ТО БИТВОНӢ ЗИЁРАТИ ДИЛҲО КУН…

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Мулоқоти самимию ошкорои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли 2018 бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид, барои мусалмонони мамлакат як рӯйдоди муҳими хотирмон  ва таърихӣ маҳсуб меёбад. Ин мулоқот воқеан як анҷумани маънавии миллат буд, ки дар он Пешвои муаззами миллат бо камоли масъулият ва дилсӯзӣ  оид ба моҳияти маънавии дини мубини ислом ва ҳаёти мусалмонони кишвар афкори судманду пурмазмун баён карда, роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти глобалии замони муосирро нишон доданд. Матни суханронии Пешвои миллат дар ин мулоқоти таърихӣ як барномаи мукаммали маърифати Исломи асил ва вазъи ҷаҳони ноором аст, ки фарогири рисолати ҳар як фарди ҷомеа, махсусан зиёиёну уламои дин мебошад.

Дар ибтидои суханронии худ Пешвои миллат доир ба моҳияту бузургии моҳи шарифи Рамазон ва нақши созандаи он дар ҳаёти мусалмонони кишвар изҳори андеша намуда, ёдовар шуданд, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру савоб, иҷобати дуо, қабули тавба, парҳезу накукорӣ, худдорӣ кардан аз аъмоли зишт, аёдати падару модарон, беморону ранҷурон, мададу ёрмандӣ ба ятимону маъюбон ва камбизоату дармондагон аст. Аз ин ҷиҳат, дар айёми пурбаракати моҳи шарафи Рамазон ба андешаи Пешвои миллат: «мардуми  мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падару модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконияташон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон мададу ёрмандӣ мерасонанд».

Дар идомаи ин андешаҳо Пешвои муаззами миллат ҳикмат ва ҷавҳари аслии моҳи шарифи Рамазонро маънидод карда, ёдовар шуданд, ки: «моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад». Дар ин радиф Пешвои маҳбуби миллат доир ба нақши дин дар камолоти маънавӣ ва ҳаёти иҷтимоии инсон изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки: «Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа  хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо инсони комил ва солеҳ будааст».  Аз ин лиҳоз, дар чунин айёми муборак боло бардоштани нарху навои маҳсулот дуруст нест ва мусалмонон бояд аз оростани дастархони намоишкорона парҳез карда, ба исроф намудани маводи ғизоӣ роҳ надиҳанд. Ба таъкиди Пешвои миллат дар ин даврони саодат мардум бояд ба қадри падару модар, бародару хоҳар, хешу табори  наздик ва калонсолон расида, ҷиҳати беҳтар кардани шароити зарурии зиндагӣ саъю талош намоянд. Яъне, ба гуфтаи Пешвои миллат: «Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад.

Маънӣ  ва асли ҳикмати Рамазон ба қадри неъмат расидан, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан мебошад ва тавре ки поягузори силсилаи нақшбандия Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд шиори зиндагиашро «дил ба ёру даст ба кор» эълон намуда буд, мо низ дар офаридани неъматҳои моддӣ заҳмат кашем ва аз сахтиҳо наҳаросем».

Қисмати муҳими суханронии Пешвои миллатро дар он мулоқоти созандаи маънавӣ таҳлилу натиҷагириҳо аз вазъи ҷаҳони ноором, оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, аз он ҷумла норасоии об, ғизо қашшоқӣ, даҳшати ҷанги Сурия, хатари терроризм ва муносибати ғайриоқилонаву нодурусти инсоният ба сарватҳои табиӣ ташкил медиҳад, ки ҳаётро дар рӯйи замин басо мушкил гардонидааст. Зимни таҳлили чунин муаммоҳои мубраму мушкилоти глобалии сайёра Пешвои миллат чунин пурсиши усулӣ гузошта, таъкид кардаанд, ки: «Саволе  ба миён меояд, ки магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст?». Ба ин савол худи Пешвои миллат ҷавоби комилу сазовори маънавӣ дода, барҳақ зикр менамоянд, ки: «Албатта чунин нест ва чунин набояд бошад. Зеро на табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонашавандаи он аст ва на Офаридгор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҳолат нестанд.

Пас ҳамаи ин амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад. Тавре мегӯянд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост».   

 Пешвои миллат дар ин суханронӣ моҳияти ҳар як рукни панҷгонаи ислом, намозу рӯзаву закоту ҳаҷро аз лиҳози моҳияти маънавӣ шарҳу тавзеҳ дода, аз он ҷумла ёдовар шуданд, ки ҳаҷ як рукни фаризаи Ислом аст, мусалмон бояд як бор ба ҳаҷ равад. Аммо, ба андешаи Пешвои миллат: «баъзе аз ҳамватанони мо зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд. Дар ҳоле метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф намоянд». Инчунин, ба гуфти Пешвои миллат: «... барои адои ҳаҷ рафтани касе, ки имконияти молӣ ва шароити дурусти зикдагӣ надорад, аз ҳикмати адои маносики ҳаҷ берун аст. Ин амалҳо низ ҷабр бар ҷон ва имони мардуми мусулмонанд.

Дар тазкираҳо ривоят шудааст ва Мавлонои Балхӣ низ дар «Маснавии Маънавӣ»  овардааст: Чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: «Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман дар гард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: Чунон кардам. Мард гуфт: Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ ки Парвардигори оламро ду хона аст? Гуфтам: На. Гуфт: Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ба дигарӣ хонаи дил,  ки аз лаҳзаи офаридааш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ бозгаштам». Ба ин маънӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ мефармояд:

Дар роҳи Худо ду каъба омад ҳосил,

Як каъбаи сурату як каъбаи дил.

То битавонӣ зиёрати дилҳо кун,

Ки афзун зи ҳазор каъба омад як дил.

Асл ва ҳикмати ислом аз иҷрои ин рукнҳо, қабл аз ҳама, ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд аст, ки ба қадри неъматҳо расида, дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамояд.

Тавре  Мавлонои Балхӣ дар ин бобат гуфтааст:

Тавофи  каъбаи дил кун агар диле дорӣ,

Дил аст  каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?

Ҳазор бор пиёда тавофи  Каъба кунӣ ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Иморати дили бечораи дусадпора,

Зи Ҳаҷу умра беҳ ояд ба ҳазрати борӣ».

Ҳамин ҷавҳари баланд, яъне инсондӯстӣ, арҷ гузоштани шахсияти инсон ва дар маҷмӯъ «зиёрати дилҳо» кардан аслу моҳияти маънавии суханронии Пешвои муаззами миллатро дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ташкил медиҳад, ки ин аз хиради баланд, муҳаббати самимии ин Раҳбари бузургу созанда, сулҳофару ватандӯст ва миллатпарвару мусалмони воқеӣ сарчашма мегирад. Мо ходимони динро лозим аст, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллати худ худ ва мардумро ба сӯи «зиёрат кардани дилҳо», яъне шоду мамнун кардани қалбҳои ҳамватанони худ раҳнамоӣ ва насиҳат кунем.

Ҳоҷӣ Саидҳомид НИЁЗОВ,

Имомхатиби масҷиди ҷомеаи

ба номи Имом Бухории н. Мастчоҳ