз, 2 тонна об барои 1 тонна ангишт, 15-20 тонна об барои 1 тонна пӯлод, 1500 тонна об барои 1 тонна гандум, 10000 тонна об барои 1 тонна пахта, 7000 тонна оби 1 тонна биринҷ ва ғайра.
  2. Тағйирёбии иқлим, махсусан, бо шиддат гармшавии дараҷаи ҳаво камшавии ҷараёни дарёҳо ва об шудани пиряхҳоро, ки яке аз манбаъҳои асосии об маҳсуб мешаванд, ба вуҷуд овард. Омили мазкур низ яке аз таҳдидҳои хатарбор барои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад.
Вазъи мазкурро олимону коршиносон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, тахмин мекунанд, ки баъди 15 сол шумораи одамони аз беобӣ танқисикашанда метавонад ба 3 миллиард нафар расад. Ва шумораи умумии одамоне, ки дар норасоии об зиндагӣ мекунанд, беш аз 5,5 миллиард нафарро ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти додаи СММ бошад, то соли 2030 тақрибан 47 фисади аҳолии ҷаҳон дар норасоии об зиндагӣ хоҳанд кард (The third United Nations World Water Development Report. Water in a changing world).
Ҳамин нуқтаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро ҳанӯз аз соли 1999 дар сатҳи байналмиллалӣ боло бурданд. Пешвои миллат дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ (01.10.1999) пешниҳод намуданд, ки соли 2003 “Соли оби тоза” эълон карда шавад. Дар асоси ташаббуси мазкур 20.09.2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Маротибаи дуюм, Пешвои муаззами миллат ба Маҷмаи умумии СММ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шавад. Маҷмаи умумии СММ дар таърихи 23.12.2003 дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон намуд.

Маротибаи сеюм, бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон гардид, ки тибқи ташаббуси мазкур 20-21-уми августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ахиран, Маҷмаи умумии СММ ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, 21.12.2016 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро қабул намуд. Мақсади асосии эълон намудани даҳсола ин мусоидат ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои  нави байналмилалии марбут ба об мебошад. Аз ҷумла, дар татбиқи даҳсолаи нав бояд фаъолияти тамоми сохторҳои мавҷудаи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии марбут ба об фаъол гардонда, шарикӣ ва ҳамоҳангии онҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои даҳсола тақвият бахшида шавад. Ғайр аз ин, барои муваффақона сурат гирифтани татбиқи даҳсолаи нав лозим аст, ки шарикию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи сатҳҳо мустаҳкам гардад ва, пеш аз ҳама, масъалаҳои маблағгузорӣ, табодули таҷҳизоти муосир, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ ҷойи муносиби худро ёбанд (www.jumhuriyat.tj).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш аз минбари баланди СММ дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар таърихи 22.03.2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд, дар мавриди мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи захираҳои обӣ чунин гуфтанд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳаммияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад” (www.president.tj).

Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, хуш пазируфта шудани ташаббусҳои пайдарпайи ӯ аз ҷониби СММ ва дигар кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба имиҷи Тоҷикистон ва муаррифии миллати тоҷик таъсири бузурги мусбат гузошт.

Бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги обӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз лиҳози дастрасӣ ба об мушкилӣ надоштани он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхори кишварҳоеанд, ки аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд ва талошу заҳматҳояшон барои ҳифзи захираҳои обӣ ба хотири наслҳои оянда буда, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон низ ба ҳамин самт равона карда шудааст. Дар мавриди мазкур, Ҷаноби Алаби Оломадӣ аз Нигерия зимни суханронии хеш дар Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза чунин гуфта буд: Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шумо дар ҳақиқат дӯсту бародари ба дил наздики мардуми асрҳои аср лабташнаи мо будед, ҳастед ва хоҳед монд, ки ҳалли мушкилоти асосии мо камобиро ба муҳокимаи СММ пешниҳод намудед. Мо мардуми ташнаи об гумон доштем, ки мардуми тоҷик низ монанди мо аз камобию беобӣ дар азобанд, ки Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди СММ масъалаҳои оби тоза ва ҳифзи манбаъҳои онро ба миён гузоштанд. Вақте ба Тоҷикистон омадаму рӯдҳову чашмаҳои мусаффоро дидам, кӯҳҳову кӯлҳои бешуморро дидам, боғу бӯстонҳо, неъматҳои фаровони аз замину об рӯидаро дидам, мардуми меҳнатдӯст, меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва соҳиби дасту дили кушодро дидам, бемуҳобо худро дар биҳишти ҳақиқӣ ҳис кардам. Баъдан фаҳмидам, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, на танҳо ғаму дарди халқи худро мехӯред, балки бори ғаму дарди тамоми мардуми сайёраро бар дӯши худ доштаед.

Боиси  фараҳу сарфарозӣ ва саодату хушбахтии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки ташаббусҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ хуш пазируфта шуда, давлатҳои абарқудрати ҷаҳон онҳоро дастгирӣ менамоянд. Пешвои миллат хайрхоҳу ғамхори имрӯзу фардои миллат ва ҷомеаи башарист.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумита