ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҲИНДУСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

  • Posted on: 19 June 2018
  • By: admin

Мақолаи “Ин афроди ҷоҳил Исломро ба силоҳи ҷанг табдил додаанд”, мақолаест, ки дар он гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии кишвари ба мо дӯст Ҳиндустон зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез (Душанбе 3-4-(8) ҲНИТ-ро як нерӯи бадхоҳ тавсиф кардааст. Воқеан аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мамнуъ эълон шудани фаъолияти ин ҳизби террористӣ ва экстремистӣ иқдоми саривақтӣ буда, мардум вазифадоранд, ки ин тасмими Ҳукумати Тоҷикистонро иқдоми  хайрхоҳона барои худ ва кишварҳои ҳамсоя бидонанд. Ҷаноби Вазир Мубашшар Ҷовид Акбар мафҳуми калимаи “наҳзат”-ро хуб сарфаҳм рафта, мардумро аз хатарҳои пасипардагии ин ҷунбиши террористӣ бисёр оқилона ва олимона тавзеҳ додааст. Дини мубини Ислом чунонки аз сифатҳои баширу назири Муҳаммад (с) маълум аст, дини амну сулҳ аст, на дини ҷангу ҷидол байни мусалмонон. Вазири хориҷии Ҳиндустон барои ташкил кардани чунин конфронс ба Ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо изҳори миннатдорӣ намудааст. Дар ҳошияи гуфтаҳои вазир қайд карданием, ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон ташкилёбӣ, фаъолият ва нақшаҳои ин ҳизби экстремистиро, ки дар сарзамини аҷдодии худ зиндагӣ доранд, хубтару беҳтар медонанд ва ҳамеша дар вохӯрию маҳфилҳо аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Дар шароити феълӣ баъд аз ошкор шудани чеҳраи воқеии ҳизби мамнуъи ҲНИТ дигар барои ягон фарди ватандӯст ҷои шакку шубҳа намондааст.

Хулоса на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя кӣ будани роҳбарони Ҳизби наҳзатро хуб дарк карда, барои барқарории сулҳу субот дар минтақа ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф кардаанд. Пешниҳодоти Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон барои мардуми Тоҷикистон бори дигар сазовори дастгирӣ мебошад. Имрӯз Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва кишвару мардуми он ҷӯёи чунин дӯсту хайрхоҳ ҳастанд. Мавқеи дин бошад, нисбат ба афроди башар маълум аст, зеро Паёмбари мо (с) раҳмати оламиён ҳастанд.   

Ҷамолиддин Хомӯшов,

сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон