НАЗАРЕ БА ДАСТОВАРДҲОИ ДИНИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Муҳимтарин дастоварде, ки дар самти муносибат ба дин ва дар ин замина назари нав ба таҳқиқу инкишофи илмҳои диншиносиву исломшиносӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба даст омад, ҳамин буд, ки мо тавонистем буҳрони маънавиеро, ки дар шакли бархӯрди ҷаҳонбинии дунявию диннӣ зоҳир мегардид, бартараф намоем. Беҳуда нест, ки маҳз дар заминаи чунин тарзи муносибат ба дин дар замони истиқлолият худшиносӣ ва эҳёи динӣ ба рушди дин ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа ниҳодҳои динӣ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи хоси фарҳангӣ ишғол намуд, адади масҷиду муасисаҳои маорифи динӣ ба миқдори зиёд афзун ёфта, нашри адабиёти динӣ, бахусус Қуръони карим ва сарчашмаҳои дигар ба миллионҳо адад расид ва миқдори зоирони Каъба сол ба сол меафзояд. Ҷашн гирифтани зодрӯзи арбобони динӣ ба мисли Имоми Аъзам , Имом Бухорӣ , Имом Ғаззолӣ, ҷаласаҳои илмӣ бахшида ба эҷодиёти Мотурудии Самарқандӣ ва дигарон, рӯзҳои истироҳатӣ таъин гардидани идҳои Фитру Қурбон ва ғайраҳо низ ба эҳёи арзишҳои динӣ такони зиёд бахшида, аз ташаккул ёфтани муносибати фарҳангии давлати миллии дунявӣ нисбат ба дин шаҳодат медиҳанд. Яке аз дастовардони муҳими ин даврон он аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2008 як муасисаи илмӣ –тадқиқотӣ ва тарғиботии нав зери унвони “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки аз панҷ шуъба иборат аст. Ин ниҳоди илмӣ тӯли ин солҳо ба роҳбарияти кишвар доир ба масъалаҳои мубрами исломшиносӣ хулосаҳо, таҳлилу пешниҳодҳои илмӣ ва ташхиси маҳсулоти чопии дорои хусусияти диниро манзур намуда, ҳар сол ду маротиба дар мавзуъҳои муҳими диншиносиву исломшиносӣ конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, машваратҳои тахассусӣ ва вохӯрию мулоқот ташкил менамояд. Ҳамзамон дар соли ҷорӣ Пешвои миллат барои аз нав сохта ва баистифода додани бинои нави Донишкадаи Исломии Тоҷикистон  санги асос гузоштанд.

Инчунин яке дастовардони боризи Пешвои миллат ин ба ҷаҳониён муаррифӣ кунонидани нобиғаҳои барҷастаи ин меҳани куҳанбунёд аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуали Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Абдураҳмони Ҷомӣ, Имоми Аъзам ва дигар фарзандони фарзонаи миллат маҳсуб мешавад. Дар даврони истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ раванди азнавсозии ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодии кишвар бо ташаббуси пайвастаи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо муносибати давлати миллии дунявӣ нисбат ба дин тағйиру таҳаввул пайдо кард, балки ҳамзамон илмҳои диншиносиву исломшиносӣ низ аз бунбасти идеологию сиёсисозӣ берун баромада, бо назардошти назокатҳою равишҳои нав такмилу тараққӣ ёфтанд.

Тоҳир Азизов,

устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон