ТАҚДИМИ КУМАКҲОИ БАШАРДӮСТОНА БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ АЗ ҶОНИБИ КУМИТА

  • Posted on: 12 June 2018
  • By: admin

Бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фарорасии иди саиди Фитр дар партави ташаббусҳои неки Ассосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12-уми июни соли 2018 Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмиллалаии Салиби Сурх ба хонандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори деҳаи Ҷангалаки ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба маблағи умумии нуҳ ҳазор сомонӣ кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла 5 адад ҷевони либос тақдим намуд.

Зимнан, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти доимии мактаб-интернати мазкур буда, дар арафаи идҳои милливу динӣ расонидани чунин кумакҳоро пайваста ба роҳ мемонад.