ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАРҒИБГАРИ ХАЙРУ САХО

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Худоро сипос мегӯем, ки дар Тоҷикистон - кишвари сулҳу амну ором, дар фазои ваҳдату сарҷамъӣ зиндагии осуда ба сар мебарем. 

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки суннатҳои миллиамонро эҳё созем, арзишҳои диниамонро пос дорем.

Арзиши ҳар миллат  дар ҷаҳонбинӣ ва сатҳи фарҳангии он бастагӣ дорад. Бахусус дини бузурги ислом баҳри тарбияи ахлоқии инсон, покии қалбу виҷдони ӯ нақши бузург дорад. Доштани рӯзаи моҳи шарифи рамазон, ки аз аркони панҷгонаи ислом аст, хоса барои тарбияи ахлоқиву маънавию рӯҳонии инсон басо муассир аст. Моҳи мубораки рамазон барои мусалмонҳо як инъому эҳсони бузурги Аллоҳ аст, агар қадри он дониста шавад.

Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар рӯзи 12-уми май дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон бо аҳли ҷамоатчигӣ, ки дар он зиёиён, имомхатибон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд, пас аз табрикоти моҳи шарифи рамазон ба кулли мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикар намудаанд, ки “Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад ва имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад.Мардуми шарифи мо дар ин моҳи муборак анъанаҳои арзишманди мазҳаби ҳанафиро риоя ва эҳтиром намуда, инсонпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва хайрхоҳиро пеша мекунад.”

Бинобар ин моҳи шарифи рамазон моҳи муборак ва моҳи саодатмандии хар як мусалмон аст. Дар ин моҳи шарифи рамазон бар ҳар як фарди мусалмони тоҷик лозим меояд, ки кӯшишҳои худро дар роҳи хайру садақот зиёда гардонанд. Дар баробари саодатмандии сарватмандон  камбизоатону ятимон ва бепарастону маъюбон ҳам низ хушҳол бошанд.

Чӣ гунае ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора бар он кардаанд, ки чи хуб мешавд, ки тоҷирони мо дар ин моҳи мубораки рамазон молҳои рӯзгории мардумиро бо нархҳои арзон ба мардум дастрас намоянд. Ва ҳамватанони мо дар баробари хайру садоқоташон ятимону камбизоатон ва маъюбону бекасонро дасти кумак дароз намоянд, то дар ин моҳи муборак дилҳои онҳо ҳам шод гардад.

Мусалмонон дар ин моҳи бобаракат бояд амалҳои хайри худро  бисёртар бикунанд, зеро ин моҳ яке аз лаҳзаҳои пурфайзи ҳаёт аст. Чи гунае ки аз Абдулло ибни Аббос ривоят карда мефармояд, ки «Агар моҳи рамазон фаро мерасиид, хайру ҷавонмардии Паёмбари Худо (с) ончунон зиёда мешуд, ки аз боди сарсар дида бештар мешуд.»

Ин амали ҷавонмардии Паёмбари Худо барои мо ҳушдор медиҳад, ки фурсатро ѓанимат бидонем ва хайру саховатро дар ин моҳ бештар гардонем.

Паёмбари Худо нисбат ба бузургии садака дар моҳи шарифи рамазон чунин мефармоянд: «Аз оташи дӯзах ҳазар дошта бошед, агар ба андак додани як пораи хурмо ҳам бошад ва гар пораи хурмо надошта бошед, пас ба сухани хуб».

Аз Ибни Аббос (с) ривоят аст, ки Паёмбар (с) оид ба фазилати садақаи фитр  фармудаанд: «Ҳар касе, ки садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ Таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд. Аввал, ҷасади он бандаро пок мегардонад. Дуюм, ӯро аз оташи дӯзах озод месозад. Сеюм, рӯзаашро қабул менамояд. Чорум, биҳиштро ба он банда воҷиб мегардонад. Панҷум, он банда аз гӯр эмин бармехезад. Шашум, дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад, мақбул мешавад. Ҳафтум, Аллоҳи Таоло шафоати маро дар ҳаққи он банда воҷиб мегардонад. Ҳаштум, ӯро аз пули Сирот чун барқ мегузаронад. Нуҳум, тарозуи аъмоли неки ӯро вазнин месозад. Даҳум, номи он бандаро аз девон (дафтар)-и бадбахтон ҳазф мегардонад". Додани садақаи фитр аз воҷиботи ислом аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Агар садақаи фитр дода нашавад, моҳи Рамазон, яъне рӯзаи он миёни осмону замин овезон хоҳад монд ва ба мақоми қабул дар пешгоҳи Худованд нахоҳад расид». Фитр садақаест, ки шахси рӯзадор дар асоси тараҳҳум ба мусалмони тангдасту ниёзманд медиҳад.

Пас аз тай намудани ин марҳалаҳои инсонсоз, рӯзадор ба шахсияти нек ва хайрхоҳи ҷомеа табдил ме­ёбад. Эҳсону некӣ, тоату ибодат ва хайру садакот ва тамоми корҳои хайре, ки дар моҳи Рамазон анҷом мегиранд, ба хотири фазилате, ки ин моҳ дар пешгоҳи Худованд дорад, аз корҳое, ки дар моҳҳои дигар анҷом дода мешаванд, бартарӣ доранд.

Паёмбари ислом (с) мефармояд: «Беҳтарин ва дӯс­тдоштатарин амалҳои солеҳ дар назди Худо он аст, ки дар даҳаи охири моҳи Рамазон анҷом гирад». Ҳамчу­нин, расули Худо (с) пурсида шуд: Кадом садақа беҳтар аст? Фармуд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад».

Рӯза дорои фалсафахои фаровон ва фоидаҳои бисёре, барои ҳам фард ва ҳам ҷомеа мебошад. Аз ҷумла таваҷҷуҳ ба ҳоли бечорагон ва ошно шудан ба аҳволи фақирҳо ва ҳамаи рӯзадоронро ба ин водор мекунад. Чун рӯзадор дар муддати кӯтоҳе гурусна мешавад ва нороҳатии гуруснагиро эҳсос мекунад, ҳатман ба ёди гуруснагии доимии фуқаро ва тангдастон меафтад, ки ҳамеша дар нороҳатӣ қарор доранд ва ин таваҷҷуҳу огоҳӣ мешавад, ки ба фуқаро кумак кунаду дар ҳаққи онон меҳрубонӣ намояд, чаро ки меҳру муҳаббат аз дарду ранҷ cap мешавад, яъне то дарду ранҷ набошад, меҳру муҳаббат пайдо намешавад ва рӯза як шеваи амалӣ барои тақвияту парвариши меҳру отифа дар нафс мебошад ва ҳар вақт сарватмандон нисбат ба фуқаро ва гуруснагон меҳру муҳаббату бахшиш дошта бошанд, дӯстӣ ва дӯстдорӣ дар байни табақоти иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Ва дар ин вақт кинаю бадбинӣ худ аз худ аз байн меравад ва дар ҷомеа ҳама баробар мешавад.

Бар сари хонҳои рӯҳонй, ки покон шастаанд ,

Мар туро ҳамкоса гардонад бад –он покон сиём.

Рӯза чун рӯзат кунад равшандилу софирован,

Рӯза иди васли шаҳро сохта қурбон сиём.

Рӯза дар поксозй ва парвариши бадан ҳамон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар чиз закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст».

                       Аз ҷисм беҳтарин ҳарокате салот бин,

В-аз нафс беҳтарин саканоте сиём дон!

Ё  Раб, дили шикаставу дини дуруст деҳ ,

К-онҷо ки ин ду нест,ваболест бекарон.

Моҳи Рамазон беҳтарин фурсат барои иҷобати дуо ва орзуҳои неки шахси рӯзадор мебошад Паёмбар (с) мефармояд: “Дуои шахси рӯзадор ҳаргиз рад карда намешавад”

Қуръони карим дар хотимаи ояти фарзияти рӯза ҳадафи аслӣ ва ҳикмати фарз гардидани ин барномаи ибодатиро низ ба вуҷуд омадани малакаи тақво, ҳисси пархезгорӣ ва виҷдони худошиносонаи инсонӣ дар қалби шахси рӯзадор гуфтааст. Худованд бо поягузории барномаи ибодатӣ ва низоми комили худопарастӣ мехоҳад дар ботини одамон ҳисси баланди хештаншиносӣ, завқи зебоипарастӣ ва салиқаи камолхоҳиро таҳким бахшад ва онҳоро аз тариқи ҳамин пойгоҳи устувори тақво ба сӯи худопарастӣ, риояи одоб ва аҳкоми ибодатҳо ва ба роҳ мондани назми зебоӣ бикашонад. Зеро танҳо тақво аст, ки дилҳоро бедор ва пӯё месозад ва ба одам каромат ва шахсият мебахшад.

Ҳадафи аслии барномаи ибодатҳо дар ислом ба вуҷуд овардани пойгохи тақво ва таҳкими пояҳои виҷдонии худошиносонае дар қалби одам мебошад ва аз тариқи ин неруи маърифатӣ мардумро ба сӯи татбиқи дурусти барномаҳои ҳаётӣ мекашонад, на ба василаи занҷирҳои ҷаҳлу нодонӣ ва бофтаҳои хурофотӣ.

Рамзуллои Ф.,

муовини  декан  оид  ба   таълими

факултети филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон