ДАВЛАТДОРӢ КОРИ ОСОН НЕСТ

  • Posted on: 27 July 2018
  • By: admin

Мо бояд фаромӯш накунем, ки бист сол пеш дар Тоҷикистон чӣ хатарҳое буд, қумондонҳои саҳроӣ мехостанд, ки монанди қумондонҳои Афғонистон  ноҳияҳоро тақсим карда ҳукмронӣ кунанд.

Тасдиқи ин суханро аз як суханронии коршинос Маҳдӣ Собир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, боз равшантар дарк намудам. Маҳдӣ Собир фаъолияти бераҳмона, қатлу ғорат ва чӣ гуна ба  қатл расонидани мардуми бегуноҳ, ҳатто бо кадом ҳадафҳои разилона ба хун оғушта кардани нозирони Созмони Милали Муттаҳидро бо далелу ҳуҷҷат ҳикоя кардааст.

Дар ҳақиқат, ҳамон замонҳои бесарусомонӣ номҳои Ризвон Садиров, Раҳмон Гитлер ва дигар қумондонҳоро шунида фикр  мекардем ва ба худ савол медодем, ки кай аз дасти онҳо мардум халос мешаваду Тоҷикистон ором мешавад?

Шукри Худо бо  гузашти айём ва сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамаи он бесарусомониҳо аз байн рафт, мардум аз қумондонҳои саҳроӣ халос шуд, байни деҳаҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ягон мона боқӣ намонд, Тоҷикистон обод шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯи давлати мо  рӯз то рӯз боло меравад. Бо вуҷуди ин пешравиҳо бояд ҳар фарди Тоҷикистон  донад, ки  ин хизмати халқ ва дар мадди аввал хизматҳои Ҷаноби Олӣ  мебошад.

Ба халқу мамлакат ҳамчун Пешвои миллат ва роҳбари давлат роҳнамоии одилона карда, давлати тоҷиконро асос гузошта, бо пояҳои мустаҳкам давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  сохтанд, миллатро сарҷамъ карданд, иқтисодиётро ба қадри имконоти ҷумҳурӣ баланд бардоштанд. 

Албатта давлатдорӣ кори осон нест, бо ҳама мушкилиҳо Ҷаноби Олӣ тавонистанд ҷанги таҳмилиро  хомӯш кунанд, ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон амалӣ кунанд, обӯруи миллату  давлатро дар арсаи умумиҷаҳонӣ баланд бардоранд ва бо пешниҳодҳои ҷолиби худ дар арсаи умумибашарӣ мавқеи баландро мушарраф  шаванд, ки ин ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

сархатиби масҷиди ҷомеи Марказии ш. Хуҷанд