РАМАЗОН МОҲИ ХАЙРОТ АСТ, НА ИСРОФКОРӢ

  • Posted on: 5 June 2018
  • By: admin

Моҳи мубораки Рамазон баъди чанд рӯзи дигар ба поён мерасаду иди Фитр, яъне иди қабули ибодатҳо, шабзиндадориҳо ва хайру саховат фаро мерасад. Рӯзи ид рӯзи подош гирифтан, дуо ва   шукургузорӣ кардан аст.  Ин рӯзро бояд гиромӣ дошт ва аз Худованди меҳрубон сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагӣ, инчунин амнияту дӯстиро ба мардуми олам, бахусус милатҳои мусулмон дуо кард.

Имсол дар ҳоле иди Фитрро истиқбол мегирем, ки ҷаҳони ислом ва бархе аз мардуми мусулмон ба ҳаводису фоҷеаҳои сахте рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар Афѓонистон, Ироқ, Фаластин, Сурия, Яман ва дигар кишварҳои исломӣ мусулмонон ба доми террористон ва ҷинояткорони байналмилалӣ гирифтор шуда, ба зидди ҳамдигар силоҳ ба даст гирифтаанд. Ҳар рӯз теъдоди ятимон ва бепарастону бенавоён афзуда истодааст. Мардуми мазлуми Афѓонистон бошад солҳост, ки ҳар рӯз мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳона ва куштору инфиҷор қарор гирифта, бехонумон шудани наздиконашонро бо чашми худ мебинанд.

Бар асоси таҳлилҳо, имсол аз солҳои гузашта зарару куштори  аз терроризму ифротгароӣ ба мардуми оддии мусалмон расида ба таври чамшрас зиёд гардидааст.

Аз вазъи ин кишварҳо огоҳ гардида, ҳар як тоҷики соҳибақлу соҳибхирад дар ин моҳи муборак ва айёми қабули дуо аз Худованд мехоҳад, ки сулҳу амният  ва якпорчагиву ваҳдат дар Тоҷикистони азизи мо ҳамешагиву ҷовидон бошад.

Дар Қуръони Карим ба инфоқ, яъне хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу рўз, пинҳону ошкоро ва дар вақти тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар шахсро зарур аст, ки ба қадри тавоноиву дороии худ дар инфоқ – хайру садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор барад: садақаи Фитр ва закоти молашро диҳад, хайрот кунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накукорӣ кӯшиш намояд. Дар ин маврид Худованд дар сураи Бақара ояти 215 мефармояд:

«Ва он чӣ аз хайр анҷом медиҳед,  ҳамоно Худованд ба он доност».

Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буданд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекарданд ва ба бахшишу эҳсон мепардохтанд. Паёмбари гиромӣ дар ин бора фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба масъалаи дасти ёрӣ дароз кардани шахсони доро ва хайрхоҳ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа,   аз ҷумла ятимону бепарасторон, муҳтоҷону дармондагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки  садақаи фитр бояд ба шахсони барҷомонда ва ятимону камбизоатон дода шавад. Хусусан, дастгириву кумак ба ятимон ва хонаи пиронсолон ва хурсанд кардани онҳо амали басо муҳим ва зарурист.  Барои ҳар як фард зарур аст, ки дар густурдани дастархони маънавӣ ба исрофкориву зиёдаравї даст надиҳанд. Ва онҳое, ки камбизоатанд, худро дар қарз гирифтор накунанд ва нони даҳони фарзандонро беҳуда харҷ накунанд.

 

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқи ДИТ

ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)