ЧАНДЕ ДОИР БА ШИНОХТИ ТЭТ ҲНИТ

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Дар ҷомеа шоҳиди ҳолатҳое шудан мумкин аст, ки бархе аз инсонҳо ба хотири манфиатҳои молӣ аз омодаанд, аз баҳри ҳама чизи муқаддас, аз ҷумла, оила, падару модар ва Ватан гузар намоянд. Мисоли ин гуфтаҳо террорист ва хоини миллати Муҳиддин Кабирӣ буда метавонад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият ва амал мекунанд.

Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки Кабирии бешараф бо роҳнамоии хоҷагони хеш бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид. Хушбахтона, ин разили гумроҳшуда ба мақсаду ниятҳои нопоки худ нарасид ва нерӯҳои қудративу халқи азиз садди роҳи нақшаҳои тахрибкоронаи ӯ гардиданд.

Бо роҳбарии Кабирӣ шуруъ шудани ошӯби генерали хоин Абдуҳалим Назарзода бори дигар аз ҳадафу нақшаҳои муғризонаи наҳзатиёни наҳс ва роҳбари нохалафи онҳо шаҳодат дод. Бахусус, дар қароргоҳи ҳизб, ки бо номи исломи пок омезиш дода шуда буд, тарҳрезӣ намудани нақшаҳои нопок ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ худ гувоҳи он аст, ки ин зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани падару модарон ва пирони хирад, ятимкунии кӯдакони бегуноҳ, бесаробон мондани оилаҳо ва дигар омилҳо бори дигар ба худ ибрат нагирифта, боз даст ба амалҳои нангин ва нафратангез заданд.

Бешак, эҳсос кардан мумкин аст, ки Кабирӣ пинҳонӣ ҳамчун тири силоҳи хоҷагони хориҷӣ ба сӯи Тоҷикистон равона шудааст ва худ аз ин ба хубӣ огоҳ аст. Аммо чун ба хоҷагонаш байъат ва ё савганд ёд кардааст, аз хати кашидаи онҳо нахоҳад баромад. Аз ин нуқтаи назар Кабирӣ бешараф ва хоини миллат аст, ки бо дасти хоҷагонаш хонаи худро оташ заданӣ аст.

Ҳақ ба ҷониби ҳазрати Ҳофиз аст, ки дар ин маврид бисёр хуб мефармояд:

Хуш бувад гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,

Ки сияҳрӯй шавад ҳар ки дар ӯ ғаш бошад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва Кабирӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад. 

Муҳаммадӣ Назаров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Шайх Муслиҳиддин»-и ҷ/д Алмосии ш. Ҳисор