САДАҚАИ ФИТР ВА ҲИКМАТҲОИ ОН

  • Posted on: 7 June 2018
  • By: admin

 Худованд барои барои бандагони худ барномаеро муайян намудааст, ки онро шариат меноманд. Дар ин шариати поку бенуқсон анвое аз ибодатҳои моливу баданиеро  фарз гардонидааст, ки  бандагон бо анҷом додани он хушбахтии дунё ва охиратро ба даст меоранд. Ин ибодатҳо саршор аз ҳикматҳои бепоёнанд. Масалан, аркони панҷгонаи ислом, ки намоз барои тарбияи рӯҳии рузмарра, ибодати ҳаҷ бошад, анҷумани бузургтарин барои тарбияи якумра аст,  аммо ибодати рӯзаи моҳи шарифи рамазон бошад, инсонро барои як сол тарбияи комил месозад, ки он иборат аст аз:

     1.Тақвияти ирода. Ба унвони мисол, аксари мардум гумон мекунанд, ки гуноҳу мункаротро тарк карда наметавонанд, вале дар аснои рӯза мебинанд, ки нафақат аз чизҳои ҳаром, балки онҳо қодиранд аз чизҳои ҳалол низ худдорӣ намоянд.

      2. Муайян намудани ҷойгоҳи ҳақиқии инсон. Масалан, инсон вақте ки рӯза мегирад, то шом мунтазири як ҷуръа об мемонад ва аз ин хулоса менамояд, ки ӯ новобаста аз мақому манзалаташ ҳамеша ниёзманди имдоди Худованд аст.

      3. Шиносохти  бузургтарин неъмати илоҳӣ, ки он вақт аст. Инсони рӯзадор то замони ифтор намудан ҳамеша лаҳзашуморӣ менамояд, вале ҳамин ки ифтор кард, гардиши вақтро фаромӯш мекунад.

Ва инчунин садҳо фавоиди дигаре дар рӯза нуҳуфтааст, ки  шахси рӯзадор аз он пай мебарад ва барои поку дуруст анҷом додани ин ибодати бузург бояд инсон ҳамеша кӯшиш кунад, ки дар ин моҳ аз фурсат истифода намуда,  хислатҳои худро дуруст намояд, зеро дар ҳадисе омадааст, ки «… Ҳастанд рӯзадороне, ки аз рӯза ба ҷуз гуруснагиву ташнагӣ чизи дигаре ба даст намеоранд». 

Дар ин ҷода Паёмбар (с) барои мо садақаеро воҷиб гардонидааст, то баъзе иштибоҳоте, ки аз тарафи мо дар аснои рӯза сар мезанад, (аз қабили сухани зишт, садои баланд ва беҳудагӯӣ), ҷуброн намоем ва он садақаи фитр аст.

Маънои луғавии фитр ин антоними (зидмаънои) рӯза мебошад, яъне хурдану ошомидан, аммо агар ин калима бо калимаи садақа пайваст ояд, манъояш рӯзи иди фитрро дар бар мегирад. Ва дар истилоҳи фақеҳон садақаи фитр иборат аст аз ним «соъ» (паймонае, ки баробар ба 1к.600 г.баробар аст) ғалладона ё мавиз аз ҳар шахс, ки ба бенавоён пардохт мешавад. Калимаи фитр аз решаи калимаи фитрат (сиришти пок) гирифта шудааст, ки инсон ҳар вақте  ба он сиришти поки офаридаи худ боз гардад, барояш ид аст ва калимаи ид ҳам аз решаи «аёдат» яъне бозгашт гирифта шудааст, ки мусулмонон дар иди қурбон ба бахшишу ато боз мегарданд, барояшон ид мешавад ва дар моҳи мубораки рамазон бошад, бо рӯза гирифтану тарбияи рӯҳӣ ба сиришти поки худ боз мегарданд ва барояшон ид мешавад.

Хулоса шахси мусулмон, ки аз саҳву хато орӣ нест, дар ин моҳи муборак  дар аснои ин тарбияи бузург  бо каму костагиҳое дучор мешавад, ки бо пардохти ин садақа ҷуброн мешаванд. Садақаи фитр бар уҳдаи сарпарасти хонае, ки молаш ба миқдори закот расида бошад, воҷиб аст. Ва онро аз ҳар шахсе, ки дар зери сарпарастии ӯ қарор доранд, новобаста аз синну солашон  мепардозад. Агар дар оилаи он шахс нафаре пеш аз тулӯи офтоби рӯзи ид ба дунё омад, он ҳам мавриди ҳисоб қарор мегирад. Аммо нафаре пеш аз тулӯи офтоби рӯзи ид аз дунё даргузашт, аз ҳисоби садақаи фитр меафтад.

Шояд суоле бармеояд,  ҳикмат чист, ки аз шахси номукаллаф ин садақа ситонда мешавад? Посух ин аст, ки шахси рӯзадор шояд аз сабаби он шахс, ки бар ӯҳдаи ӯст, рӯзаи худро доғдор намудааст, бинобар ин, аз ӯ садақа месупорад.

Масрафи садақаи фитр

Бояд садақаи фитр аз ҳар шахс миқдори ним соъ аз гандум ё орд ё ҷав пардохт шавад ва ин миқдор метавонад арзиши пулии он ченак бошад, ки аз тарафи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба миқдори панҷ сомонӣ муайян гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин миқдори муайяншуда ҳадди ақалли ченак аст ва шахси сарватманд метавонад, миқдори зиёд ҳам ба бенавоён пардохт намояд. Инчунин, маҳсулоти дигаре, ки метавонад мавриди ченак барои закоти фитр қарор гирад, ки он мавиз аст ва шахсе, ки сарватманд аст, метавонад бо арзиши мавизи аълосифат ченакро қиёс намуда, ба бенавоён маблағ диҳад, ки албатта савобаш бештар аст.

Вақти адои садақаи фитр

Олимон иттифоқи назар доранд, ки агар садақаи фитр дар субҳи рӯзи ид пардохта шавад мустаҳаб аст, вале агар қабл аз рӯзи ид дар дигар рӯзҳои рамазон пардохта шавад ҳам, боке нест .

Закоти фитр ба кадом шахсон пардохт карда мешавад?

Садақаи фитр мисли закоти мол ба нафароне пардохт мешавад, ки закоти мол бар онҳо пардохт мешавад, ва кӣ  будани онҳо дар сураи Тавба, ояи 60 муфассал зикр шудааст. Беҳтар он аст, ки инсон садақаи фитрро ба бенавоёни наздикон ва пайвандони худ бидиҳад (вале набояд пайвандонаш падару модар ва бобоёну бибиҳо ё фарзандону наберагон бошанд) аммо бар хоҳару бародар, тағову амак ва аммаву холаҳое, ки шарти бенавоиро доро бошанд, пардохт карда мешавад. Дар қиёс бо закоти мол ҷумҳури уламо ба он назаранд, ки бояд садақаи фитр ба шахси мусулмон дода шавад, вале мазҳаби мо ҳанафиҳо пардохтани онро ба аҳли зимма (нафароне, ки мусулмон нестанд, вале дар кишвари мусулмонон зиндагӣ мекунанд)- ро иҷозат додааст. Берун аз кишвар баровардани закоти фитр макрӯҳ аст, вале агар пайвандону наздикон берун аз кишвар зиндагӣ кунанд, метавон онро ба берун бурд.  

Абдуназарзода Муҳаммад,

устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон