ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН?!

  • Posted on: 28 June 2018
  • By: admin

Баъд аз тамошои филми мустанади “Решаҳои ноаён” дар миёни мардуми Тоҷикистон сару садоҳое баланд мешуд. Дигар дар куҷое ки чанд нафар бо ҳам гап мезаданд, мавзӯъи сӯҳбати ҳамагон танҳо ҳамин буд. Аз сӯҳбати эшон мешунидем ки мегӯфтанд: “Дар ҳақиқат ҳамаи ин овозаҳо ҳақиқат доштааст”, “Хонаат сӯзад Эшони Қиёмиддин”, “Садқаи номи эшон шавӣ”, “Динфурӯшон”, “Мазҳабфурӯшон”, Наход миллати худро бо чанд пули ҳаром фурӯшед?!”, “Намаки халқи тоҷик кӯратон  кунад”...

Баъд аз шунидани чунин суханон масали халқие ба ёдам меомад, ки “шунидан кай бувад монанди дидан”.

Дар ҳақиқат бо кӯшишу талошҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон ниқоб аз рӯи ин мунофиқсиратон бардошта шуду мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро шинохтанд. Имрӯз мардум донистанд, ки ин "дӯстон"-и мо чӣ гуна хидмати хирсонае барои миллату Ватан анҷом додаанд.

Яқин аст, ки баъд аз ин қадар нафрини халқ чунин хоинони миллат ва пайравони фурӯхташудаи онҳо дар дунёву охират рӯи некбатиро нахоҳанд дид. Зеро бузургон фармудаанд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 Икром Бегалиев,

сармутахассиси Кумита