НАШЪАМАНДӢ - ВАБОИ АСР

  • Posted on: 22 June 2018
  • By: admin

 

Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 доир ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун сарчашмаи маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки мо бояд масъулияти худро дар ин самт бишиносем.

Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмии СММ дар соли 2017 майдони кишти зироатҳои маводи мухаддир 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард. маълум аст, ташвиши роҳбарияти Олии Кишвар дар он аст, ки эҳтимоли кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо вуҷуд дорад.

Бешак, роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳар фарди ҷомеаи кишварро водор месозад, то эҳсоси масъулият намуда, дар ин масъалаи басо муҳим ва доғи рӯз бетараф набошанд. Дар ҳамбастагии тамоми сохторҳои масъул, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси бемории нашъамандӣ, мо метавонем омилҳои таъсиррасонро вобаста ба болоравии сатҳи нашъамандӣ дарёфт ва арзёбӣ намуда, ҷомеаро аз хавфи нашъамандию нашъаҷаллобӣ эмин нигаҳ дорем. Зеро бетарафӣ дар дилхоҳ умур бар зарари ҷомеа меанҷомад. Ба ҳамагон маълум аст, ки мубориза бо маводи мухаддир мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ мебошад ва тамоми кишварҳо ва қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад.

Дар айни ҳол бояд донист, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир танҳо дар чаҳорчӯбаи таъмини амният ва мустаҳкам кардани сарҳад хулоса намешавад. Тавре, ки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, мо бояд нисбат ба тақдири кишвари ҳамсоя Афғонистон, махсусан коҳиш додани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бетараф набошем. Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар мавриди мубориза бо омилҳое, ки дар роҳи парвариш ва коҳиши маводи мухаддир мусоидат мекунад, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёрии бе ғаразонаи худро расонад.

Зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир

Худованд бар башар эҳсон намуда, инсонро неъмати саломатӣ додаву ӯро муваззаф карда, то худро аз ҳар чизи зараровар ҳифз намояд. Чунонки Худо мефармояд:

«…ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед…» (Сураи Бақара, ояти 195).

Ва Паёмбари Ислом (с) фармудааст:

«Ду неъмат ба гунае аст, ки бештари мардум ба онҳо фиреб хӯрдаанд, яке сиҳат ва саломатист ва дуввуми фароғат» (Саҳеҳи Бухорӣ). Аммо на ҳама аз ин ду неъмат истифодаи лозимаро мекунанд.

Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир

Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир хатарноктарини зарарҳо маҳсуб меёбанд. Зеро инҳо домонгири фард, хонавода ва ҷомеа мебошанд.

Ҳар гоҳ дар ҷомеа ин амал зиёд шавад, беморон зиёд мешаванд. Истеъмоли маводи мухаддир аз ҷониби фарде аз афроди як хонавода сабаб мегардад, ки бақияи афрод ба сӯи ин вабои хонумонсӯз кашонда шаванд, ба хусус, дар мавриде, ки дар хонавода истеъмолкунанда падар бошад. Зеро фарзандон ба ӯ тақлид карда, барпояи ахлоқи ӯ рушд мекунанд. Чунонки Паёмбари Ислом (с) фармудааст:

«Ҳар навзод бар дини фитрӣ ба дунё меояд, боз падар ва модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ мекунанд» (Саҳеҳи Бухорӣ ).

Зарарҳои маводи мухаддир аз нигоҳи ислом

Маводи мухаддир аз нигоҳи динӣ зарарҳо дорад: вақтро зоеъ ва ақлро тира месозад. Ҳар гоҳ инсон вақт ва ақлашро аз даст бидиҳад, аз анҷом додани фаъолияти рӯзонаи худ, ки ибодат аст, боз мемонад.

Мусаллам аст, ки баъзе аз анвои маводи мухаддир истеъмолкунандаро соатҳои тӯлонӣ ё чанд рӯз чунон таҳти таъсир қарор медиҳад, ки тавваҷҷуҳе ба ҳеҷ чиз надорад. Воқеан, Худованди мутаъол дуруст фармудааст:

«Ҷуз ин нест, ки Шайтон мехоҳад ба сабаби хамру қимор дар миёни шумо душманӣ ва нохушӣ биандозад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Пас оё (алҳол) шумо бозистодед?» (Сураи Моида, ояти 91).

Дар ин ҳеҷ гуна шак ва тардиде вуҷуд надорад, ки мубориза байни инсон ва нахустин душмани ӯ Иблис, то қиёми қиёмат барқарор аст. Зеро Шайтони лаъин қасам хӯрдааст, ки тамоми неруяшро барои гумроҳ сохтани инсон ва дур нигоҳ доштан аз ибодати Парвардигор ва боз доштан аз саодати дунё ва охират ба кор гирад.

Чӣ тавре, ки Худованд дар ин маврид дар китоби хеш аз Шайтон хабар додааст:

Гуфт Шайтон: «Ба сабаби он, ки маро гумроҳ кардӣ, ба роҳи рости Ту барои одамиён бинишинам» (Сураи Аъроф, ояти 16).

Пешгирии нашъамандӣ: чораҳо оид ба татбиқи стратегия

Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар баробари мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир маҳсуб мешавад.

Дар ин самт ҳуҷҷати калидӣ оид ба банақшагирии чорабиниҳои зарурӣ дар доираи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба шумор меравад, ки ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ба роҳ мондааст.

Аз ин рӯ,  моро зарур аст, ки нисбати ин амал бетараф набошем, фарзандонро дар рӯҳияи солим тарбия намоем ва ҳар як фарди ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ободонии Ватани азиз саҳмгузор бошад.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита